Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди Бунёди Оғохон барои ҳалли мушкили водии Рашт


Рашт

Дафтари Бунёди Оғохон дар водии Рашт тасмим гирифтааст, бо рӯи даст гирифтани як барнома дар эҳё ва рушди мурғпарварӣ дар навоҳии шарқи Тоҷикистон мусоидат намояд. Маҳмадалӣ Саидов - раиси дафтаи Бунёди Оғохон дар водии Рашт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, созмони мазкур бо ин ҳадаф дастгоҳи пурқудрати чӯҷабарорӣ ва ё инкубаторро дар яке аз маҳаллоти ноҳияи Рашт насб намудааст. Ба гуфтаи вай, корхонаи чӯҷабарорӣ пешрафта буда, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтанаш, имкон медиҳад, дар як моҳ дар минтақа то 50 ҳазор чӯҷа тавлид гардад. Соҳаи мурғпарварӣ дар ин минтақа, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона буд, фалаҷ шуд. Аз ҷумла корхонаи номдори мурғпарварии ноҳияи Файзобод, ки дар гузашта ҳамасола садҳо тонна гӯшту тухм истеҳсол менамуд, феълан қариб, ки аз фаъолият бозмондааст.

Аммо Маҳмадалӣ Саидов - раиси дафтари Бунёди Оғохон дар водии Рашт ба ин назар аст, ки бо шурӯъи фаъолияти корхонаи чӯҷабарорӣ имконот ва шароити хуб барои тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣ дар навоҳии водии Рашт фароҳам меояд. Оқои Саидов гуфт, бар асоси нақшаи Сандуқи Оғохон корхонаи чӯҷабарории навбунёд қарор аст аз соли 2005 мелодӣ шурӯъ ба фаъолият намояд: «Акнун бо роҳандозии корхонаи чӯҷабарорӣ дар водии Рашт ин имкон фароҳам меояд, ки мурғпарварони маҳаллӣ аз он чӯҷаи солиму бардам ба даст биёранд. Фикр менамоям, аз сӯи дигар барои рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ин ҷо шароитҳои лозим муҳайё мегардад. Иқтидори корхона танҳо дар як моҳ ҳудуди 50 ҳазор чӯҷаро ташкил медиҳад.»

Оқои Саидов ҳамчунин гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба фаъол будани нерӯгоҳи хурди барқӣ дар назди корхонаи чӯҷабарорӣ он метавонад, ба таври муназзам фаъолият намуда, зарфи як ду соли оянда мушкили камбуди тухм ва гӯшти мурғро дар саросари водии Рашт аз байн барад. Дар ҳамин ҳол масъулини Бунёди Оғохон дар ин водӣ мегӯянд, дар баробари мусоидат ба эҳёи мурғпарварӣ дар ин водӣ ҳамчунин қасд доранд, дар бозомӯзӣ ва тайёр кардани домпизишкони маҳаллӣ дар навоҳии шарқи Тоҷикистон саҳм бигиранд. Ба гуфтаи онҳо сар аз соли 2005 мелодӣ дар чаҳорчӯби ду барнома бозомӯзии касбии беш аз 50 нафар домпизишкони маҳаллӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG