Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Маҳмуд Аббос дар интихоботи Фаластин


Маҳмуд Аббос, сиёсатмадори мӯътадили фаластинӣ бо беш аз шасту ду дар сади овозҳо раисиҷумҳури Фаластин интихоб шуда ва рақиби асосии ӯ Мустафо Барғутӣ дар интихобот 20 дар сади раъйҳоро намудааст.
Акнун Маҳмуд Аббос номзади Созмони озодихоҳи Фаластин мансабҳои собиқ раҳбари Фаластин ва созмони Фатҳи Ёсиро Арафотро, ки моҳи ноябри соли 2004 даргузашта буд, ишғол мекунад.
Маҳмуд Аббос борҳо хостори қатъи шӯриши фаластиниён шудааст, зеро ба гуфтаи ӯ онҳо бо роҳи низомӣ Исроилро мағлуб нахоҳанд кард. Маҳмуд Аббос пас аз барранда шудан дар интихобот гуфт, ки мушкилоти зиёд, аз ҷумла сарнавишти муҳоҷирони фаластинӣ интизори ҳалли одилона мебошад.
Аз доктор Алиризо Нуризода - пажӯҳишгари Маркази омӯзишҳои Эрон ва Ховари Миёна, воқеъ дар Лондон пурсидам, ки акнун Маҳмуд Аббос бояд чӣ барномаеро матраҳ намояд, то ки мавриди пазироии Исроил, фаластиниён ва мамолики арабӣ қарор бигирад.
Посухи ин суол ва андешаҳои дигари Алиризо Нуризода доир ба таҳҳавулоти ояндаи сулҳи Ховари Миёнаро зери ин хати сабз дармеёбед.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо аз натиҷаҳои интихоботи Фаластин истиқбол карда ва Фаронса, Британия, Испания Маҳмуд Аббосро бо пирӯзиаш дар он табрик гуфтаанд. Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия аз Маҳмуд Аббос даъват кардааст, то аз Маскав боздиди расмӣ анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG