Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Transparency International: "Тамоми сохторҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ғарқи фасоданд"


Созмони Transparency International - Гурӯҳи байналмилалии шаффофият дар як гузориши вижа маҳз ба ҳамин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кардааст. Мудири иҷроияи ин созмони байналмилалӣ Дейвид Нисбаум дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сохтмонҳои бузург маъмулан фоидаи бузург меоваранд, аз ин сабаб ширкатҳои сохтмонӣ барои соҳиб шудан ба чунин қарордодҳо аз ҳамаи имконот ва баъзан аз ришвадиҳӣ низ истифода мебаранд.

Паёмадҳои харобиовари сунамӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ барои ширкатҳои сохтмонӣ, ки ба чунин лоиҳаҳои гаронбаҳо таваҷҷӯҳ доранд, имкони нави пул кор карданро фароҳам сохтааст. Барои барқарор кардани минтақаҳои офатдида донорҳо маблағҳои бузург ваъда кардаанд ва ба гуфтаи Дейвид Нисбаум дар ин ҷо хатари фасодкорӣ низ эҳсос мешавад: "Ин вазъият имкони зиёди фасодкориро ба миён овардааст. Аз ин сабаб, бояд иқдомҳои ҷиддӣ гирифта шаванд, ки фасодкорӣ шурӯъ нашавад ва садди роҳи он ҳадафҳои нек нашавад."

Вале чӣ гуна метавон аз фасодкорӣ дар чунин барномаҳо ҷилавгирӣ намуд? Дейвид Нисбаум мегӯяд, як роҳи мубориза ин аст, ки тамоми ҷонибҳо ҳангоми таҳияи қарордод бояд як муоҳидаи махсусро низ имзо кунанд, ки ба ришвахорӣ ва амалҳои дигари хилофи қонун даст намезананд. Нисбаум меафзояд, солҳои ахир соҳибони қарордодҳои бузурги сохтмонӣ, масалан, дастандаркорони барномаи навсозии фурудгоҳи шаҳри Берлин вориди чунин муоҳида шудаанд. Ин барномаест, ки бо тақрибан ду миллиард евро пиёда мешавад.

Гурӯҳи байналмилалии шаффофият дар гузориши худ ваъдаҳои раҳбарияти нави Гурҷистон ва Украинаро барои коҳиш додани фасодкорӣ ситоиш кардааст. Дейвид Нисбаум илова мекунад, ки барои пок кардани ҷомеа аз фасод ҳанӯз ин ду кишварро роҳи тӯлонӣ дар пеш аст. Дар ин гузориш дар мавриди фасодкорӣ дар бахши сохтмони Тоҷикистон мисол оварда нашудааст. Аз Николас Маршал, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Transparency International пурсидам, дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки барои фасодкории густарда мавриди танқид қарор гирифтаанд, чӣ гуна метавон бо ришвахорӣ дар бахши сохтмон мубориза бурд?

Николас Маршал: «Дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Қирғизистону Қазоқистон дар воқеъ фасодкорӣ ба шакли фарогир мушоҳида мешавад. Мутаассифона дар ин кишварҳо мубориза зидди фасодкорӣ дар сохтмон тақрибан аз имкон берун аст, зеро тамоми сохтори кишвар ба фасод олуда аст. Дар ин кишварҳо элитаи шӯравии собиқ сари кор аст ва онҳо қариб тамоми иқтисодро зери назорат доранд. Дар ин кишварҳо, кумитаҳои мубориза зидди фасод таъсис ва ваъдаҳо дода мешаванд ва баъзе ислоҳоти хурд амалӣ мешаванд, вале ин барои ҳалли масъала кӯмак намекунад. Дар ин ҷо фасодкорӣ дар қалби сиёсат ҷой дорад ва то замоне, ки сиёсати кишвар зери назорати як элитаи маҳдуд боқӣ мемонад, то замоне, ки он ҷо интихоботҳои одилона ва порлумонӣ воқеъӣ ба амал намеояд, набояд дигаргуниҳои ҷиддиро интизор дошт.»

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, барои аз байн бурдани фасодкорӣ дар чунин риштаҳо маъмулан шаҳрвандони оддӣ коре карда наметавонанд. Вале мардуми оддӣ масъулияти онро доранд, аз вакилони интихобкардаашон шаффофиятро талаб намоянд.
XS
SM
MD
LG