Қолинҳои мавсум ба "мадонна", "арманд" ва қолини арманӣ имрӯз дар Тоҷикистон қолинҳои беҳтарин ва сермуштарӣ ба шумор мераванд. Ва ба гуфтаи тоҷирони қолин ҳар як соҳибҷашн орзуи чунин тӯҳфаро мекунад. Умуман тайи чанд соли ахир дар миёни аҳолии Тоҷикистон қолин ҳадя бурдан ба ҷашну сурҳо роиҷ гаштааст ва ин яке аз бақадртарин ҳадя ҳам шуморида мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз қолинфурӯшӣ дар Тоҷикистон, яке аз бахшҳои рушдкардаи тиҷорат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин соҳибкорони ин навъи тиҷорат мегӯянд, бо назардошти талаботи мардум ба ин мол, феълан тамоми навъи қолинро метавон дар бозорҳо дарёфт кард, агарчӣ қаблан шаҳрвандон барои интихоби як қолини табъи дил якчанд рӯз ва ё як моҳ бозорҳоро мегаштанд, зеро он вақт теъдоди қолинҳои хуб, ё худ интихоб маҳдуд буд.
Ин буд, ки дар соҳибкорони ҷавон Сулаймони Ҳабибулло ва Салмони Сиёҳ идеяи ташкили ин навъи тиҷорат пайдо шуд: "Дар ибтидо мо дидем, ки фурӯши қолин дар бозорҳои мо кам буд, ба мисли қолинҳои Қайроқум ва дигар ва мо ҳаминро дида, фикр кардем, вақте тиҷорати озод сар шуд аз дигар давлатҳо қолинҳоро ворид кардем, аввал мо як "Камаз" меовардем, аммо ҳозир васеътар шудааст, тиҷоратамон."
Ба гуфтаи ин соҳибкорон, ки тӯли 5 сол аст, дар растаи махсуси қолинфурӯшони бозори Султони Кабир фаъолият мекунанд, барои оғози кор дар ин навъи тиҷорат соҳибкорро мебояд, ҳадди аққал ба маблағи 1000 доллар сарф намуда, аз Туркия ва Эрону Арманистон, қолинҳои серхаридорро ба кишвар ворид созад. Аммо ин маблағро тоҷир метавонад, дар натиҷаи фаъолияти хуб дар тӯли як моҳ рӯйпӯш созад. Ва албатта баъд аз қонунӣ намудани нуктаи савдову тиҷорати худ, яьне ба даст овардани иҷозатнома ва пардохти андоз кори худро ба хубӣ идома диҳад.
Ва Сулаймони Ҳабибулло мегӯяд, барои он, ки шахс дар ин навъи соҳибкорӣ муфлис нагардад, бояд аз қалоббӣ дур буда, моли хуб дошта бошад: "Бояд молҳои хуб овард ва чӣ қадар молат хуб бошад, ҳамон қадар тезтар ва хубтар ба савдо меравад. Ҳам ба роҳи фанду фиреб ҳам наравӣ, дар корат муваффақ мешавӣ."
Ин соҳибкор ҳамчунин меафзояд, доро будани хусусиятҳои мазкур метавонад, ба рақобати ин тиҷорат, тобовар бошад, зеро имрӯз рақобат дар тиҷорати қолин хеле зиёд аст. Имрӯз дар бозори қолинфурӯшон қолини аз ҳама арзон 30 сомонӣ, муодили 10 доллар ва аз ҳама қиммат то 400 сомонӣ, ё худ 130 доллар арзиш дорад ва аммо аз ҳама бештар бар бозорҳо қолини истеҳсоли Туркия ба назар мерасад, зеро ба гуфтаи тоҷирон, ин қолинҳо нисбатан арзонтаранд ва харидори зиёд доранд.

Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда