Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зебуннисо Рустамова - камонкаши номии тоҷик 50-сола шуд


Зебунисо Рустамова - камонкаши номии тоҷик рӯзи 29 январ 50 сола шуд. Комёбиҳои Зебунисо баландтарин қуллаест, ки як ҷавонзани тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст. Ӯ дар соли 1975 ду маротиба дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ дар байни занон соҳиби медалҳои тиллоӣ ва унвони қаҳрамони ин навъи варзиш шудааст. Дар солҳои 1975 ва 1976 Зебунисо дар мусобиқаҳои аврупоӣ доир ба камонварӣ дар байни занон боз ҳам медалҳои тиллоӣ ба даст овард ва Қаҳрамони Аврупо шинохта шуд.
Комёбиҳои варзишии Зебунисо Рустамова бо ҳамин поён наёфтааст. Дар соли 1976 ӯ дар Бозиҳои ҷаҳонии олимпӣ ширкат ҷуст ва дар миёни занони камонкаши ҷаҳон сазовори медали биринҷӣ гардид. 8 рекорди ҷаҳонӣ дар навъи камонкашӣ ба Зебунисо Рустамова аз Тоҷикистон тааллуқ дорад. Чунин ба назар мерасад, вай пас аз сипарӣ шудани 1000 сол аз суруда шудани «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ - ҳамосасарои асри даҳи милодии форсу-тоҷик бо дастовардҳои варзишии худ собит сохт, ки Фирдавсии шоир дар ҳамосаи худ Гурдофариди камонкашро аз тахайюли худ наофарида, балки чунин занони камонвар дар байни занони тоҷик дар ҳама асру замон воқеан вуҷуд доштааанд.
Мусоҳибаи ихтисосии Зебуниссо бо Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG