Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро занони сиёсатмадор дар Тоҷикистон андаканд?


Ҳузури ками занон дар саҳнаи сиёсат ва ҳамчунин дар ниҳодҳои тасмимгири давлатии Тоҷикистонро Марат Мамадшоев дар он мебинад, ки "аввал: то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон падидаи "дастнигарӣ" ва "умед ба дигарон" аз байн нарафтааст ва занон дарк накардаанд, ки бояд масъули сарнавишти хеш худашон бошанд", дуввум: худи занон чандон фаъол нестанд, то мушаххас намоянд, ки дар назди онҳо чӣ ҳадафҳое истодааст ва ҳам саъй намоянд, то ба ин ҳадафҳои худ бирасанд."
Лидия Исамова бонуи хабарнигори тоҷик мегӯяд, занони тоҷик, ки "дар созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолона кор мекунанд ва тиҷорати хурду миёна низ дар дасти онҳост, мехоҳанд, дар ниҳодҳои тасмимгири давлатӣ мақом дошта бошанд, то ба ин васила ба сиёсати давлат таъсир гузоранд, аз ҳуқуқи бонувон, ки беш аз ними аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ҳимоят кунанд."

Аммо ба гуфтаи ӯ бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва тиҷорати хурд наметавон ба сиёсатгузориҳои давлатӣ таъсир расонд. Лидия Исамова чун як бонуи тоҷик эътироф мекунад, ки анъанаҳои мардумӣ имкон намедиҳанд, то занон дар талаби ҷойгоҳи баландтар дар ҷомеа бошанд ва ин низ як сабаби ҳузури ками занони тоҷик дар саҳнаҳои сиёсӣ аст.
Иллати дигари намояндагии ками занон дар саҳнаҳои сиёсӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро, хабарнигори тоҷик Набӣ Юсуфов дар ҷанги гузаштаи шаҳрвандии ин кишвар мебинад, ки ба назари ӯ занонро водор кард, мавқеи худро аз даст бидиҳанд ва ба мардон бештар побанд шаванд.
Ӯ мегӯяд, "дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ занон таслими мардон шуданд, яъне онҳо танҳо модар, ҳамсар ва хоҳар шуданд, на зан нафаре, ки ҳамсони мард ҳуқуқ дорад вале танҳо ҷинсаш дигар аст."

Раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Меҳри Модар", Гулрӯ Маҳмадиева, ки бенишон шудани писари 24-солааш дар ҷанг ӯро водор ба таъсиси созмони ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва ҷилавгирӣ аз низоъҳо кардааст, мегӯяд, "пойбандии занони тоҷик ба хурофот ва ҳамчунин монеагузории мардон дар роҳи фаъолияти занон имкон намедиҳад, то занон ба зинаҳои болотари сиёсат ва ҳукумат қадам ниҳанд ва дар ҳаёти ҷомеа таъсир гузоранд."

Вале боз ҳам Гулрӯ умедвор аст, ки шумораи занон дар мақомҳои раҳбарикунандаи давлатӣ зиёдтар хоҳад шуд ва ба порлумони нави Тоҷикистон ишора мекунад, ки дар он 11 нафар зан соҳиби курсӣ шудаанд. Феълан дар ҳукумати Тоҷикистон танҳо як нафар зан мансаби муовини нахуствазири ин кишварро соҳиб ва шумораи занон, ки муовинони вазир мебошанд, зиёд аст. Раҳбари Кумитаи кор бо занон, ки узви ҳукумат ҳисоб намешавад, зан аст, аммо феълан ягон бону дар Тоҷикистон вазир таъйин нашудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар остонаи рӯзи ҷаҳонии зан Қонуни кафолатҳои давлатӣ доир ба баробарии ҳуқуқи зан ва мардро имзо кард, ки тибқи он бояд ҳукумат кафолати баробарии ҳуқуқи зану мардро ҳангоми фаъолият дар тамоми соҳаҳо таъмин намояд. Лидия Исамова хабарнигори тоҷик мегӯяд, "агарчӣ занони тоҷик ин қарорро бо хушнудӣ қабул кардаанд, аммо боз ҳам итминон надоранд, ки ин санад чун дигар қарорҳои давлати Тоҷикистон дар робита ба боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа амалӣ мешавад."

Ба андешаи Лидия Исамова ин қарор низ чун дигар санадҳои қабулшуда ва таъйиноти ками занон дар мансабҳои тасмимгири давлатӣ "танҳо ба хотири хок пошидан ба чашми созмонҳои байналмилалӣ аст, ки мо ба занон эҳтиром мегузорем ва баробарии ҳуқуқи зану мардро таъмин мекунем."
Дар яке аз нишастҳо Ҳаким Мирзоев як намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон нисбат ба мақоми зан дар ҷомеа ва роҳ ёфтани ӯ ба сиёсат чунин гуфтааст: "Чуноне, ки инсон ҳарду дасташро яксон истифода кунад, кораш хубтар пеш меравад, дар ҷомеа низ як даст зан ва дасти дигар мард аст ва агар ҳарду баробар фаъолият кунанд, ҷомеа низ рушд мекунад."

Мунтазири назари шумо доир ба ин мақола ҳастем
XS
SM
MD
LG