Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони фурӯхташуда, парҳез аз артиш, сирри даруни халта


"АЗИЯ ПЛЮС" ҶӮЁИ САБАБҲОИ ПАРҲЕЗИ САРБОЗОН АЗ АРТИШ

Ҳафтаномаи «Азия Плюс» навиштааст агарчӣ аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои зиёд сипарӣ гашта бошад ҳам, вале ҷавонони кишвар то кунун даъватнома ба хизмати низомиро бо тарсу ҳарос интизор мешаванд. Муаллифи ин матлаб бо истинод ба як назарсанҷӣ навиштааст, ки 75 дарсади пурсидашудагон ба суоли «Барои чӣ ҷавонон аз хизмати низомӣ ҳазар доранд?» посух додаанд, ки дар артиши Тоҷикистон вазъи таъмин бо ғизо ва либос бад аст, ҳамчунин дар қисмҳои низомӣ қонуни «дедовшина», яъне ҳукму шиканҷаи сарбозони қаблан ба хизмат даъватшуда ба сари наваскарон роиҷ аст.

ВА "ТОҶИКИСТОН" ҶӮЁИ СИРРИ САРВАТМАНДИИ МАРЗБОНОН

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» зери матлабе, ки «Сарбозони фурӯхташуда» номгузорӣ шудааст, навиштааст: «Сарҳадбонони тоҷику рус марзро қулф зада, калидро ба дасти силоҳбадастони афғон додаанд.» Муаллифи матлаби мазкур хизмати марзбонони минтақаи Шӯроободро мавриди таҳлил қарор дода, менависад: "Кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро баъзе аз афсарони олирутбаи марзбон бо 50-60 сомонӣ маош чӣ гуна соҳиби мошину қасру боигарӣ шуданд? Шояд сирри ин муаммо дар халтаҳои дарпуштдоштаи афғонҳои марзшикан бошад, ки аз рӯи овозаҳо бо 50 доллар марзро убур мекунанд."

"ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ" ПОЙГОҲИ НИЗОМИРО ҲОМИИ ҲУКУМАТ МЕДОНАД

«Вечерний Душанбе» дар мавриди ифтитоҳи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон матлаберо интишор дода навиштааст, ки дар ин пойгоҳи низоми танҳо сарбозони рус хизмати низомиро ба ҷо хоҳанд овард. Ба қавли рӯзнома мавҷудияти пойгоҳи низомии Русия дар Осиёи Марказӣ мавқеи ин кишварро дар минтақа мустаҳкам намуда, ҳамчун заминае барои пойдор мондани низоми кунунунии давлатдории кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард.

"НЕРӮИ СУХАН": "СУДХӮРОНУ БИЗНЕСМЕНҲОИ НОПОК ДЕПУТАТ МЕШАВАНД.

«Нерӯи Сухан», сӯҳбат бо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро зери унвони «Одамони судхӯр ва бизнесменҳои нопок депутат мешаванд», ба нашр расонида ва дар мавриди тағийру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ ва омодагиҳо ба интихоботи парлумонии ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Дар матлаб омадааст: «Нафарони зиёди аз ҷиҳати интеллектуалӣ, зеҳни пешрафта дар соҳаи маориф кор мекунанд, муаллими мактаб ё донишгоҳи олӣ ҳастанд. Ё худ шахсони мансабдор ҳам агар одамони пок бошанд, порахӯр набошанд, пули бисёр надоранд. Аз ин рӯ бо ин амал ба 2 тоифа роҳ кушода истодаем: "Ба одамони судхӯр ва бизнесменҳои нопок ба шахсони мансабдори порахӯр, ё ба муаллимҳои нопок."

"НАҶОТ" КОНСТИТУТСИЯИ КОҒАЗИРО ХУШ НАДОРАД

Ва аммо ин ҳафта танҳо нашрияи «Наҷот» дар робита ба 10 -солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон матлаби вижаеро ба нашр расонидааст. Ба навиштаи муаллифи матлаби ҳафтанома «Дар Тоҷикистони соҳибихтиёру демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ қонунҳо боадолатанд, аммо танхо рӯи коғаз. Конститутсияи кишвар тамоми озодиҳову бартариятро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар карда ва ҳуқуқи ҳама баробар маънидод гашта, аммо рӯи коғаз на дар амал.»
XS
SM
MD
LG