Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемайлии мардум барои ширкат дар интихобот


Дар мулоқотҳои номзадҳо бо мардум, раъйдиҳандагон маъмулан дар бораи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии худ сӯҳбат мекунанд ва номзадҳо низ ваъда медиҳанд, ки агар ба курсии Маҷлиси Намояндагон бинишинанд, мушкилоти мардумро аз қабили бекориву нодорӣ ва ё камбуди барқу газ ҳал мекунанд. Масалан, дар мулоқоти номзадҳои аҳзоби сиёсӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, аксари ширкаткунандагон мехостанд, бидонанд, ки агар ин номзалҳо вакил интихоб шуданд, яке аз муҳимтарин масоили иҷтимоии Тоҷикистон - мушкили бекорӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корро чӣ гуна ҳал хоҳанд кард?

Вале бо таҷрибаи чанд интихоботи ахир ва ваъдаҳои иҷронашудаи вакилон зоҳиран таваҷҷӯҳ ва эътимоди мардум, ба вижа аҳолии деҳот ба интихобот ва барномаҳои номзадҳо коҳиш ёфтааст. Сокинони Тоҷикистон, чӣ дар Бадахшон ва чӣ дар Хатлону Суғд мегӯянд, ки онҳо дар нодориву камбағалӣ ба сар мебаранд ва бовар надоранд, ки вакилони Маҷлиси Намояндагон сатҳи зиндагии онҳоро боло хоҳанд бурд.

Шикояти мардуми оддӣ инҷост

Муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Валиев мегӯяд, дар шароити камбизоатии мардум пешбурди маъракаи интихоботӣ дар маҳалҳо осон нест. Зеро шумори бузурги аҳолӣ аслан ба маълумот дар бораи интихобот дастрасӣ надорад, тавони харидани рӯзномаҳоро надоранд ва илова бар он маҳдудияти барқу газ мардумро аз тамошои барномаҳои телевизион низ маҳрум кардааст.

Шарҳи Раҳматуллоҳ Валиев

Зоҳиран, як монеаи дигари иҷтимоӣ, ки таваҷҷӯҳи мардумро аз интихобот ва дигар таҳаввулоти сиёсии кишвар дур кардааст, масъалаи бекории густурда дар сар то сари кишвар мебошад. Набуди ҷойи кор ва оид дар ватан садҳо ҳазор тоҷиконро ба муҳоҷират водор намуд. Муҳоҷири корӣ аз вилояти Бадахшон Неъмат Мирзоев мегӯяд, ки мардум комилан побанди мушкили худ аст ва чандон майл ва вақти пайгирӣ кардани интихоботи порлумониро надорад.

Сӯҳбати Неъмат Мирзоевро ин ҷо бишнавед.

Аз чунин сӯҳбатҳо бармеояд, ки вазъи иҷтимоӣ аслан ба назари мардум ба интихобот таъсири амиқ гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҳайати нозирони интихоботи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Питер Айкер мегӯяд, ки мушкилоти иҷтимоӣ бояд аслан мардумро водор намоянд, ки дар фикри тағйир додани вазъият шаванд. Иттифоқан интихобот метавонад роҳи фишор овардан болои раҳбарон бошад, ки онҳо хостҳои мардумро бишнаванд ва дар бораи беҳбуди рӯзгори мардум фикр кунанд.

Вале ба гуфтаи Питер Айкар бояд аввал ба мардум итминон дода шавад, ки интихобот одилона барпо мешавад: "Ман умед дорам, вазъи иҷтимоӣ боиси адами таваҷҷӯҳи мардум ба интихобот нахоҳад шуд. Баръакс мушкилоти рӯзгор бояд ангезае бошад, ки мардум барои райъдиҳӣ дар интихобот ҳозир шаванд. Умуман, дар кишварҳое, ки интихобот интихоби воқеъӣ мебошад, мардум ба ин маърака таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ҳатто дар кишварҳои қашшоқтарин, масалан дар баъзе дар кишварҳои африқоӣ, ки мардумаш хеле нодортар аз мардуми Тоҷикистон мебошанд, одамон барои раъйдиҳӣ навбат мепоянд. Ба назари ман, агар мардум бовар дошта бошанд, ки натиҷаи интихобот ба рӯзгори онҳо таъсир мегузорад, онҳо новобаста ба вазъи иқтисодии худ ба интихобот таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд."

Ба ин тариқ, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, якҷо бо дараҷаи эътимоди мардум ба интихобот метавонад ба ширкати онҳо дар раъйдиҳӣ таъсир дошта бошад.
XS
SM
MD
LG