Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи карахт, забони давлатӣ, вале беэътибор, майли зиёд ба авторитаризм


ТАҲҚИҚОТИ ЖУРНАЛИСТӢ ЖАНРИ БЕГОНА БАРОИ ХАБАРНИГОРОНИ ТОҶИК

«Азия Плюс» зимни баррасии вазъи феълии матбуоти Тоҷикистон нигоштаааст, ки таҳқиқи журналистӣ ягона жанрест, ки вуҷуди он дар фазои матбуотии ин кишвар ба эҳсос намегардад. Гузоришгари «Азия Плюс» дар ин замина навиштааст, ҷомеаи карахт, таҳаммули коррупсия ва бесалоҳиятиву худсарии мақомотро авомили аслии аз байн рафтани жанри таҳқиқӣ журналистӣ дар матбуоти Тоҷикистон номидааст. Ба назари вай, интиқодҳои ахири раиси ҷумҳур Раҳмонов аз кори бархе мақомоти давлатӣ бояд дар ҷомеаи солим вокунишҳоеро ба миён меовард, аммо ин ҳама суханрониҳои президент дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳеҷ гуна вокунишу таҳаввулотеро ба миён наовард. Дар ҷомеае, ки чунин бетафовутӣ ҳукмрон аст, пеш бурдани таҳқиқоти журналистӣ як амали беҳуда аст, гуфтаааст муаллиф. Аз сӯи дигар афзудааст «Азия Плюс» роҳ ёфтани таҳқиқоти журналистӣ ба майдони феълии матбуоти Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба вуҷуди низоми мустақили додгоҳӣ дар кишвар ва ҳамчунин фаъол будани гурӯҳҳои мустақили вакилони мардумӣ дар порлумон бастагӣ дорад.

ЧАРО АЗ ЗАБОНИ МОДАРИИ ХЕШ РӮ МЕТОБАНД?

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳифзи забони модарӣ рӯи ин нукта таъкид намудааст, ки ба дунболи касби истиқлолият дар Тоҷикистон забони давлатӣ, забони тоҷикӣ ба тадриҷ мавқеъи худро аз даст медиҳад. Муаллифи мақола, ки имрӯз дар бештари нишасту маҳфилҳои бошукӯҳи давлатӣ ба ҷои забони давлатӣ забони русӣ истифода мешавад ва бисёре аз намояндагони мақомоти давлатӣ ба забони модарӣ эҳтиром нагузошта ва русӣ сухан мегӯянд. Ба назари муаллиф, барои тақвияти мавқеъи забони давлатии Тоҷикистон ин кишвар, бояд давра ба давра ба хатти ниёгон гузарад. Гузаштан ба хатти ниёгон хулоса намудааст, муаллиф мавқеъи забони давлатиро дар Тоҷикистон мустаҳкам намуда, барои наслҳои наврасу оянда имкон фароҳам меорад, ки бидуни ҳеҷ душворӣ ба тозатарин дастовардҳои тамаддуни башарӣ дар бахши илму тараққиёт ошно гарданд.

РОҲ БА СӮИ АВТОРИТАРИЗМ

Ҳафтаномаи «Наҷот» дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон навиштааст, ки раванди кунунии сиёсии кишвар на сӯи эъмори ҷомеаи демократӣ, баръакс ба самти низоми худкома, яъне авторитарӣ мутамоил аст.
Ҳафтанома барои ҷилавгирӣ аз шаклгириии авторитаризм дар Тоҷикистон аз аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии кишвар давъат кардааст, ки бо иқдоми ҳамоҳанг бояд ба он мусоидат намоянд, ки дар Тоҷикистон равандҳои мардумсолорӣ ба таври бозгашнопазир таҳким ёбанд.
XS
SM
MD
LG