Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро бештар занон худкушӣ мекунанд?


Муҳайёи 18-сола, сокини шаҳри Душанбе чанд рӯз қабл дар даромадгоҳи манзили зист худро овехтааст. Ба гуфтаи пайвандон ва ҳамсояҳо, Муҳайё таҳсилкардаву, ҳунарманд ва зидагидӯсту кушодачеҳра буд ва то лаҳзаҳои охирини умраш ҳеҷ як нишонае аз зиндагибезорӣ ва яъсу ноумедӣ дар рӯҳияву чеҳрааш дида намешуд. Модари Муҳайё мегӯяд, хонаводаи онҳо аз назари молӣ камбуде надоранд ва дар миёни онҳо ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббату эҳтиром ба якдигар ҳукфармост ва барои ҳамин барои модар ва пайвандони Муҳайё сабаби аслии ин фоҷиа то ҳол номаълум аст: "Духтари баномус буд. Ҳеҷ касро намеранҷонд ва нисбати худ ҳам намегузошт, касе беэҳтиромӣ кунад."

Модари Муҳайё афзуд, онҳо то ҷое талош кардаанд, ки гунаҳкорони марги духтарашонро пайдо карда, ба додгоҳ кашанд, аммо маъмурияти корхонае, ки Муҳайё дар он кор мекард ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиддан ба ин кор машғул нашудаанд ва ин ҳодисаро ҳамчун натиҷаи хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта ба он нуқта гузоштаанд.
Модари Муҳайё: "Ҳамин қадар фикр мекунам, намедонам, ки сабаби ин фоҷиа чӣ бошад. Ба назари ман, шояд ягон кас ӯро тӯҳмат кард, бадном кард, мабодо падару модарам фаҳманд, бо ман чӣ мешавад гуфта, тарсид, ки худро кушт."

Пизишки шинохтаи тоҷик Зебо Баҳромова иллати солҳои ахир ба маротиб густариш пайдо намудани худкуширо дар миёни ҷавонон ва духтарони то 20-солаи тоҷик чунин шарҳ дод: "Бештар духтарон худкушӣ мекунанд ва сабабашро ман дар муҳити оила ва тарбияи духтарон мебинам. Модар духтари 16-солаашро ба марди 40-сола маҷбурӣ ба шавҳар додаст. Духтар дониши хуб дорад, мехоҳад хонад ва касберо аз худ кунад, аммо модар ӯро фаҳмидан намехоҳад. Духтар худро ба дарё партофтанӣ шуд. Ман маҷбур шудам, ба ӯ дурӯғ гӯям, ки модарат бемории саратон дорад ва ба ҳамин хотир туро хост зудтар ба шавҳар диҳад."

Тибқи омори созмонҳои ғайридавлатӣ, мизони худкушии ҷавонон ва духтарони то 20-сола дар Тоҷикистон тайи 5 соли ахир ба маротиб афзудааст. Агар дар соли 2003-ум 85 ҳодисаи марбут ба худкушӣ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2004 ин рақам ба 97 расидааст. Аз ин 50 дар садро ҷавонон ва ноболиғон ташкил мекунанд. Ҷомеашиносон сабабҳои аслии афзоиши худкушии ҷавононро ба бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар, вазъи ногувори иҷтимоии оилаҳо, дастрасӣ надоштани ҷавонон ба таълим ва донишҳои ҳуқуқӣ ва ба рушди бекорӣ дар миёни ҷавонон вобаста медонанд.
XS
SM
MD
LG