Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дили Русия ба Сангтудаву дидааш сӯи Роғун аст


Ширкати "Русский Алюминий" (РусАл) дар моҳи октябр зимни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе бо ҳукумати Тоҷикистон созишномаеро имзо намуд, ки бар асоси он мукаллаф шудааст, барои сохтмони обанбор ва 2 муҳаррик (агрегат)-и аввали нирӯгоҳи Роғун 560 миллион доллар сармоя ихтисос диҳад. Рашид Гулов, раиси департаменти сиёсати энержии вазорати энержии Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи барномаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун вориди марҳалаи ташкилӣ шудааст, ки то охири соли ҷорӣ ҷамъи молу мулки бозмондаи нирӯгоҳи Роғунро ҳисобу китоб ва наҳваи баргузории озмунҳои фанниву сармоягузорӣ ба хотири идомаи ин сохтмонро таъйин хоҳад кард.
Рашид Гулов гуфт: "Намояндаи РусАл омада буд. Кор сар шуд акнун. Дар масоили амалӣ кардани ҳамон созишномаи имзошуда кор рафта истодааст ҳозир, корҳои ташкилӣ. Созишнома байни Тоҷикистону Русия баста шуд ва онҳо дар ин ҷо як гуруҳи доимамалкунанда доранд. Мувофиқи нақшаҳои ҳозира, аз 1 январи соли 2005 сохтмон бояд оғоз шавад."

Бар пояи 560 миллион доллар сармояи русӣ, қарор аст, дар Роғун як обанбори бузурги сарбандаш 180 метр бунёд шуда, 2 муҳаррики аввали нирӯгоҳ бо иқтидори 1200 мегаватт ба кор андохта шавад. Дар сурати пурра сохта шудан иқтидори ниругоҳи Роғун 3 600 мегаваттро ташкил хоҳад намуд. Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, таври маълум, соли 1993 ба чанд иллат, ки асосиаш ҷанги шаҳрвандӣ буд, мутаваққиф шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун барои бунёди ин нирӯгоҳ бештар аз 802 миллион доллар масраф шудааст, ки ғолибан ба сифати саҳми Душанбе дар ҷамъияти саҳҳомие, ки Тоҷикистону Русия таъсис медиҳанд, шинохта хоҳад шуд.

Рашид Гулов, раиси департаменти сиёсати энержии вазорати энержии Тоҷикистон мегуяд, ҳар ду пайванди нақбие, ки дар маҳалли обанбори Роғун то соли 1993 бино кардаанд, то ҳол побарҷост ва тақрибан ҳама чиз барои шурӯъи бунёди девор ё худ сарбанди обанбор омода ҳаст.
Ширкати "Русский Алюминий" мехоҳад, нирӯи барқеро, ки аз нирӯгоҳи Роғун ба даст хоҳад омад, сарфи тавсиъаи тавлидоти корхонаи алюминсозии Регар кунад. Зимнан ин ширкат ӯҳдадор шудааст, ки дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи дигари бузурги алюминсозӣ ҳам бино намояд, ки иқтидори тавлидотиаш то 200 000 тонна алюмин дар сол баровард шудааст.

Баробар бо гурӯҳи коршиносони ширкати "Русский Алюминий" як ҳайъати дигари энержӣ аз Русия низ ба Тоҷикистон омадааст, ки муҳосибаи молу мулки нирӯгоҳи дигари Сангтуда дар ҷануби ин кишварро анҷом хоҳад дод. Вазири саноеъ ва энержии Русия Виктор Христенко дар ин ҳафта гуфт, ки ду ширкати давлатии ин кишвар - "Ширкати федеролии шабакоти Русия" ё худ ФСК ва корхонаи "Интер РАО", як ширкати марбут ба муассисаи давлатии РАО ЕЭС ва масъули фаъолиятҳои хориҷии ин ширкати давлатии Русия алакай дар соли оянда ҷиҳати идомаи бунёди ниругоҳи Сангтуда дар ҷануби Тоҷикистон муштаракан 1 милллиарду 400 миллион рубли русӣ, муодили тақрибан 50 милён доллар иттихоз медиҳанд. Ширкати ФСК бо 1 миллиард рубл ва ширкати "Интер РАО" бо 400 милён рубли дигар дар ин барнома саҳим хоҳанд шуд, гуфтааст оқои Христенко.
Русия барои идомаи бунёди ин ниругоҳ, ки ҷамъи ҳазинааш беш аз ним миллиард доллар ҳисоб шудааст, ваъдаи 250 миллион доллар сармоя кардааст, ки 200 миллиони он маблағгузории мустақими Маскав буда, 50 миллион доллари боқимондааш аз ҳисоби ҳазфи қарзи давлатии Тоҷикистон ба сохтмони ниругоҳи Сангтуда сафарбар карда хоҳад шуд.

Ҳафтавори иқтисодии хабаргузории русии "Интерфакс" дар ин ҳафта аз руи матни созишномаи марбутаи Тоҷикистону Русия чанде пардабардорӣ кардааст: "Ҳукумати Русия матни созишномаи байнидавлатӣ бо Тоҷикистонро дар мавриди идомаи сохтмони ниругоҳи Сангтуда ба тасвиб расонд. Тибқи он, Тоҷикистону Русия барои идомаи бунёди Сангтуда як ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис медиҳанд. Тоҷикистон молу мулки ниругоҳи Сангтуда ва 50 миллион доллар қарзи бозмондаи давлатиаш аз Русияро ба сифати саҳми худ дар ихтиёри ин ҷамъияти саҳҳомӣ қарор хоҳад дод. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин уҳдадор мешавад, бо роҳи ироаи имтиёзҳои гумрукиву молиётӣ дар амри эҳдоси ниругоҳи Сангтуда мусоидат намуда, баъди сохта шуданаш истифодаи шабакоти нақли нируи барқ ва васоити дигари худро ба манзури ҳамлу нақл ва содироти нируи барқи тавлидоти Сангтуда бидуни мамониат иҷозат диҳад."

Ҷониби Русия ба навбаи худ дар 4 соли оянда барои Сангтуда наздик ба 200 миллион доллар сармоя ҷудо мекунад. Масъулияти бунёди нирӯгоҳ то вақти ба истифода дода шуданаш ба ӯҳдаи ширкати РАО ЕЭС хоҳад буд.
Тибқи созишномаи байни Тоҷикистону Русия, ба думболи анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Сангтуда тақсимоти нируи барқи тавлидоти ин ниругоҳ байни саҳҳомдоронаш мутаносиб ба саҳми онҳо сурат гирифта, ҳамин тавр маҳсулоти тавлидшуда моликияти ҷонибҳои саҳҳомдор шинохта хоҳад шуд.
Тоҷикистону Русия, бар асоси ин қарордод, мушорикати ҷонибҳои дигарро дар амри идомаи сохтмони нирӯгоҳи Сангтуда низ мумкин мешуморанд. То 1 январи соли 2005 арзиши аслии ниругоҳи Сангтуда ва ҳазинаи то ҳол дар ин сохтмон сарфшударо бояд як таҳқиқоти мустақил маълум кунад.

Ҷамъи сармояи лозим барои анҷоми сохтмони нирӯгоҳи Сангтуда, каме бештар аз ним миллиард доллар баровард шуда ва, бино ба иттилоъи мақомоти Душанбе, ҷониби Тоҷикистон то кунун барои ин сохтмон 130 миллион доллар сарф кардааст. Ноиби сарвазири Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар суҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС бо тавсиф аз аҳамияти созишномаи дар заминаи Сангтуда байни Тоҷикистону Русия имзошуда гуфтааст, аввалин турбини ин нирӯгоҳ аллакай дар соли 2006 дар маърази истифода қарор гирифта, тобистони ҳамон сол содироти нирӯи барқи Сангтударо ба Русия метавон шуруъ кард. Рашид Гулов, раиси департаменти сиёсати энержии вазорати энержии Тоҷикистон мегуяд, корҳои амалӣ дар Сангтуда ҳам сар аз соли оянда оғоз мешаванд:"Дар мавриди Сангтуда ҳам созишномаи сетарафа ҳаст байни Русияву Тоҷикистону Эрон. Ин ниругоҳро ҳам хоҳанд сохт. Сохтмони Сангтуда ҳам бояд аз 1 январи соли 2005 сар шавад. Маслиҳатҳои сетарафа рафта истодаанд. Консортсиуми сетарафа мешавад. Боз касе хоҳад, марҳамат, метавонад бемамониат чӣ дар сохтмони Сангтуда ва чӣ дар сохтмони Роғун иштирок кунад."

Рашид Гулов эҳтимоли ба идомаи сохтмони ниругоҳи Сангтуда ҷалб шудани сармоягузорон аз кишварҳои дигарро сарфи назар намекунад. Аз ҷумла Эронро, ки қаблан барои ин сохтмон ваъдаи 150 миллион доллар сармоя карда буд ва қарор буд, таҳти назари Эрон як консортсиуми байналмилалӣ ҷиҳати анҷоми кори Сангтуда низ созмон дода шавад. Аммо касе аз коршиносон феълан гуфта наметавонад, ки дар пайи ваъдаи сармояҳои бузургтари Русия ҳузури Эрон дар сохтмони ниругоҳи Сангтуда ба куҷо хоҳад кашид. Аммо ба назари бархе аз онҳо, Эрон дар ин ҷо ҳам дар ниҳоят пушти дар хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG