Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози шаҳрвандони Тоҷикистон аз минаҳо дар марз бо Узбакистон


Ашт Таркиши ахир дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон дар авоили ин моҳ 2 сокини ҷавони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Аштро кушта ва 5 тани дигар маҷрӯҳ кард.Дар пайи инфиҷор Мерган Буралиеви 28-сола ва Уралбой Файзибекови 32-сола ҷон доданд ва он панҷ тан то кунун бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бистарӣ ҳастанд. Ба гуфтаи сокинони маҳал, ҷавонон ҳангоми нигаҳбонии ҳайвоноти хонагӣ ба мина бархӯрдаанд.

Пайвандони курбониёни ин таркиш, сокинони деҷаи Даҳанаи ноҳияи Ашт бо ирсоли як муроҷиатномаи хаттӣ унвонии сарони давлатҳои Узбакистон ва Тоҷикистон аз мақомоти ин ду кишвар тақозо кардаанд ба зудтарин фурсат ба поксозии марзи муштаракашон аз минаҳо иқдом намоянд. Дар акси ҳол, омадааст дар муроҷиатнома, наздикони қурбониёни инфиҷор дар шаҳри Душанбе назди сафоратхонаи Узбакистон даст ба намоиши эътирозӣ ва ё тазоҳуроти бемӯҳлат хоҳанд зад.

Як сокини ноҳияи Ашт бо номи Гулҷаҳон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нусхаҳои муроҷиати дастҷамъонаи онҳо ба дафтари намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон низ фиристода шуда, аз онҳо ҷиҳати поксозии марзи байни Тоҷикистону Узбакистон аз минаҳо хоҳиши мусоидат ва кӯмак шудааст. Вай афзуд, сокинони маҳалҳои бо Узбакистон ҳаммарзи ноҳияи Ашт бештар аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки танҳо афроди мулкии бегуноҳ қурбонии таркиш мегарданд:

«Ман ҳамчун як сокини маҳал ҳаминро мегӯям, ки мо аз минаҳои марзӣ ба дод омадаем. Охир, худатон бубинед, фақат одамони бегуноҳ, занону атфол, чӯпонони сарсахт ба таркиш гирифтор мешаванд. То кай мо аз минаҳо азоб мекашем? Сокинони маҳали мо баъди таркиши ахир мегӯянд, ки ба Душанбе рафта, назди сафорати Узбакистон тазоҳурот мекунем, то ки марзашонро аз минҳо тоза намоянд».

Вале як сокини дигари ноҳияи Ашт Маҳкам Боқиматов, ки домоди кушташудаашро бо дастони худ аз майдони минкоришудаи марз берун овардааст, меафзояд, хатҳои минкоришудаи сарҳади Тоҷикистону Узбакистон дар бисёр маҳалҳои наздимарзииин минтақа аломатгузорӣ нашудаанд ва ин ҳолат норизояти сокинони маҳалро ба бор овардааст: «Ҳеҷ аломат гузошта нашудааст дар он ҷо. Ягон навиштаҷот, ки дар он ҷоҳо мина ҳаст ва қадам гузоштан мумкин нест, на ягон байрақ ё аломати дигари огоҳкунанда, ҳеҷ чиз нест. Албатта дар ин ҳолат одам надониста ба ҷойи минагузошташуда қадам монданаш мумкин».

Сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт мегӯянд, ҳанӯз дар ҷавоби муроҷиатномаашон ба сарони давлатҳои Узакистону Тоҷикистон дар заминаи аз мин поксозии марзи байни ин кишварҳо аз ҷониби мақомоти ин ду давлат посухе дарёфт накардаанд.
XS
SM
MD
LG