ТАНҚИДИ "ТОҶИКИСТОН" АЗ МАРОСИМҲОИ ТОҶИКӢ
Дар ҳоле, ки ихтилофи назар миёни сокинони Тоҷикистон дар масоили иҷрои қавонини динию мазҳабӣ ва баргузории ҷашну маросимҳои исломӣ вуҷуд дорад ва дар ин маврид нашрияҳои ин кишвар матолиби зиёдеро ба нашр расонидаанд, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар сармақолаи нашри тозаи худ унвонии «Тоҷикон магар турканд» дубора сари ин мавзӯъ баргаштааст. Муаллифи матлаб бо ёдрас кардани чанд мисоли мушаххас аз кишвари Арабистони Саудӣ иҷрои ин маросим ва расму оинҳои исломӣ аз сӯи сокинони Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст. Ба гуфтаи муаллифи мақола, мардуми мусалмони тоҷик адои расму оинҳо дар ҷашну маросимҳоро ба ҳадди ифрот расонидаанд, ки дар ҳеҷ гӯшаи дунё ба назар намерасад.
БАҲСИ МУДАВОМИ "НАҶОТ" ДОИР БА МАСҶИДРАВИИ ЗАНОН
Дар ҳамин ҳол нашрияи «Наҷот» андешаҳои Абдулҳайи Искандар, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ин масъала ба чоп расонидааст. Оқои Искандар гуфтааст: «Ман ҷонибдори онам, ки садди роҳи рафтани занон ба масҷид нагарданд, бигузор онҳо ба масҷид раванд, тоату ибодат кунанд. Охир чӣ бадӣ дорад, ба масҷид рафтани занон? Пеши раҳи он занононеро бояд гирифт, ки имрӯз аз тангии рӯзгор танфурӯшӣ мекунанд, бадахлоқанд ва доғи миллат гаштаанд.»
"АЗИЯ-ПЛЮС" АСРОРИ ҲИЗБҲОРО ФОШ МЕКУНАД
«Азия-Плюс» ин ҳафта ба ҳадафи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии кишвар мутаваҷҷеҳ шудааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳизби ҳокими Тоҷикистон Ҳизби халқӣ-демократӣ бовар дорад дар ин маърака на камтар аз 80 дарсади райъи интихобкунандагонро соҳиб гардад. Ин дар ҳолест, ки масъулони Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар гуфтаанд, бо пешниҳоди на камтар аз 15 номзад ба вакилӣ, ҳамчунин пешниҳоди номзадҳо ба вакили дар 50 дарсади ҳавзаҳои якмандатӣ аз ҳизб дар интихобот ширкат мекунанд. Ҳизбҳои демократ ва сотсиал-демократ, менависад рӯзнома, бовар доранд дар ҳайъати парлумони нави Тоҷикистон мутаносибан 8 ва 5 курсиро соҳиб шаванд. Аммо ба гуфтаи муаллифи матлаб, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мақсад дорад, бо иштироки 22 номзад ва Ҳизби сотсиалист аз 5 то 7 номзад дар муборизаҳои интихоботи ширкат намоянд.
НОРИЗОИЯТИИ "ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ" АЗ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ
Ва дар ҳоле шуруъи мубориза барои дарёфти курсиҳо дар парлумони нави Тоҷикистон миёни аҳзоби сиёсии ин кишвар наздик мешавад нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро як тасмими парлумон ё худ Думаи давлатии Русия нигарон кардааст. Муаллифи матлаби «Украина Тоҷикистон нест» нигоштааст, вакилони парлумони Русия равуои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои худро мақбул донистанд ва дар ҳамин ҳол Борис Гризлов, раиси палатаи поёнии Думаи давлатии ин кишвар гуфтааст, қадами дигар бо Украина иҷрои қонуни дутабааият хоҳад буд. Аммо бо сабабҳои номаълум, навиштааст рӯзнома, қонуни ин кишвар дар мавриди дутабааиятӣ бо Тоҷикистон мавриди амал қарор намегирад.

Чаббор Расулов вакте ба нохияхо мерафт хамрохаш як тармос чой ва нону консервахо мегирифт,Каххор Махкамов бошад аз зиефатхои дабдабадор худдори карда лагандбардорхоро итоб мекард ки ба гайр аз чои кабуд чизе ба ман ташкили накунед.Зиндагии хоксоронаи рохбарон саьодату маишати бечорагон аст.Зиндагии даврони чавонии мо хуб буд,аз они шумо чи?
Духтурхои роспотребнадзор омаданду рафтанд ягон натичаш нест? Малум мешавад, ки Точикистонанба холо хам коронавирус будааст. Дигар чои ягон капаш нест инба. Фикри фишори Путин Рахмонба хам дуруст аст. Дах сол шуд мехохад, ки Точикистона Евразесба дохил кунад лекин натонистост.
Хози мебинед ки аз хар дехоту чамоатхо маблаг барои эмкуни чам мекунан...барои точикистон ройгон барои ахолии тчк пул меистад
Дар Тоҷикистон бояд сайти мубориза бо фасод ташкил карда шавад, дар он масъалаҳои дузди аз буҷаи давлатӣ ташкил кардан лозим. Мисли фбк и навалний дар Русия.
О мембри никох карди давлатишам куни??? Аку барои сум шуда медавииии....