Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсо Асозода: Нархи мавҷҳо гарон аст ва дахолати ҳукуматро мехоҳад


Мирзонабии Холиқзод: Ҷаноби Асозода, баҳсҳои ахир дар бораи иҷозаи амали расонаҳои электронӣ, тақсими мавҷҳои пахш ва даъвати дахолати ҳукумат ба масъала аз куҷо маншаъ мегиранд?


Мӯсо Асозода: Нархи мавҷҳо барои васоити ахбори электронӣ, ки аз тарафи Вазорати алоқаи ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешаванд, бисёр гарон аст. Иҷораи солонаи як мавҷ зиёда аз 1000 доллар аст. Мумкин ҳамон расона дар як сол ҳамон қадар даромад ҳам надошта бошад. Шояд телевизион ё радиое бошад, ки даромад дорад ва барои он гарон нест, лекин барои аксарияти васоити ахбори электронӣ ин бисёр гарон аст. Аксари онҳо аз Вазорати алоқа қарздоранд. Барои ҳамин мо хоҳиш дорем, ки ба ин масъалаи ҷиддӣ ҳукумат дахолат кунад ва нарх арзонтар шавад. Дар тамоми ҷаҳон мавҷ гарон нест, агар мо хоҳем, ки радио ва телевизион дар Тоҷикистон рушд ёбад, мо бояд пеши роҳро нагирем.

Мирзонабии Холиқзод: Шумо дар ивази ин нарх, ки мегӯед, гарон аст, оё ба ҳукумат нархномаи худатонро пешниҳод кардаед?

Мӯсо Асозода: Мо нархнома пешниҳод накардем, лекин агар имконияти ҳукумат бошаду лозим донад, ниҳоди мо метавонад бепул ин корро иҷро кунад.

Мирзонабии Холиқзод: Шумо ба кадом мақомоти ҳукуматӣ муроҷиат кардед?

Мӯсо Асозода: Ҳуҷҷатҳои дар конференция қабулшударо як бори дигар комиссия мебинад ва онҳо ба дастгоҳи иҷроияи президент, Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Ҳоло комиссия кор мекунад, зеро пешниҳодҳо ва дархостҳо хеле зиёд буданд, ҳамаи онҳоро ворид кардан лозим аст, комиссия ба хулоса меояд ва мо баъди ба итмом расидани кори комиссия ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунем.

Мирзонабии Холиқзод: Оё ин пешниҳод танҳо аз тарафи созмони шумост ё дигар созмоне низ дар он ҳамроҳ аст?

Мӯсо Асозода: Аз тамоми вилоёти ҷумҳурӣ ҳамаи 15 узви ассосиатсияи мо ва боз дигар васоити ахбори электронӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, вале узви ассосиатсияи мо нестанд, аз ҷумла Радиои Азия Плюс, Радиои Ватан низ ширкат доштанд. Ҳама ширкатдорони конференция аз пешниҳоди мо пуштибонӣ карданд, ки агар ин кор шавад, самари он ба манфиати васоити ахбори электронӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG