Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осебпазирии Тоҷикистон дар муқобили AIDS ва HIV


Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе хабари фавти 10 нафар бар асари бемории AIDS-ро тасдиқ намуда гуфт, мубтало ба AIDS роҳи табобат надорад ва ин беморӣ ҳатман инсонро ба марг мебарад: "Бале, пас аз игирфторӣ ба AIDS инсон мемирад ва умуман ангезаи норасоии бадан HIV табобат надорад."
Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон то кунун гирифторони AIDS дар ин кишварро танҳо як нафар нишон медоданд.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон ба кумаки кишварҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалии беҳдоштӣ танҳо барои ин талош дорад, ки мизони афзояндаи HIV - ангезаи норасоии масъунияти бадан дар ин кишварро ҷилавгирӣ кунад.
Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон: "Дар Осиёи Марказӣ инсбат ба минтақаҳои дигари ҷаҳон афзоиши ин беморӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.Аз ин ру, Аврупо ба Осиёни Марказӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ва дар як нишасте дар Дублин як конфаронс дар масоили HIV дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ва дар он тасмим гирифта шуд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин роҳ кумаки бештар расонида шавад. Ҳамон тавре ки гуфтам, ин беморӣ дар Тоҷикистон ба таври афзоянда густариш меёбад."
Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо AIDS мегуяд, созмонҳои байналмилалии масоили AIDS вa HIV гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистонро 5 000 нафар нишон додаанд ва ин рақамро маркази ҷумҳуриявии масоили AIDS ҳам рад намекунад. У афзуд, гирифторони ин беморӣ дар кишвар шояд аз ин шумора ҳам бештар бошад. Таҳқиқу баррасӣ ва ташхиси ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳануз 10 сол қабл шуруъ шуда буд. Аммо пас аз расидани 13 ташхисгоҳи бемории HIV аз тарафи Бунёди Глобалӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон дар соли гузашта имкони ташхиси ҳамаҷонибаи ин беморӣ дар сартосари Тоҷикистон пеш омад ва шумораи расмии гирифторони HIV дар ин як соли охир аз 119 ба 317 нафар расид.
Аъзам Мирзоев, раиси маркази ҷумҳуриявии мубориза бо AIDS мегяд дар ҳоли ҳозир HIV дар Тоҷикистон ба марҳалаҳои дигар расидааст ва Тоҷикистон аслан ин тавонро надорад, ки дар танҳоӣ зидди он мубориза кунад,зеро вазъ ба ҳолатест, ки ангезаи норасоии масъунияти бадан аз кудаки дар батни модар то ба марди 70-соларо таҳдид дорад.
Дар ҳамин ҳол, Матлуба Раҳмонова, корманди маркази мубориза бо AIDS бар изофаи чанд омили афзоиши HIV, ба монанди фақру нодорӣ, танфурушӣ, муътодӣ омили дигари густариш ин беморӣ дар Тоҷикистонро низ ёдоварӣ мекунад: "Алоқахои ҷинсии бетартибона на танҳо бо занҳои танфуруш ва сабукпо мекунанд, балки мардон, ҳамҷинс бо ҳамҷинс алоқа мекунанд, ки боз эҳтимолияти сирояти ин беморӣ зиёд мешавад. Вақте, ки ҳамҷинсон, хусусан мардон ба ҳамин алоқаи ҷинсӣ роҳ медиҳанд, дар ин сурат, эҳтимоли зиёдшавии ин беморӣ бештар аст."
Вале Мутеъулло Раҳимов, корманди вазорати адлияи Тоҷикистон дар умури маҳбасҳо мегуяд, шумори гирифторони ангезаи норасоии масъунияти бадан дар маҳбасҳо низ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.Вай маҳбаси занона воқеъ дар минтақаи Норак, 45-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистонро мисол меорад.
Намояндагони ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон мегуянд, имруз ягона умедворӣ аз созмонҳои байналмилалӣ доранд, зеро буҳрони давомдори иқтисодии кишвар имкон намедиҳад, ки сокинони кишварро бо муҳимоти зидди AIDS таъмин карда шавад.
Бо ин ҳол Крей Виллиам, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегуяд ин созмон дар чанд барномаи дпавлти Тоҷикистон дар масоили AIDS ва HIV ,кумак менамояд аммо муҳимтари наст макомоти давлтӣ як стротегияи дақиқи алайҳи ин бемориро ташхис кунанд.Крей Виллиам мефзояд: "Бубинед, дар ин ҷо намояндагони вазоратҳои калидии ҳукумати Тоҷикистон, ба монанди вазорати тандурустӣ, таълиму парвариш ва вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ҳузур доранд, ки роҷеъ ба масоили AIDS дорои таҷрубаи муайяне мебошанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт метавонад бар асоси барномаҳои пешниҳодии онон кумаки фании худро расонад, вале нахуст ин барномаҳо бояд дақиқу дуруст пешниҳод шаванд, то ин ки як стратегияи ҳадафманд дар роҳи мубориза бо HIV дар ин кишвар руи даст гирифта шавад."
Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзуллоев кумаки Созмони Ҷаҳонит Беҳдошт ва ёриҳои муҳими Бунёди Глобалиро махсусан таъкид намуд ва аз ҷумла гуфт: "Маблағҳое, ки муассисаҳои умумиҷаҳонӣ барои мо карда истодаанд, кумаки техникӣ карда истодаанд ва ҳам Бунёди Глобалӣ маблағ ҷудо кард,к и инҳо маблағҳои бебозгаштанд. 2,4 миллион доллар барои барномаи аввали Тоҷикистон доданд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Бунёд пешниҳод карда буд. Ва барномаи дуюми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 8,5 миллион доллар низ аз ҷониби ин Бунёд датстгирӣ ёфт ва аз соли оянда татбиқаш шуруъ мешавад."
Ба қавли масъулини ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон бо ҷамъияти 6 миллион нафар ҳамчунон дар баробари масоили AIDS ва HIV минтақаи осебпазир боқӣ мемонад.Зеро ба қавли вазири тандурустиии Тоҷикистон беш аз 500 000 сокини ин кишвар дар Русия мардикорӣ мекунад ва ин дар ҳолест, ки Русия як манбаъи густариши вируси HIV маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG