Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон имкони ширкат дар интихоботро хоҳанд дошт


Кобул Султони Ҳамад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар Афғонистон ду нуктаи раъйдиҳӣ боз мекунад, то шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар ҳузур доранд, тавонанд дар интихоботи парлумонии рӯзи 27 феврал ширкат кунанд. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Фарҳод Маҳкамов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омодагиҳо барои таъсиси нуктаҳои овоздиҳӣ дар ин кишвар идома доранд.
Ӯ ҳамчунин афзуд: "Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф участкаҳои интихоботӣ таъсис дода мешаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар навоҳии шимоли Афғонистон ҳастанд, бояд дар Мазори Шариф раъй диҳанд ва онҳое, ки дар дигар манотиқи Афғонистон ба сар мебаранд, бояд ба сафорат ба шаҳри Кобул биёянд ва дар он ҷо раъй диҳанд."
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Кобул, барои муайян кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон кору зиндагӣ мекунанд, ба тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва давлатӣ нома ирсол шудааст, то ки феҳрасти дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сурати фаъолияти онҳо дар ин созмонҳо ба сафорат бифиристанд.
Тибқи маълумоти аввалия, ҳудуди 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон феълан дар Афғонистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар бораи шуғли онҳо Фарҳод Маҳкамов мегӯяд:
"Инҳо баъзешон бо даъвати созмонҳои байналмилалӣ омадаанд ва дар ин ҷо кор мекунанд, қисмати дигар таввасути ширкатҳои хусусии Афғонистон ба ин кишвар даъват шудаанд ва дар лоиҳаҳои бозсозии Афғонистон кор мекунанд. Дар қайди мо тақрибан шаш шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст, ки онҳо бо шаҳрвандони Афғонистон оиладор шудаанд ва дар ин ҷо зиндагии худро идома медиҳанд."
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кобул бо як тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин шаҳр вохӯрд ва аз ӯ пурсид, ки оё доир ба интихоботи қарибулвуқӯъ чизе медонад.
Ӯ чунин посух дод: "Ман шаҳрванди Тоҷикистон Ҳикмат Бобоев мебошам ва муваққатан дар Афғонистон машғули кор ҳастем. Аз ахбор огаҳӣ дорем, ки 27 феврал дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ба мо гуфтанд, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул участкаи интихоботӣ боз шудааст ва мо бояд дар он ҷо иштирок бикунем. Албатта ман ният дорам, ки дар интихобот ширкат кунам. "
Тибқи маълумоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, як участкаи интихоботӣ дар консулгарии Тоҷикистон ки дар минтақаи Вазираки Кобул аст, фаъолият хоҳад кард. Участкаи интихоботии дигар дар бинои консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф дар рӯзи интихобот ба фаъолият мепардозад.
XS
SM
MD
LG