Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мири мушон" ё худ Қонунҳои нонавиштаи олами ҷиноӣ


Фирузи Барот Тухмдузд кай ва чӣ гуна шутурдузд мешавад?

Шабонгаҳ, ҳангоме ки мардум пас аз ташвиши зиндагӣ хаста, осуда ба хоби ноз мераванд, аз макони зеризаминии худ дуздон ба дастаҳои 3-нафарӣ тақсим шуда, ба шикор мебаромадаанд, гуфт як навраси 14 солаи лоғарандом, ки 4 сол аст дуздӣ мекунад ва ҳатто имсол ба тарбияи шогирдони худ оғоз кардааст. Ӯ мегуяд: «Як бачаи майда буд, дар бозори “Зелёни” майдадуздӣ мекард. Аммо ман ба ӯ кисазаниро ёд додам. Як рӯз вақте ки пешам омад гуфт маро милисаҳо ҷустуҷӯ доранд, ба ӯ 100 сомонӣ додам, гуфтам ки рафта худатро халос кун. Баъд омад гуфт ки халос шудам ва ман боз дуздиро ба у ёд додан гирифтам.»

Ба гуфти мусоҳиби ман, дуздони наврасро раҳбарони гурӯҳҳои авбошӣ ба сарпарастӣ мегиранд ва ҳар қадами онҳоро зери назорат гирифта танҳо тибқи нақшаҳои худ кор мефармоянд. Гурӯҳи дуздоне, ки мусоҳибам шомили он будааст, дар як хонаи зеризаминӣ, ки бозёфти раҳбарашон будааст, ҳар рӯз ҷамъ омада, ба ӯ дар бораи корашон ҳисобот медодаанд. Роҳбари гурӯҳи дуздон баъди гирифтани пулҳои дуздидаи шогирдонаш ҳаққи хизмати онҳоро ба андозаи маблағи дуздидаашон пардохт менамояд.

Мусоҳиби ман мегуяд: «Калодец медаройӣ, унҷада чароғҳои зиёд мондагиянд, шаб буд, ҳамон ҷо ҷамъ шудем ва раҳбарамон гуфт, ки ҳамроҳи инҳо рав ва чизе ки метавонӣ бидузд. Баъд мерафтем, як ҷӯраам посбон меистод, ман медуздидаму яктаи дигари мо дар колодец бурда мепартофт, дар унҷа боз як бачаи дигар ҷо ба ҷо мекард чизҳоро. Хонаҳо медаромадем, як хел хонаҳо маҳкам, ки буданд, ба отвёрткаву болға зада мешикастем.»

«Маҷлис мекардем, мегуфтем, ки биёед ба дигар ҷойҳо боз дуздӣ равем, масалан ба бозорҳои 82 ва Баракат. Мегуфтем ки кисабурӣ душвор аст ва мо онро наметавонем, баъд розӣ мешуданд ки мо кисабурӣ накунему майдадуздӣ кунем.»

Сардорони гурӯҳ аслан дар бораи худ ба дуздбачаҳои мутеъашон иттилои зиёд намедиҳанд, аммо дар бораи ҳар як навраси ҷинояткор маълумоти муфассал дошта, вазифаашон муҳофизати онҳо аз авбошони гурӯҳҳои дигар, аз мардуми ҷабрдидае, ки метавонанд ба дуздбачаҳо зарар бирасонанд ва билохира аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳимоя мебошад. Мусоҳибони ман - наврасони ғоратгар мегӯянд:

«Маро чанд бор халос кардагианд, пул медиҳанду халос мекунандат.»

«Манро дуюмбора милисаҳо доштанд, роҳбарамон омад, халос кард, баъд ман либосҳоямро пӯшида пешашон рафтам.»


Раҳбарони гурӯҳҳои дуздон аз ҳисоби шахсони ботаҷриба ё худ гургони борондида барои ҳар 3 наврас муррабӣ муайян мекунанд. Даромади бадастомадаи наврасон ҳангоми бозомӯзӣ пурра ба ҳисоби тренеронашон меравад:

«Ман якум рӯз рафтам, илтимос кардам ки ба ман ёд диҳанд. Аввал гуфт, ки бирав инро дузд, дуздидам, баъд оҳиста - оҳиста омӯхта шудам.»

Бо либоси сурх дар маҷлиси ғоратгарон ва ба қабули раҳбари даста омадани авбошон қатъиян манъ аст. Зеро ин ранг хоси хабаркашон, ба қавле "бузҳо" будааст. Ҳар наврасе ки шомили гурӯҳи ғоратгарон мешавад, савганд ёд мекунад, ки сирри гурӯҳро фош намекунад ва ба хотири равнақи корашон ҳатто ҷонашро фидо мекунад. Вагарна ба ҷазои сахттарин гирифтор хохад шуд. Ҷазои ниҳоии дуздон шикастани ангуштони даст будааст, ба нишони як умр аз дуздӣ маҳрум намудани ҷинояткор:

«Мебардоранд, дар замин мезананд, бо лезва дастонашонро мебуранд, ангуштонашонро қат карда мешикананд, ки дигар дуздӣ накунад...»

Ин наврасон аз гурӯҳи онҳоеянд, ки аз хона фирор кардаанду волидон чандон барои бозгашташон кӯшиш намекунанд. Балки гоҳ-гоҳ аз пулҳои ин кӯдакон истифода низ мекунанд. Якеро қашшоқӣ, дигареро бекасӣ ва саввуминро дӯстони авбош ба ин роҳ кашидааст. Зеро барои ҳар як навраси нави шомилшуда ба сафи дуздон шахсони саҳмгузор сазовори мукофотпулӣ мешавад.

«Хайр, маро зиндагӣ маҷбур кард, ки ба ҳамин роҳ рафтам.»

«Падарандарам маро як рӯз сахт зад ва ман аз хона гурехтам. Чанд рӯз дар бозори Шоҳмансур аробакашӣ кардам ва бо як писаре шинос шудам, ки маро дуздиро ёд дод.»

Аммо ба гуфти ҷонишини мудири шӯъбаи иттилооти вазорати корҳои дохила, капитани милиса Маҳмадулло Асадуллоев дар соли равон мизони ҷиноёти марбут ба дуздиву ғоратгарии наврасон ба маротиб коҳиш ёфтааст:

«Дар тайи чанд соли охир, ҷиноятҳои махсусан вазнин ба монанди куштор аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст. Фақат ҷиноятҳои дуздиву ғоратгарӣ аз ҷониби кӯдакони оворагард содир мешаванд.»

Вале бо вуҷуди ин, дуздиву ғоратгарӣ аз маъмултарин навъи ҷиноёти наврасон боқӣ мемонад. Ҷаноби Асадуллоев мегӯяд, ғолибан наврасони оворагард ва мӯътод даст ба ингуна ҷиноёт мезананд.
XS
SM
MD
LG