Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таппишҳои ногаҳонӣ ва хатарноки қалби Замин


Профессор Ҷаҳонгир Низомов - мудири Пажӯҳишгоҳи сохтмони зилзилатобовар ва сейсмологияи Тоҷикистон зилзилаҳои ахир дар ҷанубу шарқи Осиёро ҳодисае фавқуттабиӣ намедонад. Ӯ мегӯяд, боиси таассуф аст, ки чунин як ҳодисаи даҳшатнок ҷони садҳо ҳазор нафарро бурд, вале ин минтақа яке аз манотиқи аз лиҳози зилзила фаъоли кураи Замин мебошад. Аз ӯ мепурсам, ки оё аз нигоҳи илм ин зилзилаҳоро мешуд дақиқан пешгӯӣ намуд?

Посух медиҳад: «Имрӯз илми сейсмология аниқ гуфта наметавонад, ки дар куҷо, кай ва бо кадом қувва заминҷунбӣ ба амал меояд. Албатта, тадқиқоти зиёд дар ин соҳа гузаронида шуда истодаанд, лекин як методикае, ки ҳамин чизро муайян кунад, имрӯз нест.»

Профессор Низомов мегӯяд, олимон аз эҳтимолияти вуқӯъи зилзила дар маконе аз рӯи омилҳои марбут ба он макон ва кайҳон танҳо тахмин зада метавонанд, вале дақиқияти ин тахминҳоро замонат додан имрӯз ғайриимкон мебошад.

Зилзилаи моҳи декабри соли гузашта дар пайи худ сунамии даҳшатборе овард, вале зилзилаи ахир дар ҳамон макон, ки ба қудрати ҳашту аз даҳ ҳафт дараҷаи Рихтер рух дод ва қариб баробар ба зилзилаи декабрӣ буд, хушбахтона сунамӣ нахезонд. Аз олими зилзилашиноси тоҷик пурсидам, ки зилзилаҳои ҳамсанг дар як макон вале чаро чунин мутафовит аз лиҳози фалокатборӣ?

«Ин вобаста ба ҳаракат аст. Дар зилзилаи аввал ҳаракати вертикалӣ буд ва сатҳи об аз сатҳи уқёнус 30 метр баланд баромад. Он ҳаракати вертикалӣ кард. Аммо дар зилзилаи ахирӣ ҳаракати вертикалияш камтар буд. Барои ҳамин сунами ин навбат қариб даҳ маротиба қувваи камтар дошт.»

Профессорро аз вазъи Тоҷикистон мепурсам. Тоҷикистонро низ дар садаи ахир чанд зилзилаи даҳшатбор ларзонда буд. Исмҳои Ҳойит, Шарораро мардум то ҳол ёд доранд. Ҷаҳонгир Низомов - мудири пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар аз лиҳози сейсмологӣ минтақае маҳсуб мегардад, ки дар он рух додани зилзилаҳои то ҳафтдараҷаи Рихтер аз эҳтимол дур нест.

Биноҳои баландошёна, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон сохта шуда буданд, ба зилзилаи то нӯҳ дараҷа тобовар ҳастанд, мегӯяд профессор Низомов ва илова мекунад, ки ҳамин ҳарфи худро дар ҳаққи хонаҳои ду- се ва чорошёнаи худсохт гуфта наметавонад: «Инсонҳо мемиранд на аз худи заминҷунбӣ, балки аз он ки биноҳо ба сари онҳо меафтад.»

Ва мисол меорад, аз сарфи назари зилзила кардан ҳангоми сохтмони ин хонаҳо: «Масалан, ҳамон долоне, ки гӯё муаллақ истодааст дар ошёнаи дуввуму саввум. Муттакои муайяне надорад. Ин албатта зебо аст, вале..»

Ӯ мегӯяд, ҳамчунин он ба истилоҳ «обделка» ё он ки дар бархе биноҳои серошёна баъзе деворҳоро кандаанд ва ё сохти хонаро дигар кардаанд, низ дар сурати зилзила хатари ҷиддӣ дорад. Сохтмони биноҳои ба зилзила тобовар -яке аз вазифаҳои пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон мебошад, вале имрӯз ин пажӯҳишгоҳ мушкилоти фанниву молӣ ва кадрӣ дорад. Таҷҳизот кӯҳнаву фарсуда ва миёни кормандонаш ҳамагӣ як- ду аспиранти ҷавон.
XS
SM
MD
LG