Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи табари сангини одамони ибтидоӣ дар Ванҷ


Яке аз муҳассилини мактаби деҳаи Панҷшанбеободи ноҳияи Ванҷ бо табари оҳанин ба кӯҳдомани деҳа ҳезумчинӣ рафта, аз он ҷо бо табари сангин баргаштааст. Ин наврас рӯзи дигар табари сангинро бо худ ба мактаб овардааст. Зуҳуриддин Наҷмиддинов сарвари таълимгоҳ гуфт, ки сокинони деҳа ва шогирдони мактаб тайи ду соли гузашта ба осорхонаи мактаб беш аз панҷсад нигора тақдим намуданд, аммо табари сангин яке аз нодиртарин нигораҳои осорхона ба ҳисоб меравад.
Зуҳуриддин Наҷмиддинов қиссаи пайдо кардани ин табарро чунин нақл кард: "Хонандаи синфи ҳаштум Юсуф Ҷорубов ба ҳезумчинӣ меравад ва табарро аз бадани як дарахте меёбад. Ба андешаи ман ин табар аз асри санг боқӣ мондааст."
Пайдо шудани табари сангин дар арчазори кӯҳдомани деҳаи Панҷшанбеободи ноҳияи Ванҷ бостоншиносони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро ба кофтукови археологӣ дар ин мавзеъ водор намудааст. Ба гуфтаи декани факултаи таърихи донишгоҳ тобистони имсол онҳо барои ҳафриёт ба ин мавзеъ хоҳанд рафт.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG