Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи сафари Дмитрий Рупел ба Осиёи Марказӣ


Имрӯз сафари раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷаи Словения Дмитрий Рупел ба се кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистон шурӯъ мешавад. Нахуст дипломати баландпояи аврупоӣ ба Бишкек пойтахти Қирғизистон меравад.
Тибқи иттилоъи маркази матбуоти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, масоили озодии матбуот, мубориза бо шустушӯи пул, ислоҳоти қонунгузорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар дидори Дмитрий Рупел бо раҳбарони кишварҳои минтақа баррасӣ мешаванд.
Дмитрий Рупел пас аз Бишкек ба Душанбе меравад ва бо мақомоти Тоҷикистон рушди ниҳодҳои демократӣ, мушкилоти матбуоти мустақил ва таъмини ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи зан дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Сафари Дмитрий Рупел ба Осиёи Марказӣ баъди боздиди ӯ аз Туркманистон анҷом меёбад. Раиси давраии САҲА моҳи феврал аз ду кишвари дигари минтақа - Узбакистону Қазоқистон дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG