Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи тиллоии атфоли хиёбонии Душанбе


Раҷабалӣ Шариповро камбизоатӣ аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе овардааст. Бо мақсади таъмини наздикон ва фароҳам овардани шароити таҳсил барои бародарони хурдсол, дар бозори Саховат ба мардикорӣ машғул аст:
"Омадем, то ки дар Душанбе аробакашиву халтафурӯшӣ кунем. Дар болои чакдон хоб меравем, хеле хаста мешавӣ, хона боз дигар аст, шустушуй карда метавонӣ. Ман мехоҳам, камтар пул ҷамъ намуда, баъди хизмати ҳарбӣ ба Русия барои мардикорӣ равам.»

Раҷабалӣ мегӯяд, ҳаёти хиёбонӣ душвору хатарнок аст, бахусус барои кӯдакони ниҳоят хурдсол, зеро ҳар лаҳза шахсро мавриди лату кӯб қарор гирифитан аз ҷониби майзадаҳову гурӯҳҳои авбошӣ таҳдид мекунад: «Гурӯҳи дуздон қариб ҳар рӯз меоянд ва пешниҳод мекунанд, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунем, ҳама медонад, ки оқибати дуздӣ маҳбас аст. Барои ҳамин аз ҳамкорӣ бо онҳо парҳез менамоем.»

Маҳтоб 12 сол дорад, аммо 5 сол аст, ки нақши сарвари оиларо мебозад. Ӯро ҳар шом аҳли оила бесаброна интизор мешаванд, зеро ғизои ҳаррӯзаи оила танҳо аз даромади Маҳтоб вобаста аст, падари хонадон бошад дар Русия беному нишон гаштааст:
«Дар як рӯз мо чойю нон мехӯрем, аммо агар ман пули зиёдтар яъне то 5 сомонӣ даромад кунам, онгоҳ маҳсулоти хӯроки гармро ба хона мебарам.»
Аз Маҳтоб мепурсам зиндагӣ барояш чӣ гуна аст?
«Душворӣ ин аст, ки ман танҳо кор мекунам ва модарам дар хона нишаста, кӯдакони кӯчакамонро нигоҳубин мекунад.»

Зиндагӣ дар зери осмон дар рӯзҳои гарму сард ин ноболиғонро ба маризиҳои мухталиф, аз ҷумла рӯҳӣ гирифтор кардааст. Аммо ғолибан ин бачаҳо аз зиндагӣ ноумед нестанд, Барои мисол Маҳтоб мехоҳад дар оянда духтур шавад, аммо то ба воя расидан дар нақша дорад, ки тиҷораташро васеъ намояд:
«(месулфад) Барои он духтур шудан мехоҳам, ки кудаконро табобат мекунам ва баъд ба ман пул медиҳанд. Зиндагӣ чунон душвор, ки як чойфурушӣ намешавад, ман ҳоло пул ҷамъ мекунам, ки дар тобистон мева харида, ба тиҷорати мева шурӯъ кунам.»

Маҳмадалӣ, навраси 14-сола, ки дар баробари мардикорӣ муҳассили маркази кӯдакони хиёбонӣ аст мегӯяд, ӯ барои ба орзу расидан мубориза мебарад ва бо кӯмаки созмонҳои хайрхоҳ таҳсилашро идома медиҳад. Маҳмадалӣ мехоҳад, сарватманд шавад ва ормонҳои модари маъюбашро бароварда созад: «Грижа шудем, аз ҳисоби маркази ба номи Карин Манн ҷарроҳӣ карданд. Ҳам кор мекунам ва ҳам мехонам, аз худам боварӣ дорам, ки дар донишгоҳ таҳсил намуда, соҳиби ҷойи кори хуб мешавам.»

Ҳудуди 30 атфоли хиёбониро сафири Британия дар Душанбе Грэм Лотен дар остонаи соли нав ба сафоратхона давъат намуда, барояшон шоми вижае баргузор кард. Греем Лотен таассуроташро аз вохӯрӣ бо наврсон чунин баён кард: «Маро як чиз ба ҳайрат овард, ки аксари ин кӯдакон ниҳоят кӯчак ҳастанд, аз онҳо пурсидам, ки чаро онҳо дар ин синн дар кӯча зиндагӣ мекунанд, кӯдакон вазъи зиндагиашонро гуногун шарҳ доданд. Фикр мекунам, ин мушкилиро мо созмонҳои хориҷӣ бо ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бояд коҳиш диҳем. Аммо ин кӯдакон новобаста аз мушкилот ва шароити бади зиндагӣ хоҳиши зиёди омӯзишро дошта, хеле боҳуш ҳастанд ва рафтори хуб доранд."
Рахти хоби саҳроӣ - чунин буд тӯҳфаи идонаи сафорати Британия ба атфоли хиёбонӣ, ки ба бачаҳо супурда шуд.
XS
SM
MD
LG