Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба тозагӣ нашр шуд, гуфта мешавад, шумори гирифторони вируси кушандаи бемории АIDS дар ин чор кишвар тайи чанд соли ахир фавқуллода афзудааст. Масалан, дар ин кишварҳо соли 2000-ум танҳо 500 гирифтори HIV вируси норасоии маснӯияти бадан сабт шуда буд, аммо шумори онҳо дар соли 2004 ба 12 ҳазор нафар расидааст. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ эҳтимолан 90 ҳазор нафар бештар сокини ин минтақа олуда ба вируси HIV аст. Нашъамандӣ ва истифодаи сӯзандору барои истеъмоли маводи мухаддир бемориро дар Осиёи Марказӣ доман задааст ва аксарияти беморон низ ҷавононанд.
Дар Қазоқистон гирифторони вируси Эйч Ай Ви аз соли 2000 то 2003-ум се маротиба афзоиш ёфтаанд, дар Қирғизистон 9 маротиба, дар Тоҷикистон 17 маротиба, дар Узбакистон 16 маротиба. Танҳо дар моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон гирифторони вируси Эйч Ай Ви 25 фоиз афзоиш ёфтаанд. Ва тибқи омори тозаи Маркази мубориза бо бемории HIV/AIDS дар Тоҷикистон дар ин кишвар дар моҳи феврал 40 мавриди гирифторӣ ба вируси норасоии маснӯияти бадан ба қайд гирифта шуда, шумори беморон ба 357 нафар расидааст, агарчӣ оморҳои ғайрирасмӣ шумори онҳоро то 5 ҳазор нафар медонанд.
Ҷоана Годино муаллифи гузориши "Дурнамоҳо барои ҷилавгирӣ аз бемории AIDS дар Осиёи Марказӣ" гуфтааст, дар марҳилаи аввали эпидемияи беморӣ, даричае барои наҷот аз он боз аст, аммо дар сурати наандешидани тадобири фаврӣ гирифторони бемории СПИД дар кишварҳои минтақа то соли 2010 ниҳоят зиёд мешавад, ки дар ин ҳол таъсири бад ва дарозмуддати иҷтимоиву иқтисодӣ ба он кишварҳо хоҳад дошт.
Барномаи Бонки Ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ се ҳадаф дорад, боздоштани суръати афзоиши бемории HIV/AIDS дар Осиёи Марказӣ аз соли 2005 то 2010, таъсиси Бунёди минтақавии сармоягузории барномаҳои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ, ки битавонад пас аз анҷоми лоиҳа низ фаъолият барад ва ҳамчунин беҳтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт. Деннис Де Трей - раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ - гуфтааст, бемории AIDS марзҳоро намешиносад ва мубориза бо ин бемории бад бояд дастаҷамъона бошад.

Аз нозири барқ сар карда то мансабдорони ин соҳа миллионер шудаанд. Қарзи душманонро нагиреду бигзор мақомоти коррупсия кори ширкатҳои барқиро хуб назорат кунад. Фоидааш ҳам ба давлат мерасад ҳам зарурати баланд бурдани нархи беинҳам гарони барқ аз байн меравад!
Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) душмани Тоҷикистон ва тоҷикон аст? Ҳармоҳа то 250-300 сомонӣ пули барқ месупорем дар ҳоле, ки маошамон 1000 сомонӣ аст. Бонки Осиёии Рушд вазъи иқтисодии мардумро ба назар намегирад? Мо об намехарем, ки нархи барқро баланд кунем. Нархи барқ барои мардум бояд арзон карда шуда, аз ҳисоби барқе, ки содирот мешавад фоида бигиранд. Ҳамчунин ширкатҳои бузург, ки аз пардохти пул барқ озоданд бояд онро пардозанд! Мансабдороне, ки чунин қарор қабул мекунед дониста бошед, ки шумобарин сарватмандон ҳамагӣ 5-10%-и аҳолӣ аст. Боқи 90% аҳоли камбизоат аст. Шояд бас аст ғорати халқи бе инҳам камбағал.
Ин рохбарони ҳукумат миллатро ба ғуломии русҳо фурухтаву аз худ қаҳрамону пешвову асосгузор тарошида мардумро сарсону хору зори аҷнабиён кардаанд аммо худ дар кайфу сафо!
Барои чори кардакни системаи билинги аввал бояд мардума бо чои кору маоши на кам аз 2000 сомон таъмин кунан. Баъдан маоши камтарина 1000 сомони кунан. Вакилон бояд дигар харочотхои мардума ба назар гиран. 1. нархи орда аз 200 сомони боло набардоран. 2. нархи равгани 5 литраш аз 60 сомони боло набошад. 3. тухм 1 донаш аз 70 дирам боло набошад. 4. нархи шакар 1кг аз 6 сомони боло набошад. хулас бисёраст номгуи махсулоте, ки бояд нархаша поин фароран. Вакилони халк инашам ба назар гирифтен. Охир шарм кунен бечора мардак 1 мох кор мекуна 1000 сомони маош мегира ба ин нарху наво аз кучо пешпардох мекуна пули барка и систематон намешава то маоша хар сол 20 % - и боло набардорен
Ба охранники "Соро ойл". Машав гарра бо зури бозуи хеш, Ки бошанд зурбозухо аз ин беш.