Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар интихоботи Тоҷикистон: OSCE


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба таври расмӣ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1994 шурӯъ намудааст. Созмони мазкур дар радифи соир вазоифу ӯҳдадориҳои ба зимма дошта, ҳамчунин барои аваллин бор соли 1994, замони баргузории интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба иҷрои мандати интихоботӣ оғоз намудааст. Вале Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон соли 2000-ум ба интихоботи парлумонии ин кишвар назорати густурда бурд. Ин интихобот аввалин интихоботи порлумонии Тоҷикистон буд, ки рафти онро 270 нафар нозирони байналмилалӣ назорат намуданд. Бо вуҷуди ором доир гаштани ин маъракаи сиёсӣ САҲА аз наҳваи баргузории интихобот ва вуҷуди тақаллубу тахаллуфкориҳои зиёд дар он интиқод намуда буд. Созмони мазкур ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори чунин раванд ва таъмини баргузории интихоботи шаффофу одилона дар оянда як силсила тавсияву пешниҳодотро ҳамчун хулоса аз интихоботи соли 2000-ум ба ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ироа дод.

Абдуалӣ Тоҳиров - ёвари мушовири сиёсии Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар робита ба ин матлаъ ва иҷрои мандати кунунии марказ мегӯяд: "Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати ин кишвар ва ҳамчунин бо назардошти пешниҳодоти намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар фаъолияти худро пеш мебарад."

Ёвари мушовири сиёсии маркази САҲА мӯътақид аст, ки ин марказ феълан дар иҷрои мандати интихоботии худ дар қиёс бо интихоботи соли 2000-уми мелодӣ муваффақтар амал намудааст: «Нисбат ба соли 2000-ум аз нигоҳи марказ дар масъалаи омодагиҳо ба интихоботи порлумонӣ пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар ин замина аз ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихобот, ки бо ибтикор ва пешниҳоди САҲА сурат гирифтаанд, метавон ном бурд. Ин тағйироту иловаҳо дахолати ҳукуматҳои маҳаллиро рафъ мекунанд, ташкили ҳавзаҳои интихоботиро дар дохили биноҳои маъмурӣ-ҳукуматӣ манъ менамоянд. Ва ҳамчунин ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботи таъмин гашта, ҳамзамон имкони дастрасӣ ба маълумот барои нозирон фаррохтар шуд.»

Дар ҳамин ҳол бино ба гуфтаи Андрей Шагунов - раҳбари феълии Маркази САҲА дар Тоҷикистон ин марказ зарфи як соли ахир барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ дар Тоҷикистон талошҳои назаррасеро ба харҷ додаст: «Маркази САҲА дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раванди омодагиҳо ба интихоботи моҳи феврал дар саросари манотиқи Тоҷикистон як силсила барномаҳои интихоботиро амалӣ кард, ки бо ҳузур ёфтан дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар намояндагони ақшору ташакуллҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ва ҳамчунин мақомоти масъули давлатӣ сатҳи маърифати ҳуқуқӣ -сиёсии худро доир ба Қонуни интихобот ва шароити ширкат дар он боло бурданд. Танҳо дар соли 2004, марказ 16 тарҳи вижаро дар самтҳое чун озодии васоити ахбор, рушди гуногунандешии сиёсӣ ва мусоидат ба баргузории интихоботи шаффофу демократӣ пиёда сохтааст, ки ҳазинаҳои умумии тарҳҳои ёдшуда 420 ҳазор евроро ташкил медиҳад ва бояд гуфт, ки ин маблағи кам ҳам нест.»

Аммо Раҳматулло Зойиров - раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ин талошҳои САҲА-ро ба вижа талошҳо барои қабули Қонуни нави интихоботи Тоҷикистонро нокифоя мешуморад ва мегӯяд: "Ҳар як сафири САҲА, ки ин ҷо намоянда шудааст, бояд ҳам бо ҳукумат ҳамкорӣ кунад ва ҳам рисолати худро иҷро карда тавонад. Вақте лозим мешавад, дар асоси фаъолияти принсипиалӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аҳзобу васоити ахбори омма ва ҳуқуқи инсонро дар ин ҷо муҳофизат карда тавонад. Яку ним соли охир мутаассифона аз ин ҷиҳат САҲА вазифаҳои ба зимма доштаи худро иҷро карда натавонист ва бисёр проблемаҳо монанди қабули Қонуни интихобот, фишор болои аҳзоб ва матбуоти ғайридавлатӣ ба вуҷуд омаданд."»

Ин дар ҳолест, ки Андрей Шагунов раҳбари САҲА дар Тоҷикистон қонуни нави интихоботи ин кишварро як қонуни мукаммал ва пурра ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ намеҳисобад ва мегӯяд, зимни таҳияи ин қонун пешниҳоду тавсияҳои Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ҳамчунин дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ роҷеъ ба ислоҳи матни қонун пурра ба назар гирифта нашудаанд. Дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод барои пешгирӣ аз тақаллубкорӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ тавсияву эродҳои САҲА- ро ба инобат гирифта, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намудааст. Бино ба иттилои маркази ин созмон дар Душанбе, 130 нафар нозирони кишварҳои узви САҲА интихоботи моҳи феврали Тоҷикистон назорат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG