Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озору хушунати афзун ва меҳрубонии кам


Таҳлилҳои гурӯҳи озмоишии Комиссияи миллии ҳуқуқи кӯдак, ки ба хотири пешгирии зӯроварӣ нисбат ба наврасон фаъолият мекунад, собит сохтаанд, ки дар Тоҷикистон ҳама намуди хушунат нисбати ноболиғон дида мешавад. Зӯҳро Ҳамробоева - корманди гурӯҳи озмоишӣ мегӯяд, нофаҳмӣ миёни волидон, муносибати атрофиён, озори ҷинсӣ ва сӯистифода аз қувваи кории ноболигон аз зумраи зӯровариҳои маъмулӣ нисбат ба атфол мебошад.
Зӯҳро Ҳамробоева гуфт:
«Дар оила зиёдтар аз ҷониби наздикон кӯдак мавриди зӯроварӣ қарор мегирад. Лату кӯб, таҳқир намуда, ба мактаб рафтан намеомонанд.»

Хушунат ва нақзи ҳуқуқи атфол аз беиттилоъӣ ва камсаводии волидон сурат мегирад, гуфта мешавад, дар филми телевизионии «Нест бод зӯровари алайҳи кудакон», ки ахиран бо ташаббуси гурӯҳи озмоишӣ таҳия ва дар телевизиони "Пойтахт" намоиш дода шуд. Дар филм бо истифодаи андешаи наврасону омӯзгорон ва наворҳо аз ҳаёти атфоли хиебонӣ вазъи зиндагии кӯдакони Тоҷикистон таҳлил мешавад.

Порае аз филм :
«-Падару модар мегӯянд, ки хонанишин шав ва хондани духтар шарт нест.
-Ман фикр мекунам, ки нисбат ба кӯдак зӯроварӣ намудан лозим нест ва фарқ надорад ӯ зан аст ё мард бояд илм омӯзад.»


Зӯҳро Ҳамробоева мегӯяд, танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифати волидон ва аҳли ҷомеа метавон хушунат алайҳи наврасонро коҳиш диҳем. Вай меафзояд, гурӯҳи тренерони наврас бо саҳнаҳои инъикоскунандаи эътироз ва мушкилоти хаёти атфол дар манотиқи гуногуни кишвар, дар назди волидон ва намояндагони мақомоти дахлдор баромад мекунанд: «Вақте ки худи кӯдакон дар бораи ин пробелмаҳо гап мезананд, калонсолон ҳам зудтар онро дарк менамоянд. Буданд ҳолатҳое, ки калонсолон аз дидани ин намоишномаҳо ашк мерехтанд.»

Ҳамзамон дар маркази гурӯҳи озмоишӣ, телефони боварӣ амал мекунад. Дар тӯли 1 сол 915 наврас ба ин рақам занг задааст, ки 21 нафарашон қасди худкуширо доштаанд. Инна Сафиулина - равоншинос ва мушовири телефонии бовари мегӯяд: «Одатан ба мо наврасони то 17-сола занг мезананд. Мутассифона озори ҷинсӣ алайҳи духтарон, бахусус таҷовузи духтарандарҳо аз ҷониби падарандарҳо зиёд ба назар мерасанд. Чунин муроҷиатҳо зиёданд, аммо на ҳамаи ҷинояткорон ҷазо мебинанд.»

21 56 19 ин аст рақами телефонии боварии гурӯҳи озмоишии назди Комисияи миллии хуқуқи кӯдак, ки наврасон метавонанд таввасути он бо рӯҳшиносону мутахассисон тамос гирифта, кӯмаки равонӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ бигиранд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG