Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Cотсиал-Демократи Тоҷикистон


Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) нахуст бо номи Ҳизби Адолат ва Тараққиёт соли 1997 дар ҳоле вориди саҳнаи сиёсии ин кишвар шуд, ки ҷангҳои парокандае байни нирӯҳои давлат ва размандаҳои пешини Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ҳанӯз идома дошт. Дар чунин шароит Кумитаи тадорукоти Ҳизби Адолат ва Тараққиёт ба фаъолият пардохт ва моҳи марти соли 1998 анҷумани нахустини ҳизб баргузор ва дар он ҳуқуқшиноси шинохта Раҳматулло Зойиров раиси ҳизб интихоб шуд. Раҳматуллоҳ Зоиров, раҳбари ҲСДТ: "Бо сабабҳои айниву зеҳнӣ сабти номи ҳизбро то 5 апрели соли 1999 тӯл доданд..Мо бар зидди тағйироти қонуни аҳзоб будем ва шояд барои ҳамин вазорати адлия махсус супориш гирифта буд, ки фаъолияти моро боз дорад, агар барҳам дода натавонад."

Вале бо гузашти 324 рӯз аз анҷумани муассисони ҳизб дар моҳи апрели соли 1999 вазорати адлия Ҳизби Адолат ва Тараққиётро расман ба қайд гирифт ва ба ин тартиб шумори аҳзоби сиёсии фаъол дар кишвар ба 6 расид.
Аммо дар моҳи сентябри соли 1999 бо қарори Додгоҳи Олӣ фаъолияти ин ҳизб дигарбора мамнӯъ шуд.
Раҳматуллоҳ Зойиров мегӯяд: "Дуюми сентябр сабти номи ҳизбро бекор карданд, рӯзи 3-юми сентябр интихоботи президентро эълон карданд. Маълум буд, ки барои чӣ қайди моро бекор карданд. Барои он ки шӯрои машварати ҳизбҳои сиёсӣ ба хулоса омада буд, ки чанд ҳизб якҷоя як номзади алтернативӣ ба президентиро пешниҳод кунанд. Дар қатори номзадҳо ман ҳам будам." Ба думбол, анҷумани навбатии Ҳизби Адолат ва Тараққиёт баргузор шуда, номи ҳизбро ба Ҳизби Сотсиал-Демократ табдил дод.

Ва аммо баҳси ҳизб бо вазорати адлия ба манзури сабти дубораи ном беш аз се сол идома кард ва ба ҳамин иллат ҲСДТ натавонист дар интихоботи гузаштаи Маҷлиси Намояндагон ширкат кунад. Дар авоили соли 2002 раиси ҲСДТ Раҳматуллоҳ Зойиров мушовири раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар масоили ҳуқуқӣ таъйин шуд ва рӯзи 20 октябри ҳамин сол вазорати адлия ҲСДТ-ро сабти ном кард. Аммо баъди як соли фаъолияташ Раҳматуллоҳ Зоиров аз мақоми мушовири президент истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG