Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон: Имконияти пас аз солҳо ба даст омада


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон нахуст бо номи Ҳизби адолат ва тараққиёт вориди саҳнаи сиёсӣ шуд. Дар моҳи сентябри соли 1997, ки Коммисияи оштии миллӣ ба хотири татбиқи Созишномаи сулҳи тоҷикон дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард, ҳизбҳои сиёсӣ ҷиҳати кӯмак ба раванди сулҳ мехостанд, дар ҷараёнҳои сиёсӣ ширкат кунанд. Аммо он замон дар атрофи Душанбе ва манотиқи шарқи кишвар миёни неруҳои ҳукуматӣ бо размандаҳои пешини Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик ҷангҳои пароканда идома дошт.
Дар чунин шароит дар соли 1997 Кумитаи тадорукоти Ҳизби адолат ва тараққиёт ҷиҳати таъсиси ҳизб ба фаъолият пардохт ва моҳи марти соли 1998 анҷумани нахустини ҳизб баргузор ва дар он ҳуқуқшиноси шинохта Раҳматулло Зойиров раиси ҳизб интихоб шуд. Вакилони ҳизб дар анҷуман аслан омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, дар маҷмӯъ зиёиён буданд. Аммо дар ҳамин ҳол Маҷлиси Олии кишвар аз як сӯ қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро қабул кард ва аз сӯи дигар қабули Қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ ба дарозо кашид ва ин ҳама боис шуд, ки масъалаи сабти номи Ҳизби адолат ва тараққиёт ба таъхир афтад.
Раҳматулло Зойиров мегӯяд: "Бо сабабҳои ҳам объективӣ ҳам субъективӣ сабти номи ҳизб то панҷуми апрели соли 1999 дароз кашиданд. Зидди ин тағйироту иловаҳо баромадем ва якумаш аз он буд, ки пешниҳоди ин тағйироту иловаҳо ғайри конститутсионӣ буд, аз рӯи пешниҳодаш. Барои ҳамин дар рӯзномаи «Ҷумбиш» мо баромадҳо кардем, ба зидди ин тағйироту иловаҳо ва дар асоси ин аллакай моҳи июли соли 1999 вазорати адлия махсус супориш гирифт, ки фаъолияти моро имконият ёфта, боз дорад, агар барҳам дода натавонад."
Вале бо гузашти 324 рӯз аз баргузории анҷумани таъсисии ҳизб дар моҳи апрели соли 1999 вазорати адлия Ҳизби адолат ва тараққиётро расман ба қайд гирифт. Адолат ва тараққиёт дар ҳоле ҳаққи фаъолияти расмӣ ёфт, ки ҳизбҳои шомили оппозитсиюни пешин Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби демократ амал мекарданд ва ҳизбҳои халқӣ-демократӣ, коммунистӣ ва сотсиалистӣ низ барномаҳои худро пеш мебурданд. Акнун дар Тоҷикистон 6 ҳизби расмӣ фаъолият дошт.
Дар Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон ҳайъатҳои ҳукумат ва оппозитсиюн тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии кишварро баррасӣ намуда, ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда буд ва Маҷлиси Олӣ тарҳи ин тағийру иловаҳо ба Қонуни Асосии кишварро дар саҳифаҳои матбуот нашр намуда, ба баҳси умум гузошт.
Ҳизби адолат ва таррақиёт нахуст шуда ин тағйиру иловаҳоро мавриди танқид қарор дод ва баъди ин фаъолияти ҳизб таҳти суол қарор гирифт. Сентябри соли 1999 бо қарори Додгоҳи олӣ фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда шуд ва як рӯз баъд президент Раҳмонов бо судури як фармон аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур хабар дод.
Раҳматулло Зойиров мегӯяд: "Дуюми сентябр сабти номи ҳизбро бекор карданд, рӯзи 3-юми сентябр интихоботи президентро эълон карданд. Аллакай барои ҳамаи мо маълум шуд, ки барои чӣ қайди мо бекор карданд, барои чӣ, ки шӯрои машварати ҳизбҳои сиёсӣ ба хулоса омада буд, ки мо якчанд ҳизб якҷоя як номзади алтернативӣ ба президент пешниҳод менамоем. Дар қатори номзадҳо будам, лекин ин мазмуни онро надошт, ки ҳатмӣ ман номзад мегардам."
Ҳамин тавр ҳалномаи Додгоҳи олӣ оид ба манъи фаъолияти ҳизб на се рӯз тибқи қонуни ҷории кишвар балки пас аз се ҳафта дастраси намояндагони ҳизб гардид. Бо ин ҳол анҷумани навбатии Ҳизби адолат ва тараққиёт баргузор шуд ва номи ҳизб аз Адолат ва тараққиёт ба сотсиал-демократ табдил дода шуд. Ва баҳси сабти дубори ҳизб дар вазорати адлия беш аз се сол идома намуд.
Дар ин байн ҳам интихоботи раёсати ҷумҳур бо ғалабаи Эмомалӣ Раҳмонов анҷом ёфт ва ҳам интихоботи порлумон сурат гирифт ва дар кишвар порлумони дупалатагӣ ва касбию домимиамалкунанда таъсис ёфт.
Дар ин маърака Ҳизби сотсиал-демократ натавонист, ширкат кунад, аммо дар ҳамин ҳол бо даъвати президенти кишвар раиси ин ҳизб Раҳматулло Зойиров мушовири раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар масоили ҳуқуқӣ таъйин шуд.
Ва дар таърихи 7 октябри соли 2002 Раҳматулло Зойиров анҷумани панҷуми ҳизб даъват намуд, ки дар он муроҷиатнома ба номи Эмомалӣ Раҳмонов қабул гардид. Дар он гуфта мешуд, ки президент барои сабти номи ҳизб мусоидат кунад ва баъд аз ин дар таърихи 20-уми октябри ҳамин сол вазорати адлия шаҳодатномаи қайди Ҳизби сотсиал-демократро ба Раҳматулло Зойиров супурд.
Ва ин ҳизб дубора ва бо номи дигар яъне Ҳизби сотсиал-демократ ба фаъолият шурӯъ намуд. Раҳматулло Зойиров ба дунболи ин аз вазифаи давлатӣ мушовири калони раиси ҷумҳур истеъфо дод. Акнун бори нахуст аст, ки ҳизби мазкур дар маъракаи сиёсии муҳим интихоботи порлумони кишвар ширкат мекунад. Тибқи руйхати ҳизбӣ 7 нафар номзади ин ҳизб ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод шудааст, ки чеҳраҳои маъруф дар миёни онҳо Шокирҷон Ҳакимов, Оразшо Пояндашоев, Аминят Абдулназаров, сардабири ҳафтаномаи "Рӯзи Нав" Раҷаби Мирзо ва дигарон мебошанд. Ташкили низоми ҳокимияти воқеии мардумӣ, ширкати воқеии мардум дар ҳаёти сиёсии кишвар, афзалияти манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷӣ бахши асосии барномаи интихоботи Ҳизби сотсиал-демократро дар бар мегирад.
Раҳматулло Зойиров мегӯяд, ин интихобот барои ҳизби онҳо санҷиши имконоти ҳизб аст, вале ҳизб барои доштани то ду намоянда дар Маҷлиси Намояндагон мубориза хоҳад кард.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Ҳаракати тундтар ба сӯи парлумон
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон: Саъй барои ишғоли тамоми курсиҳои парлумон
XS
SM
MD
LG