Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бонувони вакил дар Маҷлиси Намояндагон чӣ дархост доред?


Дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки 17 март ба фаъолият шурӯъ намуд, 12 вакили мардумӣ зан аст ва ин дар ҳолест, ки дар палатаи поёнии порлумони пешин ҳамагӣ 10 бонуи тоҷик фаъолият мекард. Коршиносон афзоиши теъдоди занон дар порлумон бахусус кӯшиши вакилони занро дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи занон фоли нек мешуморанд.

Аммо бархеи дигар ба ин назаранд, ки 12 зан дар як маҷлиси 63 нафарӣ шумораи кам аст ва дар миёни эшон чеҳраи шинохта тақрибан дида намешавад. Чун дар Маҷлиси Намоянадагони пешин вакилон як бону Шуҷоат Ҳасановаро муовини раиси маҷлис интихоб карданд. Раиси Кумитаи ҳифзи иҷтимоӣ, оила ва экологияи маҷлис Маҳбуба Нуриддинова, ки то ин замон муовини раиси ҳукумати шаҳри Душанбе буд, интихоб шудааст.

Вилоят Мирзоева - раиси созмони ғайридавлатии "Гендер ва Рушд" нисбат ба фаъолияти занон дар Маҷлиси Намояндагон хушбин аст, зеро ба назари ӯ занҳои тоза интихобшуда дониш ва таҷрибаи кофии сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ доранд ва метавонанд, дар навиштани қонунҳои солим саҳм бигиранд.

Аммо Зулфия Гулмаҳмадова, намояндаи Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон бар инаст, ки дар порлумони пешин ба масоили занон кам таваҷҷӯҳ зоҳир шуд, зеро бахши аъзами порлумони пешин мардҳо буданд ва аз ин рӯ ба мушкилоти хонумҳо ҷиддӣ расидагӣ намекарданд. Ба назари ӯ, бояд қонунҳое навишта шаванд, ки ба афзоиши ҳузури занон дар мақомоти давлатӣ ва дар ҳаёти сиёсии кишвар мусоидат кунад.

Хонум Гулмаҳмадова меафзояд: "Ба назари ман шумори занҳо агар аз 12 нафар бештар мебуд, ҳам ба суди порулмон ва ҳам кишвар мебуд. Ман мехоҳам, занон дар ҳама кумитаҳои порлумон ҳузур медоштанд. Ва занон дар ҷараёни навиштани қонунҳо назар медоданд, ки ин бисёр муҳим аст, зеро дар ҳар масъала назари занон ваз мардҳо фарқ мекунад."

Дар ҳамин ҳол Саодат Мӯъминова - раиси созмони ғайриҳукуматии "Ситора" гуфт, ӯ мехоҳад, вакилони Маҷлиси Намояндагон бештар бо мардуми деҳоти Тоҷикистон наздиктар бошанд, зеро воқеан мушкилоти зиёде дар рӯ ба рӯйи занҳои деҳот қарор дорад.

Хонум Муъминова ҳамчунин афзуд, хуб мебуд, агар вакилони Маҷлиси Намояндагон дар баробари қонунҳо ҳамчунин механизми иҷрои онҳоро низ дақиқ баррасӣ мекарданд. Нигина Аминова - коршиноси масоили иқтисодӣ умед дорад, ки бонувони вакил дар роҳи пешбурди соҳоти мухталифи ҷомеъа, бахусус иқтисод саҳми назаррас дошта бошанд: "Ман ба бонувони вакил таҳаммул ва пеш аз ҳам ҷасорат мехоҳам, зеро ҷасорат имкон медиҳад, ки занон кӯчактарин масъалаи марбут ба хонумҳоро дар Маҷлиси Намоянадагон матраҳ кунанд."
XS
SM
MD
LG