Се ҷавони тоҷикистонӣ, ки яке Фаридун Дадобоев - сокини ноҳияи Ашт ва дуи дигар аз ноҳияи Истаравшан мебошанд, пайвандони худро таввасути телефон аз шаҳри Тошканд огоҳ кардаанд, ки онҳоро ҳангоми бозгашт аз Русия дар қатораи Екатеринбург - Тошканд як дастаи одамрабои қазоқ барои ғорат ба асирӣ гирифта, баъдан дар ихтиёри ҳампешагони узбакистониаш гузоштаанд.
Яке аз пайвандони Фаридун, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дастаи ғоратгар, ё рекет дар наздикии марзи Қазоқистону Узбакистон се ҷавони тоҷикистониро аз қатор фароварда, дар манзили як нафарашон маҳбус мекунад. Баъд онҳоро ба гузаргоҳи байни ин ду кишвар бурда, ба як дастаи қочоқчии инсон мефурӯшанд, ки хешонашон пул дошта бошанд, биёянду бихаранд. Маҷбур шудем, маблағи талабкардаи қочоқчиёнро ба намояндаи онҳо дода, пайвандонамонро озод кунем.»
Мусоҳибам афзуд, онҳо ба ин иқдом вақте даст задаанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд дар мавриди кӯмак ба пайвандонашон ҷавоби рад гирифтанд. Мақомоти Суғд гуфтаанд, танҳо дар дохили қаламрави Тоҷикистон метавонанд, ба шаҳрвандони тоҷик кӯмак кунанд. Дар берун аз хоки кишвар дасти ёрии онҳо ба шаҳрвандони гирифтору дармондаи тоҷик кӯтаҳ аст.
Тайи соли равон ин бори аввал аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар берун аз ватани худ асири дастаҳои одамрабо мешаванд. Ба иттилоъи Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, соли гузашта ҳодисаи боздошти муҳоҷирони кории тоҷик ду маротиба ва боз ҳам дар Қазоқистон рух дода буд. Нодира Абдуллоева - корманди марказ сабаби чунин ҳодисаҳои ғамангезро дар набудани созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ дар мавриди таъмини ҳуқуқи равуои озод, зист ва кори муваққатии шаҳрвандон дар қаламравҳои ин кишварҳо мебинад.
Хонум Абдуллова ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд байни кишварҳои муштаракулманофеъ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта чунин як созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирин ба имзо расидааст, аммо механизми иҷрои он то кунун норӯшан аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи вай, ин санад барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини сабтиномнашуда кафолат намедиҳад.
Хулқар Юсупов - коршиноси дигар мегӯяд, аз сӯи давлатҳои Осиёи Марказӣ пас аз касби мустақилият дар мавриди таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони ҳамдигар дар қаламравҳои худ иқдоми ҷиддие сурат нагиририфтааст. Оқои Юсупов меафзояд: «Дар Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳодисаҳои гаравгонгирии шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби дастаҳои ғоратгар рух медиҳанд ва чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ҳам ҷой доранд. Дар Русия низ аҳвол чунин аст. Одамрабоӣ ва қочоқи инсон ин як мушкили умумӣ аст. Аммо исботи ин ҷиноятҳо ва дарёфти гунаҳкорон кори басо душвор аст. Давлатҳои ин кишварҳо барои ислоҳи ин мушкилот ҷиддан иқдом намекунанд. Шояд дар ҳукуматҳои онҳо нафарони алоҳидае сари қудратанд, ки бо роҳи гаравгонгирӣ ва харидуфурӯши одамон маблағҳои бузург ба даст меоранд.»
Вале ба назари бархе дигар аз коршиносони Суғд дар умури муҳоҷират, пастии сатҳи маърифати ҳуқуқӣ яке аз сабабҳои аслии мушкилоти иқомати муҳоҷирини кории Тоҷикистон дар берун аз қаламрави кишвар маҳсуб меёбад. Онҳо мегӯянд, қисмати умдаи муҳоҷирини корӣ бе огоҳӣ аз қонун, қоидаҳои иқомат ва убур, ба кишварҳои ҳамсоя ворид мешаванд ва аз ин рӯ сари ҳар қадам дучори монеъаву мушкилот мегарданд.

Ин артиши камбағалон аст. Дар артиши Британия шоҳзода Гаррӣ дар артиш хидмат карда буд. Кадом писар ё духтари президент ё поёнтараш дар артиш ҳамчун сарбоз хидмат кардааст. Баччаҳои онҳо хидмат нокарда рутбаи генералӣ мегиранд, ё тавба.... Генерал бояд хидмати ҳарбиро аз рутбаи сарбози оддӣ сар кна!!!!
БАЪЗЕХО БА ФИКРАМ АЗ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ДАР ГАЗАБАНД. БАЛЕ ДАР ХОЛЕ, КИ ДАР КИШВАРХОИ АВРУПОЙИ АЗ МАВЧИ ЧОРУМ ГАП МЕЗАНАД, АЛБАТТА, КИ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ИН ГАЛАБА ВА РАХМИ БУЗУРГИ АЛЛОХ БАРОИ ИН МИЛЛАТ АСТ, ШОКИР БУДАН ЛОЗИМ. ДИГАР ИН, КИ БАЪДИ СЕВЕРНИЙ КОРЕЯЮ ТУРКМАНИСТОН НЕЮ, ВОКЕИЯТ АСТ, КИ НЕСТ ШУД. НАБОШАД КАНИ ПАНИКАШ, КАНИ НАВБАТХО ДАР АПТЕКАХО ВА ГАЙРА??? НАХОД, КИ ИН КАДАР ИФЛОС БОШЕМ, КИ ХАМИН ЧИЗА НОДИДА ГИРЕМ, ОХИР ПИНХОН, КИ КАРДА НАМЕШАВАД!!!!
Як чизро бояд донист ки ин ярокхо дигар барои тарсонидани мардум аст армияи Дуне чунон пеш рафтааст ки Хатто сарбоз лозим несть. Вакт ки омад мефахмен. Лекин сабаб дар як чост системаи тоталитаризм бояд аз Байн равад. Вакте рафт хама хуб мешавад
Ин созмон Global Fire Power назар дод дар бораи доштаҳои ҷангии кишварҳо, ва инҳоро ҷойҳои якум дувум дод. Агар мо бо меъёри санҷиши ин назар диҳем ончи ин кишварҳо доран аз (пул, силоҳ, ва масрафи пули ва силоҳи) дар ҷои якум меистад. Амрико,Хитой, Арабистони Саъуди, Русия ҳаст. Аммо дар майдони ҷанги воқеъи шумо бубинед инҳо чи ҷойгоҳе доран. Амрико зидди як гуруҳаки ба номи (Толибон, Алқоида) чандсол шуд меҷангад бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта, натиҷа баъди тақрибан бист сол мехоҳад сулҳ кунад. Арабистони Саъудӣ ба муддати панҷ сол бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта ва пулу ва кумаки лоҷестики дигар кишварҳои ғарби ва Амрико натавонист (Ҳувсиҳои Яманро) пируз шавад. Ин назари оқилон ҳаст бо санадҳои воқеъи майдони ва хабарҳои рост. Тоҷик миллати ҷанговар ҳаст. Касе қабул накунад ин мушкили худаш ҳаст зеро у бо худаш миллатро месанҷад. Тоҷикони родиои озодӣ илтимос барои шуҷоати миллат инро чоп кунед.
Аҷаб бесавод буди дия, уко! О раҳмат ба чиликот намебиед ми, а?? О ҳамон клавиатурая азоб нате!