Раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз маҳбаси Маскавро додситони кулли Тоҷикистон иштибоҳи мақомоти тафтишотии Русия арзёбӣ кард.
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарии бахшида ба озодшавии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфт, бештари иттиҳомоти эъломшуда алайҳи раиси собиқи идораи Тоҷикгазро саддарсад ошкор кардааст, вале бо гузашти даҳ рӯз аз замони раҳоии ба гуфтаи ӯ ғайримунтазира ва ғайричашмдошти Искандаров ҳеҷ санади расмӣ дар ин бора аз ҷониби Русия нагирифтааст. Додситони кулл таъкид кард, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Искандаровро ба сифати ҷинояткор мавриди пайгарди қонун қарор дода ва умед доранд ҳамтоёни онҳо дар Маскав дубора ӯро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.
Оқои Бобохонов афзуд: "Вай ба ҳайси як ҷинояткори махсусан хавфнок ҷустуҷӯ мешавад. Ҳеҷ кас ҳаққ надорад амалиёти тавқифи ӯро қатъ кунад. Ҳеҷ кадом ҳизб ва фарди алоҳида ва ҳеҷ амали пулҷамъкунӣ барои харидории ӯ фоида надорад. Агар хешовандон ва ё шарикони ӯ ба ин талош доранд, судашон намекунад. Дер ё зуд боздошт хоҳад шуд".
Бобоҷон Бобохонов гуфт, тайи ин муддат, ки Искандаров дар боздошт будааст, ӯ бо ирсоли 6 санади расмӣ ва таъкиди ҳама далоил ҷароими Искандаровро ба ҷониби Русия бозгӯ карда ва дар ҷараёни таҳқиқ ҳамчунин ҷиноёти тозаи ӯро ошкор кардааст. Аз ҷумлаи ҷиноёти тоза, ки ба иттиҳомоти Искандаров афзуда шудааст, муттаҳам кардани ӯву Ғафффор Мирзоев - фармондеҳи собиқи Горди раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон, ки низ маҳбус аст ва ҳамчунин як ширкати русии мавсум ба "Ансол" вобастаи Аваз Назаров, як табааи тоҷик ва аз харидорони аслии арзизи ТадАЗ ба қасди як табаддулоти давлатист. Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, ширкати "Ансол" дар Маскав барои озодшавии Искандаров мусоидат кардааст.
Додситони кулли Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин, руасои ҳарду кишвари Тоҷикистон ва Русия мавзӯъи баҳс қарор гирифтани сарнавишти Искандаров ва баъди ин дидор дубора мавриди пайгард қарор гирифтани раиси Ҳизби Демократро такзиб кард. Вале ҳамзамон гуфт, бидуни қаробати таборӣ ва ё ришва ҳеҷ кас ба ин усул озод намешавад ва ҳар нафаре аз афрод ва ё давлати алоҳида, ки аз Искандаров пуштибонӣ мекунад, бояд хисороти воридаи ӯ ба хазинаи давлатро ҷуброн кунад.
Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, дар ҳоли ҳозир ҳама маводи зарурӣ барои эъломи ҷустуҷӯи байналмилалии Искандаров омода шудааст ва аз Интерпол - Пулиси байналмилалӣ дархост хоҳад кард, Искандаров минҳайси як террорист боздошт ва ба Тоҷикистон таҳвил шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе