Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои пои AIDS ва HIV дар ҷануби Тоҷикистон


Искандар Самадов, раиси маркази ҷилавгирӣ аз густариш ва мубориза алайҳи AIDS дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар ҳоле ки соли 2000-ум дар вилоят фақат як нафар сироятшуда ба вируси норасоии масъунияти бадан расман сабти ном гашта буд, теъдоди ин қабил афрод дар ҳоли ҳозир ба 70 нафар расидааст.
Аммо ба эътиқоди ӯ, омори расмӣ дар ин маврид дур аз воқеият аст ва иллати аслии ин номутобиқатӣ ба ташхис фаро нагирифтани афроди гирифтори ин беморӣ мебошад: "То ин вақт дар кору коргузориҳои мо камбудиҳо бисёр буд. Албатта, як қисми онҳо ба мисли нарасидани маводи ташхисӣ, ки асоси кори мо аст ва мо ин маводро аз хориҷ бо нархҳои гарон ворид мекардем."
Оқои Самадов ҳамчунин гуфт, интизор меравад, ҷамъулҷамъ дар вилояти Хатлон на камтар аз 1500 нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан, ё худ HIV мубтало бошанд.
Ба назари раиси маркази ҷилавгирӣ аз афзоиш ва мубориза алайҳи AIDS-и Хатлон, заминаи аслии афзоиши теъдоди нафарони сироятшуда ба вируси норасоии масъунияти бадан дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон муҳоҷирати ғайриқонунии сокинони ин минтақа ба кишварҳое будааст, ки бемории AIDS дар ин мамолик рӯ афзоиш аст: "Ҷавонон, ки ба мӯҳлати ним сол, як сол, баъзан ду сол муҳоҷири меҳнатӣ мешаванд ва маълум аст, ки дар ин муддат аз алоқаи ҷинсӣ дар он кишварҳо бо занони ғайр худдорӣ намекунанд. Ва ҳамзамон аз маводи пешгирикунандаи сироятшавӣ аз бемориҳои венерикӣ истифода намекунанд, ки ин ба гирифторшавӣ ба бемории AIDS оварда мерасонад. Дар таҷрибаи кори мо мисолҳое буд, ки сокинони вилоят баъд аз бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ оилаҳои худро низ ба вируси норасоии масъунияти бадан олӯда кардаанд."
Аммо коршиносони маҳаллӣ иллати аслии афзоиши гирифторони бемории AIDS миёни мардуми Хатлонро дар баробари муҳоҷирати меҳнатии сокинон, инчунин ба вижагиҳои хоси ин минтақа иртибот медиҳанд.
Ба гуфтаи Фаррухи Ниёз, коршиноси масоили беҳдоштии минтақаи Қӯрғонтеппа, дар ҳоле ки навоҳии вилоят бо Афғонистон, кишвари тавлидкунандаи аслии маводи мухаддири ҷаҳон марзи муштарак дорад, дар аксар маврид қочоқгарон дар интиқоли ин мавод аз қаламрави Хатлон истифода мекунанд ва қисмате аз ин мавод дар дохили вилоят мемонад ва теъдоди нашъамандонро афзоиш медиҳад: "Боқӣ мондани ин миқдор маводи мухаддир боиси рӯз то рӯз афзоиш ёфтани теъдоди нашъамандон мегардад. Дар бештарин маворид нашъамандон аз як сӯзандорӯ истифода мекунанд ва қисмате аз ин сӯзандоруҳо олудаи ин маризӣ ҳастанд, ба ин иллат сабаби афзоиши сироятшудагони вируси норасоии маснӯияти бадан дар Хатлон мегардад."
Ба гуфтаи оқои Ниёз, иллати аслии аз омори расмӣ барканор мондан ё худ дар марказҳои беҳдоштӣ сабти ном нагаштани нафарони гирифтор ба вируси AIDS дар Хатлон он будааст, ки ин қабил беморон ба хотири ифшо нашудан аз муроҷиат ба пизишкон ҳазар мекардаанд: "Гуфтан ҷоиз аст, афроде, ки гирифтори бемории AIDS ё ҳатто касалиҳои венерикӣ ҳастанд,бо сабаби он ки мусалмонанд ва ислом покиву озодагиро тарғибгар мебошад, аз муроҷиат ба пизишкон худдорӣ мекунанд, зеро дар сурати ифшо шудани ин беморӣ дар ҷисм онҳо шарманда мешаванд."
Оқои Ниёз меафзояд, дар ҳоле ки созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои мубориза бо AIDS дар вилоят маъракаҳои тарғиботӣ баргузор кардаанд ва ба ин васила мардумро аз оқибати олудашавӣ ба ин вирус огаҳ карданӣ мешаванд, вале қисмати азими сокинон, аксар дар деҳот аз ҷузъиёти маъмули ин беморӣ хабар надоранд. Ба гунае ки , ёдовар мешавад ӯ, зимни як пурсиш дар мавриди огаҳии мардум аз бемории AIDS зани тақрибан 50-сола аз мо суол кард, HIV-AIDSе, ки шумо мегӯед ягон маводи ғизо аст ё кӯмаки башардӯстона?
Бо назардошти ин мушкил, гуфт Фаррухи Ниёз, бояд дар навбати аввал мардум комилан аз оқибат ва роҳҳои ҷилавгирии вируси норасоии маснуияти бадан огаҳ карда шаванд. Ба ҳар сурат, мегӯяд ӯ, дар навоҳии минтақа ба хусус деҳот, нуқоти ироаи ройгони сӯзандорӯ ба нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ афзоиш дода шуда, ва мақомоти интизомӣ ба ин қабил афрод на ба сиффати ҷинояткор, балки бемор муносибат намоянд.
Ин дар ҳолест, ки Искандар Самадов, раиси маркази ҷилавгирӣ аз густариш ва мубориза алайҳи AIDS-и Хатлон роҳи мӯътамади ҷилавгирӣ аз афзоиши вируси масъунияти бадан миёни сокинони вилоятро дар ташхиси ҳар нафар муҳоҷири меҳнатӣ қабл аз сафари хориҷ ва ҳангоми бозгашт ба ватан мебинад. Ба гуфтаи ӯ, феълан гурӯҳи кӯчаки муҳоҷирини меҳнатии вилоят дар ин маврид мутаваҷҷеҳ шуда ва ба марокизи беҳдоштӣ муроҷиат мекардаанд.
XS
SM
MD
LG