Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон


Занон 54 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аммо ба назари намояндагони созмонҳои масоили занон дар бисёри маврид аз ҷумла дар оила,ҷамъият ва дар ҷойҳои дигар ҳуқуқи занон ҳимоят намешавад. Дар ҳамин ҳол, барои нахустин бор тарҳи қонуни баробарии ҳуқуқи зану мард дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Абдуманнон Холиқов, муовини раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон мегуяд,ба тасвиб расидани ин тарҳи қонун барои занони тоҷик, ки тайи як даҳсола бар асари ҷанги дохилӣ ва мушкилоти беандозаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеъа бо чандин мушкилот рубару гаштаанд ва пайваста мавриди таҳқиру хушунат қарор мегирад, имтиёзи бештаре хоҳад дод. Оқои Холиқов афзуд: "Ҳануз соли 2000 барномаи ҳукуматӣ дар бораи баробарии ҷинсӣ қабул шуда буд ва мо 2 сол ақиб мондаем ва ин аст, ки тарҳи қонун дар бораи баробарии гендерӣ дар Маҷлиси Намояндагон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад."
Сайфиддин Ҳоҷиев, як сокини пойтахт мегуяд, то андозае у бо Қонуни Асосии кишвар ошност ва ҳарчанд тибқи Қонуни Асосӣ "ҳар як шаҳрванд новобаста ба синну сол, ҷинс, дину мазҳаб ва ранги пуст ҳуқуқи таҳсил, кор, табобат ва истироҳат дорад", аммо шахсан вай шоҳиди он аст, ки оддитарин ҳуқуқи ӯ ҳамчун шаҳрванд риоя намешаванд: "Ба назари ман, оддитарин ҳуқуқи ман дар ин кишвар риоя намешавад. 40 сомонӣ маош мегирам,ки ба ягон чиз намерасад,тиҷорат ва соҳибкорӣ карда наметавонам,бубинед, бечораи нонфурушҳоро милиса чӣ хел латукуб карда пеш мекунад, кудакҳо ба ҷои хондан мошиншӯӣ мекунанд."
Субҳия Нозилова, раиси созмони ҷамъиятии "Бонувони навовар" мегуяд, ҳатто сокинони пойтахти Тоҷикистон дар аксари маврид дониши ҳуқуқӣ надоранд. Ба унвони мисол, 70 дарсади духтарон дар як маҳаллаи пойтахт - кучаи Қаротегин таҳсил накардаанд ва то синни 17-солагӣ издивоҷ кардаанд. Субҳия Нозилова мегӯяд: "Ҳуқуқро талош кардан лозим, барои он ки занҳо ҳуқуқм худро талаб кунанд,бояд аввал онҳоро донанд."
Алишер Раҳмонбердиев, ҳуқуқшинос ва ҳамзамон раиси созмони ғайридавлатии «Манижа» мегӯяд, маълум аст, ки дар китоби муқаддаси "Қуръон" ба бонувон ва ҳуқуқи онҳо баҳои одилона дода шудааст, аммо надонистани забони арабӣ аз рӯзи никоҳи шаръӣ дари ҳуқуқро ба рӯи зан мепӯшад: "Бояд ҳамон хутбаи никоҳ ба забон тоҷикӣ хонда шавад, то ҳарду ҷавон ҳуқуқи худро дар назди ҳамдигар донад ва масъулият ҳис кунад."
Шуъламоҳ Хошокова, раиси созмони ғайридавлатии «Гендер ва Рушд» мегӯяд, тибқи назарпурсие, ки ахиран онҳо дар навоҳии мухталифи кишвар доир намуданд, муайян шуд, ки аз 3000 пурсидашуда 95 дарсад бо Конститусия ва қонунҳои ҷорӣ шинос нестанд.
XS
SM
MD
LG