Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи баҳорӣ, сел, ярч...Чаро офатҳо зиёд шудаанд?


Вазири ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон генерал Мирзо Зиёев дар бораи вазъи куллӣ чунин гуфт: "Ҳақиқатан бориш хеле ҳам зиёд аст, вале боиси ташвиши калон нест. Чунки ҳамагӣ аз минтақаи Гулписта мо даҳ хоҷагиро ба минтақаи бехавф кӯчондему халос. Эҳтиёҷи кӯчонидани мардуми дигар ба манотиқи бехавф мушоҳида намешавад. Ҳама чиз дар дасти худованд аст. Мо пешгӯӣ карда наметавонем, лекин имсол фикр мекунам, ки баҳор сарду вазнинтар омада истодааст".
Аз мутахассисон пурсидем, оё бориши барф дар моҳи апрел барои Тоҷикистон ҳодисаи фавқулодда аст ва ё ин, ки ба тағйири иқлим бояд одат кард? Дар посух ба ин муовини аввали раиси Саридораи метеорология ва ё обуҳавосанҷии Тоҷикистон Муҳаммад Сафаров гуфт: " Боришоте, ки панҷуму шашум ҳамчун борон оғоз ёфта, сипас ба барф мубаддал шуданд, ҳанӯз ҳам идома доранд. Имрӯз бориш дар ноҳияи Варзоб, Файзобод, ноҳяиҳои кӯҳии вилояти Хатлон сахт шуд ва дар натиҷа сел ҳам фаромад. Мувофиқи маълумоти пешакии мо бориш боз ду ё се рӯзи дигар давом мекунад. Ҳарорат дар ин ноҳияҳо тадриҷан баланд мешавад. Бар илова мо дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва ағбаҳо фуромандани тармаро пешбинӣ мекунем." Сафаров мегӯяд, мувофиқи иттилооти иқлимшиносии бисёрсола, моҳи апрел яке аз моҳҳои сербориши Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин моҳ боридани боронҳои шиддатнок авҷ мегирад. Сабаби чунин бориши зиёд циклонҳои ҷанубӣ ва ғарбӣ- аврупоӣ мебошанд ва аз ин рӯ, бориши зиёд дар моҳи апрел ҳодисаи ғайримунтазира нест. Моҳи апрел бориши жола ва вазиши бодҳои шадидро низ пешгӯӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳар 10-11 сол ҳамин гуна тағйир ба амал омада, хатари сар задани офатҳои табиӣ зиёд мешавад.

Оё ин офатҳо ба Тоҷикистон чи зиёне мерасонанд? Муносибати мардум ба офатҳои табиӣ чигуна аст, дар вижагуфтори мо хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG