Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти тифлони хиёбонӣ ва ё бачагони кӯча вазифаи кист?


Дилафрӯзи Ҷамолиён

«Бачагони кӯча» - ин истилоҳ имрӯзҳо бештар вирди забонҳо мегардад ва мақоми он дар захираи луғавии тоҷикон мустаҳкам мешавад. Аммо дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бо истифода аз ин истилоҳ ҳамчунин аз раванди хеле номақбули иҷтимоӣ дар ҷомеа - проблемаи кӯдакони бепарастор низ ҳарф мезананд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки мавзӯи «Бачагони кӯча» солҳои охир ба як проблемаи ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Бинобар адами назорати волидайн ва ҳам муассисоти марбутаи масъул кӯдакону наврасони зиёд тарки мактаб намуда, ба сафи бачагони кӯча мепайванданд. Ин тоифа бо чӣ кор машғуланд ва ояндаи онҳо чӣ гуна хоҳад буд, касе намедонад.

Ба гуфтаи коршиносон омори расмӣ аз хусуси тарки мактаб кардани кӯдакону наврасон воқеиятро инъикос намекунад. Масалан, бино ба ин маълумот соли сипаришуда танҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки наздик ба 33 ҳазор хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дорад, 192 нафар кӯдакону наврасон дарсҳоро тарк гуфтаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, бо назардошти шумораи кӯдаконе, ки имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳр ароба мекашанд, ҳазориспанд дуд мекунанд ва ё дар кӯчаҳои мухталиф мошин мешӯянд, ин арқом ба карат зиёд аст. Дар ин замина мақомоти интизомӣ бештар аз ҳама бонги изтироб мезанад, зеро ба гуфтаи онҳо сафи ҷинояткорон аз ҳисоби бачагони кӯча ахиран афзоиш ёфтааст. Бино ба маълумоти идораи умури дохилаи вилоят соли сипаришуда ҷиноятҳое, ки ноболиғон содир кардаанд, нисбат ба соли 2003 кам шуда бошад ҳам, шумораи иштирокчиёни ин ҷиноят 85 фоиз зиёд шудааст.

Ба гуфтаи Ҳакимчон Раҷабов - масъули бахши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғони ин идора махсусан бачагоне, ки мактабро тарк кардаанд ва бекоранд, бештар ба ҷиноят даст мезананд: «Ноболиғоне, ки мактабро тарк кардаанд ва бекоранд, барои он ҷиноят содир мекунанд, ки шуғли асосӣ надоранд ва ба тарзи зисти озод, вале пурпеч одат гирифтаанд. Ин тоифа дар вилоят соли 2003-юм 89 ҷиноят содир кардааст. Соли 2004-ум бошад онҳо дар содир кардани 156 ҷиноят муттаҳам мешаванд. Ин далели он аст, ки бино ба паст будани сатҳи зиндагӣ ва адами назорат аз ҷониби волидайн ва хам муасссисоти таълимӣ, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон зуд афзоиш меёбад."

Оё «бачагони кӯча» - партоби ҷомеа ба ҳисоб мераванд? Кӣ бояд бо онҳо машғул бошад ва манфиатҳои онҳоро ҳимоят кунад? Ба хотири дарёфти ҷавоб ба ин суол мо ба комиссияи кор бо ноболиғони ҳукумати шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардем. Тӯҳфахон Эргашева, корманди масъули ин сохтор мегӯяд, ахиран дар фаъолияти ин гуна комиссияҳо, ки дар назди ҳамаи ҳукуматҳои шаҳриву ноҳиявӣ амал мекунад, тағйироти ҷиддӣ ворид шудааст.
Акнун комиссияҳо дар баробари мақоми назоратӣ доштанашон, ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ва ба ҳаёти дуруст ҳидоят кардани бачаҳои душвортарбия талош меварзанд. Ин гуна комиссияҳо бо шӯъбаҳои маориф ва корҳои дохила муштаракан кор мебаранд. Ӯ меафзояд, соли 2004-ум комиссияи кор бо ноболиғони ҳукумати шаҳри Хуҷанд шаш амалиёт доир карда, 182 нафар ноболиғи тарки мактаб карда, ё бо корҳои ғайриқонунӣ машғул бударо ба қайд гирифт.

Тӯҳфахон Аҳмадова мегӯяд: "Аз ҳамон бачаҳои дастгир карда мо қариб 78 нафарашонро аз нав ба мактаб ҷалб кардем. Ҳозир бачаҳо мехонанд. Ҳабдаҳ нафаронашонро дар омӯзишгоҳи касбӣ техникӣ ҷой намудем, 22 нафаронашонро бо кор таъмин кардем ва аз болои 44 нафар бачаҳо ва 23 оилаи онҳо назорат ҷорӣ карда шуд.»
Аммо коршиносон мегӯянд, аз ҷумлаи бачагоне, ки ба мактаб баргардонида мешаванд, на ҳама таҳсилро идома медиҳанд."


Бино ба гуфтаи Наима Оқилова мураббии маркази бачагонаи «Дасти мадад» мактаб низ на ҳамеша манфиатдор аст, ки «бачагони кӯча ва ё душвортарбия» аз нав бо таҳсил фаро гирифта шаванд: "Проблема дар он аст, ки мактабҳо хоҳиши аз нав қабул кардани « бачаҳои кӯчаро» надоранд, зеро фикр мекунанд, ки ин гуна бачагон ба хонандагони дигар таъсири манфӣ мерасонанд." «Дасти мадад» яке аз созмонҳои ғайридавлатист, ки тайи 7 сол инҷониб «Бачагони кӯча» - ро сарҷамъ карда, бо онҳо машғулият мегузаронад. Баъзе аз онҳо аслан савод надоштанд, баъзеи дигар бадмастӣ мекарданд, баъзе бепарастор ва баъзеи дигар аз назари волидайн дур монда буданд. Ҳоло аз тарбиятгарони ин марказ як нафар донишҷӯ ва 3 нафар кори доимӣ пайдо кардаанд.

Дар Хуҷанд боз 2 созмони дигари ғайридавлатӣ мавҷуд аст, ки бо «бачагони кӯча» машғул аст. Маркази ҷавонони «Дина» ҳамон «бачагони кӯча»-ро, ки ба нашъамандӣ ва токсикомания гирифторанд, муолиҷа ва тарбият мекунад. Созмони ғайридавлатии «Саодат» бошад, ба касбомӯзии «бачагони кӯча» таваҷҷӯхи бештар зоҳир мекунад. Шаҳодат Султонова корманди масъули ин созмон азҷумла чунин мегӯяд: «Бо дастгирии наҷоти кӯдакони Британия мо як маркази кӯдакон ташкил кардем, ки дар он ҷо асосан кӯдакони бе падар, бе модар, ё кӯдаконе, ки аз мактаб дур мондаанд, кӯдакони душвортарбия, кӯдаконе, ки бо қонун мухолифат доранд, онҳо ба ҳамин маркази мо меоянд. Дар ин марказ бисёр кружокҳое, ки бо хоҳиши онҳо ҷавобгӯ аст мавҷуд аст, ба кӯдакон машғулиятҳо мегузаронанд, инчунин боз касбомӯзӣ мекунанд.»

Дар ҳамин ҳол ин 3 созмони ғайридавлатӣ ҳам дар машғулиятҳои худ ҳамагӣ 120-130 нафар «бачагони кӯча» -ро фаро мегиранд. Масъулини ин созмонҳо низ мегӯянд, ки дар айни ҳол онҳо имкони аз ин бештар надоранд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки теъдоди зиёди кӯдакони кӯча ҳамоно аз назорат дур мондаанд. Ва хавфи ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки теъдоди онҳо дар шароити кунунӣ боз ҳам зиёд шавад. Аммо оё роҳи ҳалли масъала дар куҷост? Шаҳодат Султонова мегӯяд, тамоми нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам ҷамъиятӣ бояд дар ин кор муттаҳид бошанд. Имрӯз анҷоми ин корро бо дарназардошти вазъи ноҷӯри иқтисодӣ, танҳо ба давлат вогузор кардан иштибоҳ хоҳад буд. Ба андешаи ӯ, яке аз роҳҳои ҳалли масъала пуштибонӣ кардан аз маориф ва ҳам баланд бардоштани нақши кумитахои худидораи маҳаллавӣ мебошад. Созмони «Саодат» ҳоло ба тариқи озмоиш дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ин корро анҷом доданӣ аст. Ҳадаф ин аст, ки истиқоматкунандагони маҳалла низ барои ҳар як сокини он масъулият эҳсос кунанд. Оё ин озмоиш ба ҳалли проблемаи «бачагони кӯча» то чӣ андоза таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт, вақт нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG