Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи маъракаи таблиғоти шифоҳии номзадҳо дар минтақаи Кӯлоб


Кӯлоб

Дар минтақаи Кӯлоб маъракаи таблиғотии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон шурӯъ шуд. Аммо дар ин водӣ ин маърака вижагиҳои хос дорад. Номзадҳо иҷборан ба маъракаи таблиғоти шифоҳӣ даст задаанд.
Коршиносон мегӯянд, бо қаблан бастани нашрияҳои мустақил ҳукумат дари ташвиқу таблиғоти расмиро ба рӯи аҳзоби сиёсӣ баст. Ҳамакнун дар Кӯлоб танҳо ду газета - "Кулябская Правда" ва "Садои Кӯлоб" - нашр мегарданд, ки мутаносибан моли ҳукумат ва Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ҳастанд ва гумон аст, ки онҳо ба унвони мисол ормонҳои интихоботии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро дар саҳафоти худ ҷой бидиҳанд.
Муҳаммадраҳим Қараев, раиси ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг мегӯяд, басташавии нашрияҳои мустақил дар тобистони соли 2004 маҳз бо маъракаи таблиғотии интихоботи соли 2005 бастагӣ доштааст: "Басташавии қаблии газетаҳои «Рӯзи Нав», «Одаму Олам», «Адолат» ва дигару дигар ба маъракаҳои сиёсии имрӯза ва интихоботи президентӣ бастагӣ доштанд. Ва барои ҷамоъае, ки даъвои демократия дорад, ин амал хушоянд нест."
Ҳамроҳхон Сафаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар минтақаи Кӯлоб меафзояд, ин ҳизб дигар имкони таблиғу ташвиқи ормонҳои худро пас аз басташавии нашрияҳои озод аз даст дод: «Имрӯз барои мо имконияте вуҷуд надорад, ки тавассути телевизиони марказиву маҳаллӣ марому мақсади худро ба мардум муаррифӣ кунем.»
Ва аммо Шариф Комилов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, номзадҳо дар минтақа наметавонанд, аз 15 дақиқа вақти расман ба онҳо ҷудо шуда ба дурустӣ истифода баранд, зеро дар минтақа пайваста қувваи барқ қатъ мегардад ва мардум имкони дидани телевизион ва шунидани радиороо надоранд: «Гап дар он аст, ки натанҳо телевизиону радио ва газета нест, ҳатто барқ нест дар минтақа! Барқро аз соати 6 то 9-и бегоҳ медиҳанд ва ҳамонро боз дар байн чанд бори дигар мекушанд ва аз соати 6 то соати 8 субҳ барқ медиҳанд. Оқибати ин кор равшан аст: Мардуме, ки имкони хондан надошта бошад, имкони тамошо надошта бошад, имкони шунидан надошта бошад, чӣ гуна интихоботе барои онҳо баргузор мегардад?! Воқеъияти зиндагии минтақаҳо ҳамин аст, ки мардум шунидаанд, ки касе мехоҳад депутат шавад, лекин тартибу низоми баргузории интихобот ба мардум шинос нест.»
Дар ҳамин ҳол, ягона роҳи расонидани ормонҳои номзадҳо ба самъи интихобкунанда роҳи таблиғоти шифоҳӣ боқӣ мондааст. Яъне, номзадҳо маҷбуранд дар ин маърака аз роҳу усули сенаторҳои Юнони қадим кор бигиранд ва ба деҳу қасабаҳо рафта, шахсан бо ҳар як молики раъй мусоҳиб шаванд. Шариф Комилов мегӯяд, дар ин маврид на ба ҳама номзадҳо имконияти молӣ даст медиҳад, ки бо куллия интихобкунандагони худ вохӯранд: «Фақат баъзеҳо метавонанд бо интихобкунандагон вохӯранд. Бархе номзадҳо ҳамин имконро ҳам надоранд.»
Аз ҷониби дигар, номзадҳо ба вакилии парлумон дар минтақаи Кӯлоб имкони истифода аз таблиғоти радиоиро ҳам надоранд. Зеро дар тамоми навоҳии водии Кӯлоб радиои маҳаллӣ фаъол нест.
XS
SM
MD
LG