Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи ҳарбии шаҳраки Айнӣ ба Русия дода мешавад


Намояндаи баландпояи Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, фурудгоҳи ҳарбии шаҳраки Айнӣ, дар канораи шаҳри Душанбе, ба ихтиёри гурӯҳи ҳавоии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дода хоҳад шуд. Сардори раёсати умури байнулмилалӣ дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон, генерал майор Маъруф Ҳасанов дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, фурудгоҳи мазкур бо кӯмаки мутахассисони Ҳиндустон тармим ва бозсозӣ шуда, акнун ба бахше аз пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Ҳасанов ҳамкориҳои ҳарбии Тоҷикистон ва Русияро аъло номида, афзуд, Русия дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон саҳми бузург дошта, ҳоло бо Тоҷикистон робитаҳои ҳасана ва қавии стратегӣ дорад. Ба гуфтаи генерал 400 ҷавони тоҷик дар муассисаҳои ҳарбии Русия таълим мегиранд ва даҳҳо афсари артиши миллии Тоҷикистон дар нирӯҳои мусаллаҳи Русия таҷриба меандӯзанд.
Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон дар заминаи Фирқаи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон ва тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ таъсис ёфта, ба ғайр аз шаҳраки ҳарбӣ дар канораи шаҳри Душанбе, ҳамчунин маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак ва фурудгоҳи шаҳраки Айниро дар бар мегирад. Тоҷикистон иншооти мазкур ва қитъаи замини онҳоро дар ивази лағви як қисми қарзи худ аз Русия ба Маскав тақдим намуда, ризоияти сармоягузории Русияро ба иқтисодиёти худ дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG