Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои Бадахшон барои Ҳизб-ут-Таҳрир баста аст


Мақомоти расмӣ мавҷудияти Ҳизб-ут-Таҳрирро дар вилояти Бадахшон рад мекунанд. То ба ҳол ягон сокини вилоят бо иттиҳоми фаъолият дар ин ҳизби мамнӯъ ва ё иртибот бо он муттаҳам нашудааст. Чанд сол қабл як шаҳрванди Ӯзбакистон ба гумони робита доштан бо Ҳизб-ут-Таҳрир ва кӯшиши тарғиби ғояҳои ин ҳизб дар Бадахшон боздошт шуда буд. Аммо дар рафти тафтиш ин фарзия тасдиқ нашуд ва шаҳрванди Ӯзбакистон танҳо бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон ба ҷавогарӣ кашида шудааст, изҳор дошт сухангӯи Идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон Фаромурз Фаромурзов.

Дар ҳоле, ки доир ба фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон гузоришҳо пайваста нашр мешаванд, оё барои ин ҳизб Бадахшон ҳамчун гӯшаи дастнорас боқӣ мондааст? Ба ақидаи журналист Лутфишои Қимматшо, сабаби ба ин вилоят роҳ наёфтани Ҳизб-ут-Таҳрир ба минтақа қабл аз ҳама ба ду омил вобаста аст: ғайриқонунӣ ва мамнӯъ будани ҳизб ва дигарӣ мутбиқат надоштани ин ҳизби бунёдгаро ба афкор ва ҷаҳонбинии мардуми минтақа.
Қисмати умдаи сокинони Вилояти Мухтори Бадахшон пайравони мазҳаби шиа мебошанд. Бархе аз сокинони вилоят дар сӯҳбат гуфтанд, дар солҳои беназмӣ бо истифода аз вазъ афроди алоҳидаро дар шаҳру деҳот дидан мумкин буд, ки гумон мерафт ба тарғиби динҳои дигар ба минтақа омада бошанд.
Сиёсатшинос устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маҳмад Алишоев сабаби ба нокомӣ анҷом шудани ин ҳаракатҳои миссионерӣ ва роҳ наёфтани онҳоро ба минтақа ва побарҷо мондани фарҳангу анъанаҳои милливу мазҳабӣ дар манотиқи кӯҳистон вобаста медонад: "Арзишҳои милливу мазҳабӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мустаҳкаманд, имкон намедиҳанд, ғояҳои бегона ба он роҳ ёбанд."

Ҳизб-ут-Таҳрир, ки таъсиси Хилофати исломиро ҳадафи хеш қарор додааст, дар Арабистони Саудӣ зуҳур кардааст ва бино ба иттилои расмӣ, то кунун беш аз 150 нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар ин ҳизб, ё ҳамкорӣ бо он зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG