Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар танӯр


Мақомоти интизомии шаҳри Қурғонтеппа зимни як амалиёт ноболиғон ва наврасони оворагарду бе манзил дар ин шаҳрро боздошт намуда ва ба маҳали зисти аслии худ интиқол додаанд. Сӯҳроб Баротов, сардори шӯъбаи кор бо ноболиғони шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ доир ба ин амалиёт гуфт: "Дар якҷоягӣ бо прокуратураи шаҳр ва вилоят дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа дар бозор, дискоклубҳо амалиёти муштарак гузарондем. Дар ин амалиёт се духтари ноболиғ яке аз Ӯзбакистон ва ду нафари дигар аз Душанбе ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳозир карда шуданд, ки танфурӯшӣ мекарданд. Инчунин аз меҳмонхонаи шаҳр ду навраси дигар, ки оворагарди мекарданд, боздоштшуданд."

Оқои Баротов меафзояд, Шаҳноза Қосимова ва Ҷамшед Қосимов, сокинони ноҳияи Вахш, ки падарашон дар Русия мардикорӣ дорад ва модарашон зиндонӣ аст, зимни ҳар амалиёти мақомоти интизомӣ барои оворагардиашон боздошт мешаванд.
Ҷамшед низ ин гуфтаи оқои Баротовро таъйид кард ва гуфт, маблағеро, ки аз талбандагӣ ба ӯ ва хоҳараш медиҳанд, барои ғизо ва шабгузаронӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Қӯрғонтеппа харҷ мекунанд, зеро дар манзили падару модараш касе ва чизе нест. Дар меҳмонхона бошад барои як шаб аз ҳар нафари онҳо як сомонӣ талаб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Саид Раҳимов, як навраси дигари бо оворагардӣ муттаҳамшуда мегӯяд, дар ин амалиёти мақомоти интизомии шаҳр ӯро шабона дар яке танӯрҳои бозори шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт кардаанд, вале ин навраси 17- ола мегӯяд, ӯ дар ин танур муваққатан аз сармо паноҳ бурдааст:
"Клиентам гуфт, соати 12 шав аробата бигир биё бор мекашонӣ.Ба бозора омадам хунук хурдам дар танӯр даромадам, ки омадан қапиданум. Бор мекашонем бо ароба 20-40 дирам меёбем мехӯрем. Бегоҳиҳо хона мерам. Падару модарам меган брав аробакашӣ бкун, орд бхарем сару либос бхарем."

Саид худро оворагард намеҳисобад ва дар чунин як шаби сармоӣ ба кӯча баромади худро аз мушикилоти зиндагӣ медонад. Аммо ин дар ҳолест, ки се тан аз духтаракони наврас, ки бо иттиҳоми танфурӯшӣ аз тарабхонаи «Шому саҳар»-и Қӯрғонтеппа боздошт шудаанд, мегӯянд онҳоро бо истилоҳ "мамарозаҳо" бо роҳи фиреб ба ин роҳ бурдаанд. Яке аз онҳо, ки худро сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ кард ва мо аз овардани номаш худдорӣ мекунем, гуфт: "Падару модарам чанд бор қапида хона бурданд. Дугонаҳом фарёдам мекунанд, агар ҳамроҳшон нарам, бадномам мекунанд."

Сӯҳроб Баротов, сардори шӯъбаи кор бо ноболиғони шӯъбаи умури дохилаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, бо иллати мушкилоти иҷтимоӣ феълан теъдоди кӯдакони беназорат дар шаҳр хеле боло рафтаст: "Зимни амалиёте, ки мо дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа гузарондем, 50 ноболиғ боздошт карда шуд. Вале қисмате аз онҳо боз рӯзона омада ба салафанфурӯшӣ, дуд додани испанд ва талбандагӣ, пойафзолтозакунӣ машғул мешаванд ва шабона ба хонаҳои худ бармегарданд. Онҳо дар мактаб намехонанд. Бояд онҳо аз сӯи волидайн ва муаллимон инчунин шӯъбаи кор бо ноболиғон таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дошта бошанд."

Дар ҳамин ҳол оқои Баротов мегӯяд, теъдоди ҷинояткории ноболиғон дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст ва ҷиноятҳои аслии аз сӯи ноболиғон содиркардашуда дуздии амвол мебошад. Ӯ меафзояд, бо иллати он ки ин ноболиғони боздоштшударо мақомоти интизомӣ бештар аз ду соат ҳаққи нигоҳ доштан надоранд, ва ҳамчунин дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздоштгоҳи муваққатӣ барои ноболиғон мавҷуд нест, онҳоро ба маҳалли зист мефиристанд ва ба таълимгоҳ, падару модар ва шӯъбаи кор бо ноболиғони маҳаллӣ мактуб ироа намуда, тарбияи ин қабил ноболиғонро талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG