Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ...


Тавқифи фаъолияти нашрияҳои мустақили «Рӯзи Нав», «Оламу Одам» ва "Нерӯи Сухан" саҳнаро барои рушди матбуоти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, ки аз аркони умдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми мардумсолорӣ дониста мешавад, дар кишвар маҳдуд кардааст. Бештари кормандони расонаҳои мустақили чопи Душанбе ва коршиносон бар ин боваранд, ки бо шеваҳои мухталиф боздоштани нашри расонаҳои мустақил аз сӯи мақомот ба интихоботи порлумонӣ робитаи мустақим дорад.

Сайидаҳмади Қаландар - раиси маркази таҳлилу ахбори мавсум ба «Сипеҳр» заъфи ҳукумати Тоҷикистон дар расидагии масоил ва рафъи мушкилотеро, ки дар саҳафоти нашрияҳои мустақил матраҳ шуд, иллати тавқифи нашри онҳо талаққӣ кард. Вай гуфт, ҷилавгирӣ аз фаъолияти матбуоти мустақил камранг ва беаҳамият нишон додани он дар остонаи интихоботи порлумонии кишвар махсус сурат гирифтааст. Ба ақидаи талилгари тоҷик, матбуоти мустақил дар муддати кӯтоҳи фаъолият тавонист ба мардуми тарсзада аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷасорат бахшида, ҷомеаи сокитро то ҳадде барои талоши ҳаққу ҳуқуқ ба таҳрик биоварад. Вай гуфт, табъан чунин фаъолияти матбуот ҳукуматро хуш намеояд ва аз ин рӯ чопи бархе аз онҳо тавқиф шуд.

Дуруст аст, ки дар майдони матбуоти кишвар расонаҳои мустақил ва хусусӣ, ба мисли «Тоҷикистон», «Азия Плюс», «Вечерний Душанбе», «Чархи Гардун», «Бизнес и Политика» ва «Зиндагӣ» фаъолият мекунанд. Аммо ба ақидаи Хуршеди Атовулло - сармуҳаррири «Зиндагӣ» ин нашрияҳо талошро на барои бозтоби масоили доғ ҳамчун интихоботи порлумонӣ, ё гузоришҳои таҳлилӣ роҷеъ ба мушкилоти аҳзоби сиёсӣ, балки барои бақо ва идомаи фаъолияти худ харҷ мекунанд.

Фахриддини Холбек - муовини сардабири нашрияи мустақили "Рӯзи Нав", ки аз тобистони гузашта чопи ин ҳафтанома дар матбааҳои Тоҷикистон ғайриимкон шудааст, гуфт, ҳузури расонаҳои мустақил дар раванди баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи порлумонӣ эҳсос намешавад. Вай гуфт, фаъолияти расонаҳое, ки бо интишори матолиби сиёсӣ ва интиқодӣ афкори иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда ва омодагии раъйдиҳанда барои як интихоботи шаффофу демократӣ дар кишварро таъмин мекарданд, ҷилавгирӣ шуд, то ҳукумат битавонад, интихоботро пӯшида ва дур аз назари матбуот доир кунад.

Аммо Абдураҳмони Абдуманнон - мудири шӯъбаи дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон қатъи фаъолияти нашрияҳои мустақилро дар арафаи интихобот ба ин маъракаи сиёсӣ марбут намедонад. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар анҷумани ахири Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар охири соли гузашта намояндагии бунёди Сорос дар Душанберо дар таъмини молии расонаҳои мустақили кишвар «Вароруд», «Оламу Одам», «Рӯзи нав» ва шабакаҳои радиоии «Ватан», «Мавҷи заррин» ва «Мавҷуд», ки ба гуфтаи ӯ, ба интиқоди шадиди фаъолияти роҳбарият ва ҳукумати Тоҷикистон пардохтаанд, муттаҳам карда буд.

Амирхон Аҳмадхонов - муовини вазири фарҳанг ва масъули умури матбуоти ин ниҳоди давлатӣ гуфт, матолиби нашрияҳо аз ҷониби коршиносони ин идора хонда ва таҳлил мешавад. Вале танҳо дар мавориди мушаххас чопи маводе, ки амнияти миллиро халалдор мекунад, боиси ошкор шудани асрори давлатӣ мешавад ва ё дар он таҳқири шахсият ҷой дорад, вазорати фарҳанг муваззаф аст, идораи нашрияро огаҳ кунад. Аммо то ҳоли ҳозир миёни ин вазорат ва нашрияҳои мустақили кишвар чунин мушкилот пеш наомадааст.

Мухтор Боқизода - сардабири нашрияи мустақили "Нерӯи Сухан" бо ишора ба мушкилоти пешомада миёни ҳукумат ва расонаҳои мустақили азчопбозмонда гуфт, иллати боздошти чопи нашрияи онҳо ва рӯзномаҳои дигар бевосита ба интихобот марбут аст, зеро ин нашрияҳо саҳафоти худро бештар дар ихтиёри чеҳраҳои сиёсӣ ва аҳзоби сиёсии мухолифи давлат гузошта ва ба як минбари баёни афкори озод табдил шуда буданд.
Бо ин вуҷуд, ки мақомоти кишвар таври расмӣ қатъи фаъолияти расонаҳои мустақилро эътироф накардаанд, зимни як нома созмони байналмилалии "Хабарнигорони Бидуни Марз" ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши фишор ба матбуоти мустақил, аз ҷумла "Нерӯи Сухан" таъкид кардааст. Ҳарчанд ин дуввумин номаи мушобеҳи ин созмони байналмилалӣ ба раиси ҷумҳур дар соли ҷорист, аммо то кунун бепосух мондааст.
XS
SM
MD
LG