Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши матбуоти Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ


Иддае аз сокинони Душанбе инъикоси маъракаҳои интихоботӣ дар матбуоти кишварро заъиф медонанд, аммо бештари хабарнигорон ба тафовут аз шаҳрвандон мӯътақиданд, ки ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсиро аз оғоз пайгирӣ ва ҷомеаро аз ин маърака то ҳадди зарурӣ огаҳ кардаанд.
Бобоҷони Абдулвоҳид - сардабири «Садои Мардум» нашрияи Маҷлиси Олӣ, ки ҳафтае се маротиба мунташир мешавад, гуфт, бештари матолиби рӯзнома пас аз оғози маъракаи интихобот ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Аммо гуфт вай, дар таҳия ва нашри матолиби марбути интихоботӣ «Садои Мардум» усулан муқаррароти Комиссияи марказии интихобот, меъёри Қонуни интихобот ва Қонуни матбуоти кишварро риоят хоҳад кард. Сӯҳбати Бобоҷони Абдулвоҳид ин ҷост

Бобоҷони Абдулвоҳид ҳамчунин мегӯяд, ҳоло нашрияҳои расмии кишвар "Садои Мардум" ва "Ҷумҳурият" дар байни мардум маъруфият касб кардаанд ва бештари довталабони курсии парлумонӣ барои таблиғи худ ба ҳамин рӯзномаҳо муроҷиат мекунанд. Аммо то кунун ба гуфтаи оқои Абдулвоҳид аз миёни шаш ҳизби кишвар, ки вориди сабқати интихоботи парлумонӣ шудаанд, танҳо ду ҳизб халқӣ-демократӣ ва коммунист хостори чопи барнома ва маводи таблиғотии худ дар ин нашрия шудаанд. Ин дар ҳолест, ки Фахриддини Холбек - муовини сардабири нашрияи хусусии «Рӯзи Нав» бар ин бовар аст, ки инъикоси ҷараёни маъракаи интихоботӣ парлумонии кишвар баъди аз нашр бозмондани рӯзномаҳои мустақили чопи Душанбе ба мисли «Рӯзи нав», «Оламу Одам» ва ниҳоят «Нерӯи Сухан» комилан дар зери назари мақомот сурат мегирад ва бештари матолиб доир ба интихоботи порлумонӣ дар расонаҳои расмӣ аз тавсифи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва номзадҳои мақбули ҳукумат иборат мебошад.
Ин хати сабзро клик кунед ва Фахриддини Холбекро бишнавед
Аммо Абдумудассир Аҳмадзода - муҳаррири масъули ҳафтавори хусусии «Тоҷикистон» гуфт, ин ҷурми бархе аз масъулини аҳзоб ва ҳамчунин номзадҳои мустақил аст, ки ба аҳамият ва нақши матбуот дар раванди интихоботӣ камтар эътибор медиҳанд ва ҷиҳати ташвиқоти барнома ва аҳдофи худ аз нашрияҳо ба таври нокифоя истифода мекунанд. Ба ақидаи Қироншоҳи Шарифзода - раиси Конуни рӯзноманигорон мавсум ба "Ҳамкории иҷтимоӣ" феълан теъдоди нусхаи рӯзномаҳо дар кишвар ночиз ва дастрасии аҳолӣ, яъне раъйдиҳанда ба он ҳам нокифоя мебошад. Бештари нашрияҳо дар пойтахт ва шаҳрҳо тавзеъ мешавад, дар ҳоле, ки қисмати аъзами интихобкунандаҳо дар деҳот ба сар мебаранд ва аз сабқату муборизоти интихоботӣ ва ҷараёноти интихобот маҳрум мондаанд. Оқои Шарифзода ҳамчунин яке аз иллали ба таври густарда бозтоб нашудани маъракаи муҳими сиёсии кишвар - интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ дар нашрия ва расонаҳои электронии кишварро ба сатҳи омодагӣ ва малакаи касбии кормандони васоити ахбори умум марбут медонад.
Шарҳи Қироншоҳи Шарифзода

Ин дар ҳолест, ки Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон гуфт, дар муқоиса бо интихоботи қаблии парлумонии соли 2000 дар расонаҳои хабарии кишвар масоил ва мушкилоти раванди баргузории маъракаи интихоботи соли ҷорӣ бештар баррасӣ мешавад. Вай гуфт, дар ин миён дар фазои иттиллотии Тоҷикистон бо ин вуҷуд, ки бархе аз нашрияҳои мустақил аз чоп боздошта шудаанд, пайдо шудани чанд шабакаҳои мустақили радиоӣ ва ҳамчунин рӯзномаҳо имкон дод, мардум аз ҳолу ҳавои маъракаи интихоботӣ маълумот бигирад. Аз сӯи дигар гуфт оқои Сотиров, бо ибтикори дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати ин созмон дар панҷ минтақаи кишвар давраҳои махсуси омӯзишӣ ҷиҳати омода кардани хабарнигорон барои инъикоси масоили интихоботи парлумонии моҳи феврал доир шуд. Оқои Сотиров афзуд, дар ин давраҳои омӯзишӣ, ки тавассути коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт, хабарнигорон роҷеъ ба Қонуни интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳамчунин аз ҳуқуқи ширкати худ дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ огаҳии бештар касб карданд.

Дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, дар заминаи қонуни ҷадиди интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ин комиссия бори нахуст як низомномаи махсусе интишор кардаааст, ки тибқи он хабарнигорон аз тамоми ҳуқуқе бархурдор хоҳанд шуд, ки нозири миллӣ дорад. Оқои Додоҷонов афзуд, рӯзноманигор бо пешниҳоди шаҳодатномаи журналистӣ метавонад дар ҷаласаи қитъа, ҳавза ва Комиссияи марказии интихобот иштирок ва ҳамчунин куллия ҷараёни рӯзи интихоботро ба навор бигирад, ки чунин ҳуқуқеро дар интихоботи қаблии Тоҷикистон рӯзноманигор надошт.
XS
SM
MD
LG