Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари баландпояи вазорати дифоъ ба ришваситонӣ айбдор шуд


Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе як афсари баландпояро, ки узви ҳайъати пизишкии вазорати дифои Тоҷикистон будааст, дар ришваситонӣ айбдор дониста, аз унвони ҳарбӣ ва моликият маҳрум ва ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Масъули муҳокимаи ин парванда, муовини раиси додгоҳи низомӣ, Савриддин Тошев гуфт, ин афсар бо истифода аз мақоми хидматӣ дар ивази тасдиқи тиббии санади як афсари вазорати дифоъ аз ӯ 300 доллар ситондааст ва ҳангоми гирифтани ришва ба даст афтодааст. Ҷаноби Тошев гуфт, ин афсар, ки сарҳанги вазорати дифоъ аст бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин аз ҳаққи ишғоли дубораи вазифаҳои масъул баъди адои ҷазо низ маҳрум шудааст.
Аммо худи айбдоршаванда ва вакили мудофеи ӯ ҳукми додгоҳро ноодилона шуморида, ба ҳайати низомии додгоҳи бознигарӣ шикоят бурдаанд.
Ба гуфтаи намояндагони додгоҳи ҳарбӣ ин аввалин бори аст,ки як ходими баландрутбаи вазорати дифоъ бо иттиҳоми ришватситонӣ муҳокима ва айбдор шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG