Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Носириё"-и Эрон дар Қӯрғонтеппа


Гурӯҳи «Носириё», яке аз се гурӯҳи аввали хонандагони эстрадӣ ё худ мусиқии попи Эрон дар шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи ҳунарӣ анҷом дод. Носири Абдуллоҳӣ, роҳбари гурӯҳи мазкур мегӯяд, қаблан дар Тоҷикистон барномаҳои ҳунарӣ надоштааст ва сафари гурӯҳи «Носириё» ба ин кишвар бо мусоидати сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирифтааст: "Яке аз хонандагони Эрон ҳастам ва ин тавфиқро пайдо кардам, ки дар ин мамлакати хунгарму меҳрабон яҳҷоя бо гуруҳи «Носириё» барнома ба иҷро расонам." Оқои Абдуллоҳӣ афзуд, гурӯҳи «Носириё» асосан ғазалу таронаҳои шоирони муосир ва пешини шаҳри Бандараббоси Эрон, классикони адабиёти форсу тоҷик ва офаридаҳои хонандагони гурӯҳро месарояд. Роҳбари гурӯҳи «Носириё» гуфт, агар барномаҳои хонандагони мо аз сӯи мардуми Тоҷикистон ба мисли имрӯз хуш истиқбол шавад, тасмими сафарҳои ҳунарии бештар ба ин кишвар ва манотиқи мухталифи онро хоҳем гирифт.

Аббоси Қурбонӣ, коршиноси фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон мегӯяд, ин сафари гурӯҳи ҳунарии «Носириё» ба Тоҷикистон ва аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа:.."дар ростои густариши ҳамаҷонибаи равобити ду кишвар - Эрону Тоҷикистон дар тамоми заминаҳои иқтисодӣ сиёсӣ ва фарҳангӣ ва ба муносибати бузургдошти 80-солагии таъсиси шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон амалӣ мешавад." Ба гуфтаи коршиноси сафорати Эрон дар Душанбе, намояндагии дипломатии ин кишвар бар асоси барномаи дарозмуддат тасмим дорад барои сафари рӯшанфикрону ҳунармандони эронӣ ба Тоҷикистон ва фарҳангиёну хонандагони тоҷик ба Эрон мусоидат кунад.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG