Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом ҳизб чанд курсиро дар парлумон соҳиб хоҳад шуд?


Дар остонаи интихобот дар миёни аҳзоби сиёсӣ маъмулан ин суол матраҳ мешавад, ки кадоме аз ҳизбҳо барои дарёфти курсӣ дар порлумони оянда имкони бештар доранд. Бо назардошти шароити кунунии Тоҷикистон таҳлигарони сиёсӣ дар бораи имкони онҳо тақрибан ақидаи яксон доранд. Аз миёни шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон баъзеи онҳо ҳоло медонанд, имкони пирузӣ дар интихоботро надоранд. Аммо бо вуҷуди ин намехоҳанд, худро аз равандҳои муҳими сиёсӣ дур гиранд ва умедворанд, ки номзаҳояшон ҳадди аққал дар ҳавзаҳои инфиродӣ баранда хоҳанд шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки чунин ҳизбҳо дар ҷомеъа аз нуфузи кофӣ бархурдор нестанд ва дар миёни мардум ҷонибдорони кам доранд.

Унсури дигаре, ки дар бораи он камтар сӯҳбат мешавад, ин аст, ки Ҳизби Халқӣ Демократӣ ба унвони ҳизби ҳоким дар интихобот нақши таъйинкунанда хоҳад дошт. Аъзои ин ҳизб дар ниҳодҳои давлатӣ ва дар шаҳрҳову ноҳияҳо мақомҳои муҳимро дар даст доранд. Ба ин далел ин ҳизб мувофиқи майли худ ба ҳар роҳе шумораи зарурии намояндагонашро вориди порлумон мекунад. Ин ҳизб имконоти худро дар ин интихобот маҳдуд намедонад, вале барои таъмини гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ дар порлумон барои чанд курсии он бо ду, ё се ҳизбе, ки ба истилоҳ саркаш нестанд, муросо мекунанд.

Иброҳим Усмонов сиёсатшиноси тоҷик нақши Ҳизби Халқӣ- Демократиро ин тавр тавсиф мекунад: "Ҳама чиз ба он вобаста аст, ки Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ба чӣ ҳад ба аҳзоби дигар имкони гирифтани овозро медиҳад."

Ҳизби дигаре, ки имкон дорад, дар интихобот чанд курсии порлумонро ишғол кунад, Ҳизби Коммунист аст. Вале аксари таҳлилгарон бӯҳрони дохили ин ҳизбро нишонаҳои заъфияти он дар чанд соли ахир медонанд. Тӯйғун Каримов - муовини раиси ҳизб аз барномаҳои интихоботии ҳизбаш розӣ нест. Вай мегӯяд, он номзадҳои солхӯрдаи ҳизб, ки дар порлумон буданд, бояд ба кори дохилиҳизбӣ машғул бошанд ва номзадҳои ҷавон ба ҷойи онҳо биёянд. Аммо ба ин фикри ӯ раҳбарони дигари ҳизб розӣ нестанд ва тавре Тӯйғун Каримов мегӯяд, ин рафтори раҳбарон аъзои оддии Ҳизби Коммунистро шояд дилсард кунад. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, Ҳизби Коммунист яке аз ҳамон ҳизбҳоест, ки ҳизби ҳоким бо он муросо мекунад ва дар натиҷа коммунистҳо чун дар интихоботи гузашта чанд курсиро дар порлумони оянда ишғол хоҳанд кард.

Аммо дар бораи имконоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ақидаҳо якранг нест. Ба назари оқои Усмонов, имкони ин ҳизб нисбат ба интихоботи гузашта камтар аст: "Агар ду номзади ҳизб ба порлумони гузашта роҳ ёфтанд, ба назари ман имсол шояд ягон нафар вориди он нашаванд."

Вале Ҳокимшоҳи Муҳаббат - таҳлилгари мустақил дар Маскав мегӯяд, ҷониби давлат, яъне Ҳизби Халқӣ-Демократӣ бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ тавофуқоти таърихии сулҳро дар назар хоҳад гирифт: "Баъди имзои созишномаи сулҳ, раҳбарияти Тоҷикистон мехоҳад, бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки қувваи асосии собиқ нерӯҳои мухолифин буд, ин қарордодҳоро то андозае нигоҳ дорад ва аз ин лиҳоз мекӯшад, як ё ду нафари онҳо ба порлумон ворид шаванд."

Дар бораи Ҳизби Сотсиал-Демократ таҳлилгарон хушбинона сӯҳбат мекунанд. Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегӯяд: "Ҳизби Сотсиал-Демократ дар солҳои ахир миёни мардум нуфуз пайдо кардааст ва агар интихобот озоду шаффоф баргузор шавад, шояд ин ҳизб низ вориди парлумон гардад."

Таҳлигарон Иброҳим Усмонов ва Рашид Ғанӣ ҳам тақрибан ҳамин ақидаро доранд ва мегӯянд, ин ҳизб нирӯи қавии маънавӣ ва барномаҳои ҳадафманд дорад. Вале пирӯзии ҳизбро бо шеваҳои баргузории интихобот иртибот медиҳанд. Иброҳим Усмонов мегӯяд, ин ҳизб фаъол аст, вале гумон аст, ки он садди панҷ дар садиро дар интихобот убур кунад, аммо эҳтимоли пирӯзии номзадҳои он дар ҳавзаҳои инфиродӣ вуҷуд дорад.

Ҳизби дигар Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Муҳаммадрӯзи Искандаров аст, ки аз нахустин ҳизбҳои мустақили сиёсии кишвар ба шумор меравад. Ба ақидаи таҳлилгарон, ин ҳизб аз нахустин соли таъсис то ҳол аз бӯҳрони дохилии худ раҳо наёфтааст. Чанд соли ахир бо раҳбарии оқои Искандаров тақрибан ин бӯҳрон бартараф шуда буд, вале баъд аз боздошти Искандаров дар шаҳри Маскав анҷумани ахир нишон дод, ки захмҳои кӯҳна комилан шифо наёфтааст. Роҳ ёфтани намояндагони Ҳизби Демократ ба порлумонро таҳлилгарон аз имкон дур медонанд. Худи ҳизб низ дар марҳалаи кунунӣ шояд бештар машғули корҳое шавад, ки ба дурнамои фаъолияти ҳизб ва стротегияи он иртибот дорад.

Аммо Ҳизби Сотсиалистӣ сол то сол амиқтар вориди бӯҳрон мешавад. Бо талошҳое барои наздик шудан бо ҳизби ҳоким ҷиноҳе аз ин ҳизб ҷудо шуд ва худро сабти ном кард, ба умеде, ки дар порлумон ҳадди аққал як, ё ду намоянда дошта бошад. Вале Ҳокимшоҳи Муҳаббат имконоти ин ҳизбро барои вуруд ба порлумон ночиз медонад.
Коршиносони дигар низ ҳамин нуқтаи назарро дар бораи Ҳизби Сотсиалистӣ таъкид карданд.

Ба ҳар ҳол, баъд аз баргузории интихобот рӯшан хоҳад шуд, ки аз лиҳози шумораи намояндагон дар порлумон кадом ҳизб дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон чӣ мавқеъ дорад. Албатта ин натиҷаҳо ба наҳваи баргузории интихобот низ иртибот дорад, ки он аз диди нозирони байналмилалӣ дур нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG