Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти ҷарроҳии бесобиқаи табибони тоҷик


Агарчӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низоми беҳдоштии Тоҷикистон бо мушкилиҳои фавқулодда зиёд рӯ ба рӯ шуд ва ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯст, аммо муовини раиси Маркази илмии ҷарроҳии дил , рагҳои хунгузар ва қафаси синаи Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов мегӯяд, сарфи назар аз мушкилиҳо табибони тоҷик дастовардҳое доранд, ки шояд илми тибби ҷаҳон бори аввал шоҳиди он мешавад. Ин бемористон аз соли 1995 ин тараф тамоми амалиётҳоеро, ки дар шӯъбаи ҷарроҳии реконструктивӣ, ё пластикӣ ва ё дар шӯъбаҳо мешавад, аксбардорӣ ва дар компютер сабт мекунад.

Убайдулло Қурбонов афзуд, ки соли гузашта ҷарроҳиҳои дил бо истифода аз таъмини сунъии гардиши хун барқарор шуданд, вале ин қабил амалиёт ба доруву дармони фавқулодда гарон эҳтиёҷ дорад. Дар баробари ин ба гуфтаи табиби тоҷик марказ соли гузаштаро бо дастоварди таърихие ба поён расонд: "Яке аз амалиётҳое, ки мо дар моҳҳои ахир гузарондем, ин реплантатсияи (васли дубора) олоти ҷинсии буридашуда, кандашудаи кӯдаки шашсола буд. Устои ботаҷриба (табиби мардумӣ, ки атфолро хатна мекунад) ногаҳон ва нофаҳмида теғро поёнтар мезанад ва олоти ҷинсии кудаки шашсоларо тамоман бурида ҷудо мекунад. Усто, ки аз хадамоти бемористони мо бохабар будааст, пас аз бист дақиқа тифлро ба назди мо овард. Мо пас аз амалиёти чорсоата олоти ҷинсии тифли шашсоларо дубора барқарор кардем. Ин нахустин чунин амалиёт дар Тоҷикистон буд, агарчӣ амалиёти васли ангуштҳо, пойҳо ва дастҳои бурида дар кишвар 15 сол боз гузаронда мешавад, аммо ин гуна амалиёт дар таърихи тибби Тоҷикистон бори аввал буд."

Ба гуфтаи Убайдулло Қурбонов тақрибан даҳ сол инҷониб ҷарроҳони Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил, рагҳои хунгузар ва қафаси сина дар беҳтарин марказҳои Олмон касби худро такмил менамоянд. Ҳамчунин соли гузашта ҷарроҳони Олмон ва Русия дар Тоҷикистон чанд амалиёти ҷарроҳии нодири дил ва пластикӣ гузарониданд.
XS
SM
MD
LG