Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар дифоъ аз ҳуқуқи занони Тоҷикистон


Бо пуштибонии молии дафтари UNIFEM, ё намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар умури занон ва бо ибтикори созмони ғайридавлатии "Гендер ва тараққиёт" тибқи барномаи рушди бонувони СММ дар назди кумитаи занони 11 ноҳияи ин кишвар маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ созмон дода шуд, ки дар робита ба мушкилоти пешомадаи иҷтимоӣ, аз ҷумла оид ба Кодекси оила, дастрасӣ ба замин ва дигар масоили ҳаёти шаҳрвандӣ ба занон ва мардон маслиҳат хоҳад дод. Вилоят Мирзоева, раиси созмони ғайридавлатии "Гендер ва тараққиёт" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Дар 4 ноҳияҳои вилояти Суғд, чор ноҳияи вилояти Хатлон ва ду ноҳияи Рашт маслиҳатхонаҳо барои занону мардон боз шуд ва мардум метавонанд, аз ин маслиҳатгоҳҳо ҳуқуқӣ ройгон истифода кунанд."

Аммо Қаюм Юсуфов - ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, албатта ин иқдоми созмони ғайриҳукуматии "Гендер ва тараққиёт"- ро бояд табрик гуфт ва аз он пуштибонӣ кард, аммо таҷриба борҳо исбот кардааст, ки дар сурати донишу малакаи казоӣ надоштан машварат ва кӯмаки ҳуқуқшинос метавонад натиҷаи акс ба бор орад. Оқои Юсуфов афзуд: "Агар ҳуқуқшинос ба таври кофӣ донишу таҷриба надошта бошад, машварати ӯ ба дарди мардум хӯрда наметавонад."

Малоҳат Шарифова, як сокини ноҳияи Турсунзода мегӯяд, вай аз хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартнома якуним гектар замини иҷора гирифтааст. Бо вуҷуди он ки дар шартнома омадааст, бояд ба вай хоҷагии деҳқонӣ дар мавсими кишт техника ва сӯзишворӣ кӯмак кунад, аммо ин ва чанд банди дигари шартномаро хоҷагии деҳқонӣ иҷро накардааст. Хонум Шарифова афзуд: "Агар ин хел маслиҳатхонаҳо гушоиш ёфта бошанд, мо хурсандем, ки мардуми камбизоат метавонад, мушкилоти худро ҳал намояд."

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки сокини ноҳияи Ваҳдат буда, худро Зулхумор Акбарова муаррифӣ кард, мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ӯ иҷборан хонаашро тарк карда, бо чаҳор фарзанди бепадармондааш ба ноҳияи дигар фирор карда буд. Баъди ором гаштани вазъ вай ба хонааш баргашт, аммо манзили ӯро ҳамсояаш, ки мудири яке аз корхонаҳои давлатӣ мебошад, аз худ кардааст. Ба гуфтаи хонум Зулхумор, вай чандин маротиба ба мақомоти масъул ва адвокатҳо муроҷиат кардааст, аммо аз он, ки пул надорад, мушкилоташ ҳамчунон боқӣ мондааст: "Намедонеам ба кӣ муроҷиат кунам ва боз ба куҷо равам."

Ба гуфтаи Вилоят Мирзоева, раиси созмони ғайриҳукуматии "Гендер ва тараққиёт" СММ ҳамчунин барои омӯзиш додани 100 нафар ҳуқуқшиносон ва таъсис додани маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ дар 15 шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон маблағҳои лозима ҷудо намудааст.
XS
SM
MD
LG