Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократ дар Кулоб имкони рақобат надорад


Кулоб

Бино ба иттилоъи раёсати Ҳизби демократи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ҳудудан 300 тан аз аъзои ин ҳизб дар Русия ва соири кишварҳои собиқ шӯравӣ ҷустуҷӯи қути лоямут ҳастанд. Ҳамроҳхон Сафаров - раиси ҲДТ дар Кӯлоб дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд:
«Яксаду чор аъзои мо имрӯз дар Кӯлоб фаъоланд ва дар ҳамин шаҳр зиндагонӣ доранд. Беш аз 300 нафари дигари мо бадбахтона дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ, як пора нон барои аҳли оилаи худ дар дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик ба сар мебаранд.»

Пешвои демократҳои Кӯлоб бар назар аст, ки ҲДТ дар минтақа имконияти ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба парлумони касбиро комилан надорад. Ҳамроҳхон Сафаров мегӯяд, беш аз 100 тан аз аъзои ҳизб дар водӣ усулан мардуми хеле бебизоатанд. Дар минтақа ин ҳизбро ҳизби нодорон мегӯянд:
« Мо дар таркиби худ ягон аъзои сарватманд надорем. Ҳамаи мо камбизоату нодорем ва моро партияи камбағалон ҳам мегӯянд, ки дуруст аст.»

Дар ҳоле, ки демократҳои маҳаллӣ аз нодорӣ ифтихор ҳам доранд, Шариф Комилов - собиқ раиси ҲДТ дар водии Кӯлоб яке аз сабабҳои аз ин ҳизб истеъфо доданашро дар ҳамин камбизоатии аъзои ҳизб дидааст:
«Барои демократ будан, будан доро бошӣ! Мардуми нодорро як танга агар бидиҳед, он тараф меравад ва ду танга агар диҳӣ дигар тараф меравад. Бо чунин аъзо ҳизбе оё метавонад аз ормонҳои демократия ҳарф занад?!»

Дар ҳоле, ки демократҳои Кӯлоб, бо сабаби надоштани пул аз ширкат дар интихоботи парлумонӣ маҳрум мондаанд, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ талош варзанд:
«Мо албатта пул надорем ва тибқи қонуни ҷадид дар бораи интихобот дар маъракаҳои интихоботӣ ба парлумони касбӣ ширкат варзида наметавонем. Аммо мо талош хохем кард, ки дар ҳавзаҳо барои дарёфти мандати намояндагӣ ба маҷлисҳои маҳаллӣ пирӯз гардем. Аммо ба шарте ки ин маъракаро ҳам пулакӣ накунанд.»

Ва аммо Шариф Комилов мегӯяд, набудани пешвои ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба раванди омодагии қаблӣ ба маҷлисҳои маҳаллӣ низ бе таъсир намондааст: «Шахсан ман чеҳраи намоёнеро аз ҲДТ намебинам, ки ҳадди ақалл дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ ширкат варзанд. Ин шахсиятҳо агар бошанд ҳам барои ман тамоман норавшан ҳастанд. Зеро дар ягон ҷо муаррифии онҳоро надидаам. Ҳатто дар газетаҳое, ки баъзан ҳизб баромад мекунад, танҳо амбитсияҳои сиёсии шахсиро мебинему бас.»

Коршиносон мегӯянд, агар вазъ оҷилан тагйир наёбад, ҲДТ шояд ягона ҳизбе гардад, ки дар гурӯҳи навоҳии водии Кӯлоб, бо шумули беш аз 900.000 аҳолӣ номзади худро аз ягон ҳавза ба парлумони касбӣ пешбарӣ накунад.
Ин дар мавридест, ки Шариф Комилов - собиқ раиси минтақавии ҲДТ ва як тан чеҳраҳои шинохта дар водӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун барои ширкат дар интихобот ба парлумони кишвар омодагӣ дорад. Аммо ӯ намехоҳад, номзадии худро аз ҷониби ҲДТ пешбарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG