Зани ҷавону зебо, як куртаи дарози ба мисли куртаҳои имрӯзаи тоҷикӣ ба бар дорад, рангаш кабуд, курта бо тасвири гулҳову паррандаҳо наққошӣ шудааст, миёнбанде каме болотар аз ноф ба истилоҳ мӯрчамиёнии занро нишон медиҳад, гарданбанде ба китфи чапи зан партофта шудааст, дар сараш диадема, яъне як сарбанди рангине дорад.
Ин талоше барои тасвири сару либоси ҷавонзани суғдӣ буд, намедонам, то чӣ андоза ба ин ноил шудам. Хуллас, ҳамин чанд рӯзе пеш, ҳоло ҳатто маросими расмии муаррифияш баргузор нашудааст, ҳамин чанд рӯзе пеш дар Душанбе як китобе нашр шуд, бо номи «Таърихи либосҳои тоҷикӣ». Аввалин бор аст, дар Тоҷикистон чунин як асар нашр мешавад, он дастранҷи тадқиқоти си (!) солаи устоди донишгоҳи славянӣ Гузел Майтдинова аст.
Дар он либосҳои тоҷикӣ шурӯӯӯъ аз ҳоооооо замони суғдиёну бохтариён тасвир шудааст. Муаллима Майтдинова мегӯяд, се даҳа пеш ба тарҳрезиву тасвири он ҳама либосҳои мардуми қадима аз рӯи бозёфтҳои наққошиҳои деворӣ ва сару либоси майитони ёфтшуда оғоз кардааст. Аз Гузел Майтдинова мепурсам, ки то чӣ андоза зуд – зуд мӯди аҷдоди мо иваз мешудааст? Мегӯяд: «Ин аст, ки худи сохтори либос то ба имрӯз қариб ки куллан тағйир наёфтааст. То ҳол маслан дар Бадахшону дар Кӯлоб занҳо ҳамон либосеро мепӯшанд, ки дар ҳазорсолаи дуввуми пеш аз милод мепӯшиданд. Ба ҳар ҳол, хеле монанд ба он. Дарозии либос иваз мешуд, тарзи истифодаи матоъ, зиннату ороиши либос, вале сохтори либос ҳамоно як хел боқӣ мондааст.»
Либосҳоро аввал аз пашм мересиданд, дар дӯхти либосҳо баъдтар аз абрешиму пахта низ, аз оғози солшумории милодӣ бад ин тараф истифода мекарданд, дар либосҳо тасвири паррандаҳову ҷонварон фаровон наққошӣ мешуд. Муҳаққиқи либосҳои тоҷикӣ Гузел Майтдинова аз таърихи истифодабарии чакан ҳикоя мекунад, ки дар Фархор дар гӯре боқимондаҳои либоси занонаеро ёфтаанд, ки пас аз таҳқиқ дар он….«Пас аз таҳқиқ мо дидем, ки дар он либос нақши дарахт бо баргҳояш ва ду парранда дар шохаҳояш тасвир шудааст. Ин нахустин чакани маълум дар таърих мебошад. Либос ба асри дуввуми мелодӣ таалуқ дошт.»
Рангҳои сурху кабуд ва нилгун дар мӯд буд. Либосҳои табақаҳои аҳолӣ низ табиист, ки фарқ мекард. Сарватмандон либосҳои дарозтару васеътар мепӯшиданд. Шоҳзодаҳо тоҷ мемонданд, занҳо сарбанде, ки намедонам, аниқтараш онро пешонибанд гӯем, шояд дурусттар бошад. Воқеъан, рӯйи занони маскун дар Осиёи Марказӣ то асрҳои 14 – 15 кушода буд. Гузел Майтдинова мегӯяд, танҳо шурӯъ аз асри 14 аввалин рӯйпӯшҳо пайдо шудаанд. Дар замонҳои қадим бошад, занон бо тақлид ба мӯди юнонӣ куртаҳои беостин мепӯшидаанд. Гесӯҳоро мебофтанд, ду кокул ба пеши рӯ мепартофтаанд, ду кокул ба пушт. Воқеъан, то ҳол дар баъзе деҳоти дурдасти Тоҷикистон духтарон чоркокул мебофанд.
Мардум аз ороишоту ҷавоҳирот, аз зевару пероя бисёр истифода мекардаанд, пирсинг низ дар мӯд будааст, гӯшпораҳову дастпонаҳо, мӯҳра, ангуштариро ҳатто мардон истифода мекарданд, муаллима Майтдинова шӯхӣ мекунад, ки то ислом мардҳо худро мисли занон ороиш медодаанд, манзураш дастпонаву гӯшпораву мӯҳраву дигару дигар перояҳо….