Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадбахттарин одамони рӯи замин


Рашт

Тӯра Низомов - сартабиби бемористони ҷумҳуриявии рӯҳии шаҳраки Навобод бадбахтарин одамони рӯи заминро маризони рӯҳӣ номид, зеро ба гуфтаи ӯ Худованд ҳар он чиро, ки барои дунёи маънавии инсон офаридааст, ин беморон аз дарки он маҳрум ҳастанд. Тавре Тӯра Низомов гуфт, бемористони мазкур 32 бемор дорад ва онҳо асосан афродеанд, ки тайи 20-25 соли ахир аз тамоми манотиқи кишвар инҷо бистарӣ шудаанд ва кайҳост, ки аз наздикони онҳо касе ба аёдат наомадааст.

Аз Тӯра Низомов, ки 25 сол боз сартабиби ин бемористон аст, пурсидам, ки ин беморон феълан чӣ зиндагие доранд. Вай гуфт, маблағгузорӣ барои таъмини беморон бо ғизо ва либос зиёд карда шудааст, аммо аксарияти доруҳои лозимӣ барои онҳо намерасанд. Ва ин дар ҳолест, ки авзои беморон ҳар лаҳза метавонад дигар шавад ва ё бемориҳои онҳо хуруҷ кунад ва барои фӯру нишондани дард ва бемории дигари онҳо фавран дору лозим мешавад.

Тӯра Низомов хостори он шуд, ки ҳангоми иду маросимҳо афроди саховатманд дар баробари кӯмак ба ятимону дармондагон ба беморони рӯҳӣ кӯмак кунанд ва ё аз ҳоли онҳо хабар бигиранд. Сартабиб мӯътақид аст, ки Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи беморони рӯҳӣ ба ислоҳ ниёз дорад, зеро ба масъулиятҳои соҳиби бемор ишорае нашудааст:

"Дар қонун тамоми тарафҳои зиндагии беморони рӯҳӣ дар бар гирифта шудааст, лекин як чиз намерасад. Дар қонун бояд қайд шавад, ки соҳиби бемор дар як моҳ на камтар аз як бор аз ҳоли ӯ хабар бигиранд."

Шӯъбаи занонаи бемористони рӯҳии Навобод чанд сол пеш баста шуд ва беморони онро ба бемористони рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ фиристодаанд. Бемористони рӯҳии дигари водии Рашт, дар ноҳияи Тавилдара умуман фаъолият намекунад. Дармонгоҳи рӯҳии Навобод то соли 1996 яке аз бузургтарин табобатгоҳҳои рӯҳии Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва дар он то 400 нафар беморро беш аз 180 нафар табобат мекарданд.
XS
SM
MD
LG