Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли вуқӯъи зилзилаи шадид дар Осиёи Марказӣ


Зилзилашиноси тоҷик Собит Неъматуллоев ҳушдор медиҳад, офатҳои табиии Осиёи Ҷанубӣ дар эҳтимол дорад дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон ва қаламрави Осиёи Марказӣ акси садо диҳад. Вай мегӯяд, таҳқиқотҳои тулонӣ собит кардаанд, ки ҳар 100 сол заминларзаҳои шадиде дар ҷаҳон такрор мешаванд, ки маъмулан паёмадҳои мудҳиш доранд. Собит Неъматуллоев меафзояд: "Заминларза соли гузашта дар Эрон шуда буд, дар Португалия ва Испания такрор ёфт. Дар Осиёи Миёна шурӯъ мешавад, заминларза ҳар 100-130 сол такрор мешавад, агар чунин заминларзаҳо такрор ёбанд, кишвари мо хароб хоҳад шуд."

Нигаронии донишманди тоҷик аз он маншаъ мегирад, ки зербинойи низоми зилзилашиносии Тоҷикистон баъди шикасти шӯравӣ ва замони ҷанги шаҳрвандӣ қариб пурра маҳв шуд. Ӯ мегӯяд, кулли марказҳои сейсмологии кишвар, ки дар миқёси шӯравӣ беҳтарин хадамоти огоҳу таҳлил буданд ва ҷумбиши заминро назорат мекарданд, хароб гардидаанд. Дар айни ҳол камбуди мутахассисони соҳа ва таҷҳизоти заруриву сармояи кофӣ омӯзишҳои таҳаввулоти ҷумбишҳои қишри заминро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Собит Неъматуллоев изҳори нигаронӣ мекунад, ки эҳтимоли такрори заминларзаи шадиди соли 1907-и Қаратоғ ва ё зилзилаи водии Бартанг дар соли 1911, ки ба пайдоиши кӯли Сарез сабаб шудааст, ҳануз ҳам по бар ҷост. Таърих дар он замон шоҳиди марги ҳазорон ҳазор мардуми маҳаллӣ гардида буд.
Дар айни замон ба андешаи Собит Неъматуллоев, на фақат набуди марказҳои сейсмологӣ, балки оддитарин иштибоҳҳои бинокориву сохтмон сабаби сар задани офатҳои даҳшатбор шуда метавонанд: "Дар 50 соли ахир бисёри биноҳои шаҳр (Душанбе) таъмир нашудаанд, 50 фоизи онҳо дар ҳоли харобӣ ҳастанд, пойгоҳҳои омӯзиши сарбандҳои неругоҳҳоро низ бояд аз нав сохт."

Зилзилашиносони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки дар солҳои охир зимни сохтмони манзилҳо дар ин кишвар қоидаҳои бинокорӣ, мисли кӯшиши шинохти қишри замин аз назари эҳтимоли таконёбии он, риоя намешаванд. Светлана Ҷумъаева, мудири Барномаи ҷилавгирӣ аз офатҳои табии Оҷонси швейсарӣ оид ба рушд дар ин замина мегӯяд: "Муддати зиёд аст, ки кодҳои заминӣ омӯхта намешаванд, яъне маҳалҳои сохтмон аз лиҳози мутобиқат ба заминларза мавриди назорату омӯзиш қарор нагирифтаанд. Ҳарчанд ин рамзҳоро ҳукумат ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар ихтиёр дорад, аммо амалан наметавонад, иҷрои ин муқарраротро назорат кунад. Аксари манзилҳое, ки дар ин авохир бунёд шудаанд, бидуни назардошти талаботи заминларза сохта шудаанд."

Ба андешаи зилзилашинос Собит Неъматуллоев, барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сар задани зилзилаҳои шадид дар Тоҷикистон ва минтақа ҳанӯз 2-3 соли дигар боқӣ мемонад ва дар ин фурсат бояд кулли барномаҳои ҷилавгирӣ аз хатарҳои зилзила амалӣ шаванд. Яке аз чунин барномаҳое, ки ба иҷрои он умеди зиёд баста мешавад, ин эҳёи марказҳои сейсмологии Тоҷикистон аст. Ин барнома дар фурсати наздик бояд аз ҷониби Оҷонси швейсарӣ оид ба рушд маблағгузорӣ шавад. Светлана Ҷумъаева, мутахассиси ин оҷонс мегӯяд:
"Мушаххасан дар қаламрави Тоҷикистон мо эҳёи 7 бунгоҳи зилзилашиносиро дар назар дорем, ки бо дастгоҳҳои нави рақамӣ насб хоҳанд шуд. Дар натиҷа ин бунгоҳҳо барои дарёфти иттилоъ ва табодули маълумот дар заминаи зилзилашиносӣ мусоидат мекунанд ва дар оянда мо ният дорем, ки табодули иттилоъро дар миёни марказҳои зилзилашиносии Тоҷикистон ва манотиқи марзии Афғонистон ва Чин ҳам тавсеа бубахшем."

Алъон мутахассисони тоҷик бо марказҳои модерни зилзилашиносии Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ доранд, то дар пиёдасозии барномаҳои худ аз таҷрибайи онҳо истифода баранд. Ҳамчунин бо машварати Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон ин шабу рӯз барои мактабиёни кишвар маводи таълимӣ роҷеъ ба заминларза, рафтори инсон дар ҳолатҳои такон хӯрдани замин ва иттилоот роҷеъ ба мавқеъҳои боамни шаҳру деҳоти кишвар ба нашр мерасанд. Қарор аст, ин мавод дар барномаҳои таълимии мактабҳо ворид гарданд.
XS
SM
MD
LG