Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2004


Ваъдаи 2 миллиард доллар сармояи русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар 5 соли наздик, ки моҳи октябр зимни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон эълон шуд, муҳимтарин дастоварди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2004-ум унвон мешавад.
Дар ҷараёни ин сафари оқои Путин, аз ҷумла байни давлати Тоҷикистон ва ширкати "Русский Алюминий"("РусАл") чанд қарордоди муҳим ба имзо расид, ки бар асоси он "РусАл" мукаллаф шудааст, барои бунёди обанбори нирӯгоҳи Роғун 560 миллион доллар, барои сохтани корхонаи нави алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳудуди 600 миллион доллари дигар ҷудо карда, дар заминаи корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ду коргоҳи нави гудохтани электролиз бино кунад, ки иқтидори ин корхонаро ба 100 000 тонна алюмини дигар дар сол хоҳад афзуд.
Александр Лившитс, муовини раиси ширкати "РусАл" мегӯяд, ки ин ширкат ба хусусигардонии корхонаи ТадАЗ, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон низ бо таваҷҷӯҳ нигоҳ мекунад: "Тибқи пешбиниҳои мо, корхонаи нави арзиз соли 2013 ба пуррагӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Нахустин коргоҳи он бояд соли 2010 ба фаъолият шурӯъ кунад. Аммо замони оғози бунёди корхонаро алҳол наметавон гуфт, зеро чун ҳар лоиҳаи дигар он метавонад ҳангоми омӯзишу баррасии тарҳ тағйир ёбад. Муттахасисони мо пайваста ин ҷо омада, меомӯзанд, ки ин ҷо чӣ мегузарад, чӣ кор бояд кард ва чӣ қадар маблағ зарур аст. Ва ин як ҷараёни оддии кор аст."
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон як барномаи то соли 2007 ба хусусигардонӣ омода сохтани корхонаи алюминсозии Регар ("ТадАЗ")-ро рӯи даст гирифта, моҳи декабр Абдуқодир Эрматовро дар симати раҳбарии ин корхона ба Садриддин Шарифов иваз намуд, ки низ қадами дигаре дар роҳи ҳаракат ба сӯи хусусӣ шудани ин корхонаи азим талаққӣ мешавад.
Наздик ба 60 дарсади маблағи содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ҳамин корхона ба даст меояд ва дар соли гузашта тавлидоти "ТадАЗ" барои нахустин бор дар чандин соли гузашта марраи 300 000 тоннаро фатҳ намуд.
Талбон Бухориев, мудири шуъбаи саноат дар вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон: "Дар 11 моҳи сол корхонаи алюминии Тоҷикистон ба миқдори 329 000 тонна алюмини аввалия баровардааст. Моҳона тақрибан 31 000 тонна алюмин мебарорад. Агар ба 12 моҳи сол зарб занем, дар сол 360 000 тонна мешавад."
Бар асоси тавофуқоти моҳи октябр, Русия ҳамчунин дар ивази 242 миллион доллар қарзи давлатии Тоҷикистон ҳаққи моликият бар маркази кайҳонии Норакро касб намуда, 50 миллион доллари боқимонда аз қарзи мазкурро бо иловаи 200 миллион доллар сармояи дигар ба сифати саҳми худ дар идомаи сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда эътироф намуд.
Ин дар ҳоле буд, ки як моҳ пештар зимни сафари раисиҷумҳури Эрон Муҳаммади Хотамӣ ба Душанбе, Тоҷикистону Эрон ҷиҳати таъсиси як ширкати муштараки бунёди нирӯгоҳи Сангтӯда созишнома имзо карда буданд ва ҷониби Эрон барои шурӯъи кори Сангтӯда ба Тоҷикистон ваъдаи 150 миллион доллар сармоя карда буд.
Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон: "Панҷоҳу як фисади нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда ин аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 49 фисадаш аз они ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳое, ки ҳамроҳ мешаванд, яъне ҷониби Русия. Барои ба анҷом расондани ин сохтмон бояд дар оянда 250 миллион доллар аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 100 миллион доллар аз ҷониби Федератсияи Русия изҳор доштанд, ки маблағгузорӣ мекунанд. Ва дар 4 сол бояд ба итмом расад."
Ва аммо баъди як моҳ саҳми Русия дар ин сохтмон аз 100 ба 250 миллион доллар баланд хест ва тааҳҳуди Душанбеву Теҳрон ҷиҳати таъсиси як ширкати муштараки таҳти назари Эрон барои идомаи бунёди Сангтӯдаро зери шуоъ бурд.
Ба назари таҳлилгарон, акнун иҷрои барномаҳои сармоягузории сохтмони Сангтӯда ба чӣ андоза ба ҳам гузашт кардани Теҳрону Маскав дар ин масъала бастагӣ дорад.
Русия мегӯяд, ба ин манзур аллакай бо ҷониби Эрон вориди музокирот шуда ва аввалин даври гуфтугӯи ҷонибҳо дар Теҳрон дар моҳи декабр муваффақиятомез будааст.
Ва аммо акнун масъалаи дигар барои Тоҷикистон пайдо кардани бозори фурӯш барои нирӯи барқест, ки дар сурати эҳдоси Сангтӯда ва сохта шудани обанбору ду муҳаррики Роғун ба даст хоҳад омад.
Тоҷикистон имсол бо Покистон тавофуқе баст, ки бунёди хаттҳои баландшиддати интиқоли нирӯи барқ байни ба ин кишварро тавассути дараи Вахон дар назар дорад.
Ва ҳам дар соли гузашта байни Тоҷикистону Русия қарор шуд, ки Душанбе дар мавсими гармо ҳамасола ба Русия 1 миллиарду 400 миллион киловатт нирӯи барқ хоҳад дод. Тааҳҳуде, ки имсол ба иллати саркашии ҷониби Узбакистон аз транзити ин миқдор нирӯи барқи Тоҷикистон ҷомаи амал напӯшид ва ин кишварро дар ин зимистон боз ҳам бо мушкили адами нирӯи барқу газ рӯбарӯ гузошт.
Дар соли гузашта ҳосили солонаи пахта, як маҳсулоти умдаи содиротии дигари Тоҷикистон барои бори аввал дар чанд соли охир беш аз 550 000 тоннаро ташкил дод.
Мизони рушди маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар имсол ба 11 фоиз наздик шуда ва буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли ояндаи 2005-ум ба маблағи муодили 425 миллион доллар, яъне 100 миллион доллар бештар аз як соли пеш таҳия шудааст.
Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, пешрафтҳои макроиқтисодии кишвар ва ба хусус коҳиши бори гарони қарзҳои хориҷӣ роҳи дарёфти кӯмакҳои бештари байналмилалиро барои давлат ҳамвор мекунад: «Дар соли 2003 ва 11 моҳи соли 2004 қарзи беруна ба андозаи 338, 8 миллион доллари амрикоӣ кам гардид. Агар дар соли 2003 қарзи беруна нисбати ҳадди маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ 66,3 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2004 ин нишондод 42,8 фоизро ташкил намуд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки аз институтҳои моли хориҷӣ маблағҳои иловагӣ ҷалб намоем. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд қарзҳои навро танҳо дар асоси шартҳои имтиёзнок ва барои соҳаҳои афзалиятнок ҷалб мекунад.»
Ва аммо бо вуҷуди рушди макроиқтисодӣ, вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз қарзҳову кӯмакҳои хориҷӣ тақрибан ба сурати пешин боқӣ монда, сатҳи зиндагии мардум дар ин кишвар тағйири чандоне накардааст ва рӯзии ағлаби ин мардум ҳамчунон аз ҳисоби мардикорӣ дар хориҷ ба даст меояд.
Бино бар оморҳо, садҳо ҳазор мардикори тоҷик фақат аз Русия солона то 250 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд, ки тақрибан баробари буҷаи солонаи ин кишвар аст.
Бо ин ҳол, мақомоти Душанбе дар соли гузашта эълом доданд, ки дар чанд соли охир тавассути татбиқи барномаи коҳиши фақр шумори мардуми бенаво дар Тоҷикистон аз 83 дарсад ба 68 дарсад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG