Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираҳои тиллои беқадр дар Осиёи Марказӣ


Истифодаи нооқилонаи захираҳои обӣ боиси чандин офати табиӣ гардидааст. Дар ин робита хушкидани баҳри Арал ҳамчун намунаи тахрибкории инсон баррасӣ мешавад. Омори байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки камбуди об ва хусусан норасоии оби нӯшокӣ барои кӯдакон ба дахолати фаврӣ эҳтиёҷ дорад.

Дейвид Реднап - сухангӯи созмони хайрияи "Кӯмаки Обӣ", воқеъ дар шаҳри Лондон мегӯяд: "Ҳар рӯз вазъи фавқулоддаи хомӯш ба назар мерасад. Дар ҳар 15 сония як кӯдак аз норасоии об ҳалок мешавад. Шаш ҳазор кӯдак дар рӯзе. Мисли он, ки бист ҳавопаймои мусофиркаши саршор аз кӯдак сарнагун шаванд."
Дар деҳоти Тоҷикистон ва дигар мамолики Осиёи Марказӣ имрӯз обкашӣ амали ҳамарӯза асту баъзан мардум чандин километр роҳро барои дастрасӣ ба оби пок тай менамоянд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як сокини канори шаҳри Душанбе чунин гуфт: "Азоби бисёр мекашем, ҳар рӯз барои як мошин сӯзишворӣ мехарем, то рафта аз қишлоқи Қиблаӣ барои мо оби тоза биёрад."

Умуман, ҳар дафъа баъди боронҳо оби нӯшокии шаҳри Душанбе ба қаҳва монанд мешаваду сокинони пойтахт дар бораи он мегӯянд: "Дар об семент ҳам таҳшин мешавад."
"Аз истифодаи ин об метарсем."

Ин вазъ аз назари созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои олам дур намондааст. Стефанӣ Бленкар - сухангӯи Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Об, воқеъ дар шаҳри Стокҳолми Швеция мегӯяд: "Вазъи Осиёи Марказӣ баҳсбарангез аст, зеро дар ин ҷо борони кофӣ меборад. Вале боронҳо дар як муддати кӯтоҳ меборанд. Аз ин рӯ, бо ҳадафи афзоиши ба истилоҳ хирмани об низоми ҳифзу нигаҳдошти ин неъмати табиӣ бояд беҳбуд ёбад." Стефанӣ Бленкар илова мекунад, ки ба ҳар ҳол панҷ ҷумҳурии ОсиёИ Марказӣ дар чорчӯби барномаи наҷоти баҳри Арал ҳамкории самаранок ташкил кардаанд. Тобистони гузашта дар пойтахти Тоҷикистон Владимир Малиш - муҳандиси соҳаи тасфияи оби яке аз пажӯҳишгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Чех татбиқи барномаи хайрияи ҳукумати ин кишварро оғоз намуд.

Дар ин бора ӯ мегӯяд: "Мо барномаи хайрияи ҳукумати Ҷумҳурии Чехро дар шаҳри Душанбе татбиқ мекунем. Ҳадаф аз ин барнома истифодаи технологияҳои муосир дар тасфияи оби шаҳри Душанбе мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки шаффофии оби нӯшокии пойтахти Тоҷикистонро зиёд намоем. Обе ки аз кӯҳҳо меояд, лойу гили зиёд дорад. Мо таҷҳизоте таъмин мекунем, ки кайфияту шаффофияти оби пойтахтро беҳбуд мебахшанд."

Аммо ин барномаи наҷиб кай иҷро хоҳад шуд? Ҷаноби Малиш мегӯяд: "Кори моро шаҳри мақомоти Душанбе ба таъхир меандозад. Зеро саривақт шароити қарордодро иҷро намекунад. Мо ин лоиҳаро бояд то охири моҳи июн ба анҷом расонем, вале то кунун маъмурияти шаҳри Душанбе шартҳои марҳилаи дуюми лоиҳаро иҷро накардаанд. Онҳо каме кори моро ба ақиб партофтаанд. Ҳукумати ҷумҳурии Чех сармоягузории ин барномаи хайрияро бар дӯш гирифта, пулҳои заруриро ба ҳисоби ҳукумати шаҳри Душанбе фиристодааст ва акнун онҳо бояд аз мо таҷҳизот харидорӣ намоянд. Тибқи мувофиқат баъди татбиқи марҳилаи аввал онҳо бояд маблағҳои бахши дуюми лоиҳаро ирсол менамуданд,..... Ин ҳамон пулҳое мебошанд, ки ҳукумати Чехия ба суратҳисоби шаҳри душанбе фиристодаааст. ....вале то ҳанӯз мо пуле нагирифтаем."

Аслан рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳар сол дар таърихи 22 март ҷашн гирифта мешавад, зери сарпарастии СММ қарор дорад. Ҳамин тариқ рӯзи сешанбе СММ татбиқи чорабиниҳои байналмилалӣ бахшида ба даҳсолаи "Об барои ҳаёт"-ро шурӯъ кард. Ҷои ёдоварист, ки яке аз ташаббускорони эълони даҳсолаи об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.
XS
SM
MD
LG